Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Нозирони ИДМ мегӯянд, дар ҷараёни интихобот хотирбинӣ намекунанд

11 октябр 2013, 12:17

Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мегӯянд, ба ҳеч ваҷҳ ба ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон дахолат нахоҳанд кард. Ин ҳайати 15-нафарӣ бо даъвати Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Душанбе омада ва шаҳодатномаи нозирии худро аз Кумисюни марказии интихобот дарёфт намудааст.

Владимир Горкун, муовини аввали дабири кулли Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ва узви ин гуруҳ рӯзи 11 октябр зимни нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ситоди онҳо ба сиёсати Тоҷикистон дахолат намекунад ва танҳо вазифаи хешро бар асоси қонун иҷро хоҳад кард: “Ба мо фарқ надорад, ки кори мо ба ягон нафар маъқул мешавад ё не. Қонуни интихобот ҳамин аст ва мо барои назорати он ҷалб шудаем.”

Оқои Горкун афзуд, ҳайати онҳо дар аввал раванди таблиғотии номзадҳо ба мақоми президентиро назорат карда, матолиби расонаҳо марбут ба интихоботро низ таҳлилу баррасӣ хоҳад намуд. Ӯ мегӯяд, инчунин ба гуруҳи кории онҳо дар рӯзи интихобот зиёда 150 нафар ҷалб карда хоҳанд шуд: “Ба ғайр аз нозироне, ки аз хориҷ омадаанд, дипломатҳои дар Тоҷикистон ҳузурдошта низ интихоботи ин кишварро назорат мекунанд.”

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Раванди ин интихоботро ҳудуди 700 нозири хориҷӣ назорат мекунанд. То кунун ҳайати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо низ вориди Тоҷикистон шуда, ба кори худ оғоз бахшидаанд. Онҳо низ гуфта буданд, ҳадафашон дахолат ба ҷараёни интихобот нест.

Бо ин ҳол, ҳайати 15-нафарии нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегӯянд, онҳо хулосаву бардоштҳояшонро аз интихобот танҳо 7 ноябр эълон хоҳанд кард. Дар интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон низ нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок карда, онҳоро бар хилофи нозирони САҲА демокративу шаффоф хонда буданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • в

  • 11 октябр 2013 12:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нест бовари ба ИДМ. Инхо дар хама чо диктаторхоро дастгири мекунанд. Садкаи номи назоратчи шаванд
Посух додан
  • Дилёб

  • 11 октябр 2013 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Минбаъд агар дар хар сари ахоли як нозири "демократ" аз хорича яъне 8 милион довар дар интихлбот хузур дошта бошад хам шахсан барои ман хамчун як шахрванди катори дигар ахамияте надорад. Тагдири интихоботро хоричихо (нозирон) нарасида хал карданд. Дигар дар ин интихобот хеч маъние намонда. Чунки Бобоназарова аз ин сабкат махрум гашт. Дигар он 6 номзад барои ман на номзадану на сиёсатмадор.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!