Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:34

Сӯҳроб Шарифов: "Писари Ҳукумов аст ё каси дигар, бояд ҷавоб гӯяд!"

11 октябр 2013, 14:26

Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар робита ба садамаи писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳан, ки се кушта бар ҷой гузоштааст, изҳори назар кард.

Ин садама шаби 9 октябр дар маркази Душанбе иттифоқ уфтода, мақомот дар оғоз аз Асрор Ҳукумов, ҷияни Амонулло Ҳукумов ва баъдан аз писари ӯ -- Расули Амонулло дар ин садама ном бурданд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳарчанд дар ин замина парванда боз шудааст, вале омилони садама ҳанӯз дар озодиянд.

Сӯҳроб Шарифов бо ишора ба 16-сола будани писари Ҳукумов мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳаст, ки барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар як аст. Ба гуфтаи ӯ, “чӣ мансабдор аст, чӣ камбағал, бояд қонунро риоя кунад. Он касе, ки қонунро риоя намекунад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва ҷазои худро бубинад. Чи писари мансабдор аст, чи шаҳрванди оддӣ.”

Сӯҳроб Шарифов: "Писари Ҳукумов аст ё каси дигар, бояд ҷавоб гӯяд!"Оқои Шарифов мегӯяд, дар ин гуна ҳолат қонун ба ягон кас ягон имтиёз надодааст ва намедиҳад. Ин вакили парлумон афзуд, “ҳоло ҷаъмияти мо дар давраи гузариш қарор дорад ва принсипи асосии қонун риоя намешаванд. Дар ин ҷода назари ҷамъият ҷиддитар бошад, то пеши роҳи нодаолатӣ гирифта шавад.” Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, “аз нигоҳи қонун агар Расули Амонулло дар як садама 3 нафарро ба ҳалокат расонда бошад, бояд алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба додгоҳ кашида шавад. Додгоҳ қарор кунад, ки бо ӯ чӣ хоҳад шуд.”

Аммо Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, “агар, воқеан, қонуни масъулияти волидон ба мансабдорони тоҷик дахл медошт ва дар назди қонун ҳама баробар мебуданд, писари ноболиғи Амонулло Ҳукумов соати 2:30 дақиқаи шаб дар кӯчаҳои пойтахт бо мошинсаворӣ машғул намешуд.” Мусоҳиби мо дар идома афзуд, “агар ин қонун барои ҳама аҳамияти якхела медошт, ноболиғи 16-сола сари чанбари мошин наменишаст ва бо арзиши 27 000 доллар соҳиби худрав намешуд. Ахиран аз амали ноболиғ се нафар кушта шудааст, аммо писари “чиновник” дар озодист. Дар маҷмуъ ин ҳолатҳои воқеӣ гувоҳи онанд, дар Тоҷикистон ҳамаи қонунҳо барои камбағалон қабул мешавад ва барои “чиновникҳо” қонун вуҷуд надорад.”

Садамаи маргбори писари Амонулло Ҳукумов дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор оварадаст. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Ин барои бори дувум аст, номи фарзандони Амонулло Ҳукумов дар сархати расонаҳо қарор мегиранд. Ду соли пеш писари ӯ Рустам Ҳукумов ба далели қочоқи маводи мухаддир дар Русия дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.


Сӯҳроб Шарифов: "Писари Ҳукумов аст ё каси дигар, бояд ҷавоб гӯяд!"

Сӯҳроб Шарифов: "Писари Ҳукумов аст ё каси дигар, бояд ҷавоб гӯяд!"


Сӯҳроб Шарифов: "Писари Ҳукумов аст ё каси дигар, бояд ҷавоб гӯяд!"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • р

  • 11 октябр 2013 14:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин буккачара хатман шиноидан лозим аст. Аз афташ маълум аст, одам намешавад.
Посух додан
  • Журналист

  • 11 октябр 2013 15:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир аз ягон хукукшинос назар гиред, конун барои ноболигон мучозот таъин кардааст чарима ё чинояти сангин бошад падарони онхо бояд ки адои чазо гиранд...ё ин мукараротро вакилони фурухташуда хам тагирот карданд...

