Бахшҳо

(ВИДЕО) Бобоназарова: “Ба ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст”

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шомили онанд, то кунун 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намудааст. Дар ҳоле ки барои сабтиноми расмии номзад ба мақоми президентӣ дар Кумисюни марказии интихобот 210 ҳазор имзо зарур мебошад.

Ба ин тартиб, аз рӯи қонуни интихобот хонум Бобоназарова аз идомаи сабқат барои дарёфти курсии президентӣ маҳрум шуда, майдонро барои рақибонаш холӣ гузошт. То кунун Кумисюни марказии интихобот шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки дар миёнашон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ низ ҳаст.



Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аз рӯи таҳлилҳояш ва баромади номзадҳои дигар, ӯ яке аз рақибони аслии оқои Раҳмон дониста мешуд ва дар сурати сабтиномаш бозии асосӣ миёни ин ду нафар ҷараён мегирифт. “Аз рӯйи таҳлили ман, ҳамаи номзадҳои дигар бо ҳукумат дар як команда ҳастанд”,-афзуд ӯ.

Вай, ки рӯзи 11 октябр дар нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, “фикр мекардам, ҳатто ин миқдор имзоро намегирем. Рақиби ман як Раҳмон набуд, рақиби ман тамоми ҳукумат ва ниҳодҳо буданд.” Бобоназарова дар идома афзуд, “ба мо аз 8 ҳазор камтар овоз намерасад. Баъзеҳо ба назди мо меоянд, ки пештар имзо монда буданд. Онҳо мегӯянд, агар имзои худро бозпас нагиранд, бо мушкили зиёд рӯбарӯ мешаванд. Ман бар ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст. Медонистам, ки бисёр қонуншиканӣ мешавад, аммо то ба ин дараҷа фикр намекардам. Ин ҳама фишор ва вазъият бозгӯи ин аст, ки ҳукумат намехоҳад аз сари қудрат биравад.”

Номзади ягонаи ислоҳотхоҳон гуфт, рӯзҳои наздик ҷаласаи васеи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ даъват шуда, дар ин замина қарори худро қабул хоҳанд кард. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ номзадии Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷикро ба мақоми президентӣ пешниҳод карда, ба ҷамъоварии имзо шурӯъ намуд. Бар асоси қарори Кумисюни марказии интихобот бояд онҳо то ҳафтуми октябр 210 ҳазор имзоро ҷамъоварӣ карда, ба ин ниҳод месупориданд. Аммо баъдан, КМИР эълон кард, ки бо дархости Ҳизби демократу коммунист ва сотсиалист ин муҳлатро то 10 октябр тамдид кардааст. Бо ин ҳол, ислоҳотхоҳон мегӯянд, имзои ҷамъовардаашон кофӣ нест ва онҳо зарур намедонанд, ки рӯйхаташонро ба Кумисюни марказии интихобот пешниҳод кунанд.

Ойниҳол Бобоназарова дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи бойкоти интихобот гуфт, "инро ҷаласаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ муайян мекунад."
Мӯҳр
донишчу
майли хама писари амонулло хукумов кудаки ширхор чони чанд мусалмонро аз даст додааст.Ана ин хаст конунхои баровардаи хукумат . Дигар кучои ин хукуматдорхоро тахлил мекуни?

Хукуматдорон акнун як нафаси чукур мекашанд. Дигар мухолифин на дар интихобот ширкат мекунанду на аз конуншиканихои рафти он харф мезананд

Хаким
Охи хички намешносаш, чхел имзош бтиян? Акаллан чени аму "хушбурути" Гаффоров вазн медошт, имзо чамъ карда метавонист())))))))

Сорбон
Аз Чаноби Оли хохиш кунад, майлаш имзохои зиёдатии ХХДТ-ро медихад. Номзади ХХДТ хайрхоху мехрубон аст. Нахзатихо хамин кадар хунар доштед, чй вохима карда боз номзад пешбарй кардед? Аз аввал маълум буд, ки наметавонанд. Худи Кабирй дар 2 соат хамаги 10 имзо чамъ овардаст...

