Бахшҳо
11 окт 2013 09:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷасади Неъматуллоҳ, муҳоҷири кушташудаи тоҷикро ба Ватан оварданд

Ҷасади Неъматуллоҳ Сулаймонов, муҳоҷири 36-солаи тоҷик, ки шоми 8-уми октябр аз сӯи афроди ношинос дар шаҳри Маскав кушта шуда буд, ба Тоҷикистон оварда шуд.

Пайвандони Сулаймонов дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфтанд, ҷасади ӯро соати 5:00-и субҳи 11-уми октябр тариқи хатсайри 628 Маскав-Душанбе ба Ватан оварданд. Ин муҳоҷири тоҷик шоми 8-уми окябри соли ҷорӣ дар назди даромадгоҳи манзили зисташ дар шаҳри Балашихаи Маскав аз тарафи як гуруҳи ношинос ба қатл расонида шудааст.

Пайвандонаш мегӯянд, ӯ баъд аз як занги телефонӣ ба берун баромада, баъд аз чанд лаҳза бо онҳо тамос мегираду аз захмӣ шуданаш хабар медиҳад. Вале аз сабаби ҷароҳати вазнин бардоштанаш ҷон ба саломат намебарад.

Неъматуллоҳ Сулаймонов, сокини деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷ буда, соли 1977 дар хонаводаи муаллим, Мулло Муҳаммадсулаймон, ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 10-и деҳаи Гармчашмаро соли 1994 хатм карда, баъд рӯ ба муҳоҷират меорад. Тӯли 18 сол мешавад, дар шаҳрҳои гуногуни Русия пайи ҷустуҷӯи нафақаи пайвандонаш ба сар мебурд.

Ҳар сол аз Русия ба Тоҷикистон беш аз ҳазор тобути муҳоҷирони тоҷик оварда мешавад. Ахиран нашрияи “Военное обозрение”-и Русия дар матлабе навишт, ки тоҷикон набояд аз ҳазор тобути муҳоҷирони худ ҳангома барпо кунанд. Дар ҳоле ки ба қавли муаллифи матлаб, аксари муҳоҷирон бар асари, ба гуфтаи ӯ, “марги табиӣ” мемиранд.
Мӯҳр
Халима
кай мо аз ин рузхо халос мешавем, агар инхо дар ватан чон диханд алами одами камтар мешавад аммо афсус ки барои ризку рузии пайвандонашон дар гарибихо чон медиханд

Noz
хамаи ин беадолатихо то ба кай?

Рахим
Рахмат ба хукумату ба сиёсати хирадмандона!!! ки 30 соли дигар боз моро гуломи русхо кард ва ана хамин хел тобутхо омадан мегиранд.

Ба дил сад достон мемирам охир,
Чу гул дар бўстон мемирам охир.

Зи макри душманон боке надорам,
Зи қасди дўстон мемирам охир.

Ман аз дасти замон ҳаргиз намирам,
Ки аз дасти занон мемирам охир.

Фалак бар дўши ман борест сангин,
Таҳи бори гарон мемирам охир.

Ҷаҳон бо дарди ман коре надорад,
Ман аз дарди ҷаҳон мемирам охир.

Агар дар шеър фарзанди замонам,
Ба лаб шеъри замон мемирам охир.

Ҷавонмаргӣ фақат марги ҷавон нест,
Ба сад пирӣ ҷавон мемирам охир!

Саид
Аник нест ки котилони ин чаон кистанд. Метарсам ки боз точики бадбахте набошад. Озодагон хохиш , посух дех.

Мардбача
Мухочирони мехнатие,ки барои ризку рузии оилаашон ва як бурда нон ба хоричи кишвар мераванд ва дар ончо ба халокат мерасанд,кахрамони миллат хастанд,на онхое,ки дар Точикистон худро кахрамон меноманд. Ва хукумат бояд ба нафароне,ки дар хоричи кишвар хамчун мухочири мехнати бо сабабхои гуногун фавтидаанд,нафакапулии якумра пардохт намоянд.

Мухочири сарсахт
Дар марги чавонони мухочири точик дасти кист, хамагон хуб медонем. Бояд чинояткорро аз байни худ чуем, на аз Русия бинолем.

Худо манзили охирататро обод гардонад ей чавонмарг
умеду орзуятро бо худат бурди Худо ба пайвандонат сабри чамил ато фармояд омин

Osi
Бовар кунед рузе не рузе охи дили хар як фарзанде ки падараш мухочираст и хукуматро мегирад, ман бад аз хондани хар як тобуте ки аз русия миёранд чанд руз ба худ омада наметавонад чун падари манам 20-сол мешавад, ки мухочир аст, хар сол мераваду то омаданаш тамоми зиндаги бароям бемаъни мегузарад. Модари бечораам хам накши падарро бози мекунаду хам модар охир то кай и азобхоро бояд кашем ман алакай хаста шудам. Умед доштам шояд Ойнихол Бобоназарова мегузараду вазият каме тагир меёбад лекин
афсус...

komron shirinov
Dar avval bo arzi salom va giromidosht ba tamomi mardumi Tojik va soniyan tasliyat arz mekunam ba tamomi mardumi n.Vanj ba khusus d.Rovand. Garchi man in barodarro az nazdik nadidaam vale sukhanhoi ziyode dar borai in javonmard shunidaam.Dar kul hamdrdii khudro ba vizha ba khonavodai Ne'matullo bayon mekunam biguzor in okharin gham dar in khonadon boshad.

iiiii
Албата ки аз сад навад фоизе ки кушта мешаванд аз дасти амин бадбахтони бо ном точик ин дунеро падруд мегуянд!!


https://www.facebook.com/photo.php?v=381953611934806

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)