Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:47

Э.Раҳмон: "Интихоботи 6 ноябр дар доираи Қонуни асосӣ мегузарад"

10 октябр 2013, 22:15

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 10 октябр, ҳангоми мулоқоташ бо фаъолону сокинони Хоруғ аз онҳо хост, барои баргузории як интихоботи озоду шаффоф саҳм бигузоранд.

Оқои Раҳмон, ки ҳоло барои чорумин бор номзадии худро дар интихоботи президентӣ гузоштааст, гуфт, “ман аз тамоми роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, фаъолони аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Бадахшон даъват менамоям, дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат карда, барои таъмини баргузории шаффофу озодонаи он ҳамаҷониба мусоидат намоянд.”

Вай дар идома изҳори боварӣ кард, интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ “дар доираи Қонуни асосӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар баргузор шуда, намунаи беҳтарини риояи одобу маданияти сиёсиву шаҳрвандӣ, амалисозии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон мегардад ва мардум роҳбари арзандаи худро бо майлу иродаи хеш озодона интихоб мекунанд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқоти худ интихоботи президентиро баҳонаи дигаре барои сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва тақвияти бештари нуфузу обрӯи мардуми тоҷик донист. Оқои Раҳмон то кунун дар се интихоботи президентӣ (1994, 1999 ва 2006) иштирок карда, ҳамеша бар рақибонаш пирӯз омадааст. Вай аз соли 1992 то 1994 дар мақоми раиси Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Аммо мухолифони Эмомалӣ Раҳмонро барои тақаллуб дар интихоботҳову эҷоди монеаҳои сунъӣ бар рақибонаш муттаҳам мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 10 октябр 2013 23:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
rohi fasodu rishvaro chi xel girift?-janobi oli hoji-mirzoro mufti monand inshoalloh hamaash nest meshavadu hama pul ba xazinai davlat meravad-davlat boi meshavad.zindagii xalk xub meshavad.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Эмомали Шарипович дар конуни чт омадааст як шахс наметавонад зиеда аз ду бор ба призденти интихоб гардад ва ин вайрон кардани ва нохурматии кониституция мебошад чаро шумо худ конунро вайрон мекунед впле аз халки оди шафофият талаб мекунед ???
Посух додан
  • Дехкон

  • 11 октябр 2013 10:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон хеч вакт дар муддати 20-сол интихоботхои шаффофу демократи гузаронида нашудааст. Агар ба шарте,ки интихоботи кунуни шаффофу демократи гузарад, хонум Ойнихол Бобоназарова бештари овозхоро сохиб мешавад. Хизбхои дигаре,ки номзадхояшонро ба макоми президенти пешбари кардаанд, хизбхои киссагии хукумати хисоб меёбанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дехкон,
Махз бо амин сабаб хукумат ба Бобоназарова Ойниол имкон надод, ки садди 5%-ро нагузарад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!