Апаи Ойнихол зик нашав, дар интихоботи дигар успет мекунй. Лекин аз холо имзохоро чамъ карда запас карда монед.

п
Кори хуб нашуд. Обруи хукумат бори дигар рехт. Аз ракобат метарсанд ин хукуматдорон. Мардум бояд ба ин гуна "интихобот" нараванд. Бойкот.

Хуршед
Хамин холаи Ойнихола чи мондаст ба хамин коро? Охир барои бефахмтарин одам маълум буд ва хаст, ки хохем нахохем, хехед нахохед, хоханд нахоханд хам Эмомали президент интихоб мешавад!!!
ЭЭЭхххх мардуми сода!!! Дар Точикистон хакикат мечуед?

Агар мо аз руи хакикат гап занем каме вичдон дошта бошем, пас ягона озоди халол ва дуруст чамъ карда и н овози Бобоназарова мебошад. Ба Бокимонда номзадхо, бубуахшед маро хатто хамсарошон овоз намедиханд ва онхоро каме намешиносад. Ба Худо касам, ва ин касамро метавонам дар рузи машхар чавоб дихам ба гайр аз овоз ба Рахмон, ки мачубри донишчуён имзо монданд, дигар ягон номзад то 10-20 хазор овоз худашон чамъ кардаги нестанд

Интихобкунанда
Айби калон дар худатон ас бо вучуди он, ки ба шумо фишор оварданд ё монеа эчод карданд агар шумо гурухои ташабускор медоштед ва вокеанхам кор мекарданд 210 хазор имзоро кайхо чам карда будед. Чанд тан аз ташаббускоронатон хадс мезаданд, ки вакт кам мондаст мо имзои зарури чам карда натавонистем чи дар кор дигар худамонро гам дихем агар хамон вакт акибнишини накарда кор мекарданд давоми серузи иловашуда шояд ба мара мерасиданд. Ташаббускоронатон хам тарсу буданд!!!

Чаноби Икс
Бале Бобоназарова рост мегуяд!
Хамон хушбуруту бебурути туро ки мешиносад??? Хеч кас!!! Интизор шуда ист хамон бебуруту хушбурути ту интихоботро "шаффоф" гуфта то соли 2020 сукутанд!! Ба баъзе чоплусхо гуфтаниам,ки акнун 7 соли дигар "ЧО" гуфта гардед!!! Тарчончакхо!!!

Муаллима табрик! Ҳамааш як тарафу "Шляпа" куҷо, шуд муаллима? Пиёлаи чой, утоқи барҳаво... Аз пода пеш чанг кардед-да, аммо то кахдон давидеду коро адо шуд ку.... Насиб номзадиро барои соли 2099 мегузоред.

Сафар
Як суханони худорахмати Аслиддин Сохибназар ба ёдам омад. Замоне дар интихоботи порлумон Саидкул Билолово оварда бо у ракиб карданд ва устод Билолов бар Сохибназар пируз шуд. Устод Аслиддин дар сухбат бо хабарнигорон гуфт, ки хукумат акалан мегузошт як ду нафар мисли ман намоянда мешуданд. Агарчи мо хеч кор карда наметавонем, аммо мардум каме рухбаланд мешуд ва бовар мекард, ки демократия ва озоди аст ракобати солим аст.
Ин чо хам хама медонистанд, ки Бобоназарова президент намешуд, аммо акалан мардум як бовариро ба ракобати солим пайдо мекард, ки обруи хукумат хам баланд мешуд.Вале афсус баъзан барои давлат ва хукумат хидмати хирсона мекунанд. Афсус!

XXXX
"Баъзеҳо ба назди мо меоянд, ки пештар имзо монда буданд. Онҳо мегӯянд, агар имзои худро бозпас нагиранд, бо мушкили зиёд рӯбарӯ мешаванд. Ман бар ин қарор омадам, ки ҳукумат тарсу будааст." Хонум Бобоназарова агар ин суханхоятон рост бошанд, пас чаро номи онхоро намегуед?

Керосинка
"Хушбурут" ягон имзо хам чамъ накардааст ва хатто аз кабинеташ берун нарафтааст. Ба вай имзохоро доданд. Фахмиди?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)