чаро аз писари Эркин Раъматуллоев ки марди 51 соларо зада кушт дар махалаи Маяковский соли2012 ёдовар нашудед ва то хол дар озодист
Посух додан
  • Shams

  • 11 октябр 2013 15:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тибки конун оиди таълму тарбия натанхо Расул балки волидайни уро низ ба чавобгари кашид. Агар ин чумро ягон нафари дигар мекард бо тамоми авлодаш паси панчарро чои мегирифт. Ин аст хукумати худкома. Аввалан номи дигар кас дод. Холо аз мишмиши мардум тарсида хакикатро гуфта истодаанд. Оё фарзандони дигар мансабдорон харруз гунох намекунанд!
Мекунанд! Хатто дар мактабу донищкадахо маъмурият чашм мепушад.
Чомеаи мо дар хакикат ба ислохоти кулли ниёздорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеле аламовар аст. Писари ин гуна одам мебоист як намунае барои дигарон бошад, на ин ки баръакс! Вой бар холи ин гуна падару писар!!!!! Замона доим яксон намемонад. Холо дар сари вазифа истодан якумри нест, охир! Хамин ки ба замин афти баъд мефахми гап сари чи будаст. Ачоиб синнаш 16ху БМВ дорад? ИН пул албатта аз кисаи мардум, ё аз корхои гайр ба даст омадааст! Хайфи ингуна фарзанд доштану ин падар. Таълиму тарбия боз мегуем, нанг аст. ИН се нафар и фавтида гунохашон дар чи буд. Аз кучо медонанд, ки аз дасти як масти 16 сола ба марг мерасанд!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом ба хамаи ханандагони озодагон ина мебинем чи тавр дар назди конун чавоб меган бовари100%дорам ягон хор дъар пояш намехалад ин писари Мухидини Кабири Нес ё ягон писари камбагал ки дар кунчи зиндон чой кунан бояд аз руи конун падараш хам аз кор хам дар назди конун чавоб гуяд аксои писараша бинен тагшона бков чандин гунохи дига доран.Ана конуншикани дар тилвизор нишон тиян хама бовар мекунан ки хакикат будай холи ягон муло е ришдор мешид аз рузи садама то хозира дар тамоми телевизионхои точикикистон нишон медод нишон тиен.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин казия ба муддатхо партофта мешавад охиста охиста аз ёд меравад
Посух додан
  • Osi

  • 11 октябр 2013 16:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афти писари 16-солара бинан пул гуфта о токай бо пул мехури мегарди вакте чунин нафароне ки фарзандони худашонро тарбия карда наметавонанд чи гуна вазифахои баланд мегиранду шарм накарда ба мардум дар бораи тарбияи фарзанду дигар дигар суханхои тарбиявиро мегуян.
Кучои ин чавон ояндаи миллатаст? аксари вазифадорон фарзандонашон ба мисли хаминанд.
Посух додан
  • Фира

  • 11 октябр 2013 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин конхо хамаш барои халкои камбагалу дехконанд барои шахсони мансабдору пулдор конун нест чунки онхо конунро бо пул мехаранд ....хайфи судхои мо лаганбардоро
Посух додан
  • бандаи Худо.

  • 11 октябр 2013 16:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар назди муллое рафта дарси ахлоки одами мегирифт, худаш ва падару модараш хатман чазои сазовор мегирифтанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба мисли кинои хинди шуд: бою камбагал....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хеч гап намешавад парво накнед агар писари З Саид ё Кабири мебуд да телевизион бегох тамошо мекард хамаи Точикистон Бахористон ана инро бояд нишон дихад
Посух додан
  • Дилёб

  • 11 октябр 2013 16:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон шумо хаёл накунед, ки писари Хукумов агар хабс хам шавад, дар махбас ба у режими Ёкуб Салим, Мирзо Зиёев ва дигаронро раво мебинан. Авал ин ки ин бачча хабс намешавад. Баъдан агар ба кавле "бачашми халк хок пошида" уро хабс, хам кунанд барояш фосилаи миёни зиндону озоди як кадаме беш нахохад шуд. Бароятон аз Гиёте ёдовар мешавам: "То замоне, ки чамъият бар асоси беадолатист, конунхо низ химоятгари беадолатиянд".
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Амонулло аз ин дудкашихои писар бохабар бошанд? Имрузнюс хак будааст. Ин писархо вокеан дарди сари падаранд ва на танхо падар. Чунинхо дарди сари тамоми мардуми Точикистонанд.
Лекин ман аз номи давлат ва хукумати Точикистон ва аз номи суду прокуратура ваъда медихам, ки ба пойи Расулчон хор намехалад ва шояд падарашонро ягон чарима банданд
Посух додан
  • Алик

  • 11 октябр 2013 16:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Букачара баред кишту кор кунад как раз вакти кишту кор шудас
Посух додан
  • Боязид

  • 11 октябр 2013 17:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахористон ва дигар шабакахои телевизиони мархамат намоиш дихед ин буккачаро. Барномаи махсусе оиди ин бача омода созед, ки дигар наврасон дида, ибрат гиранд. Аммо наметавонед, МЕТАРСЕД, зеро Хукумов каппаатонро месузонад!
Худо накарда агар писари кадом нахзати ё шахрванди оддии камбагал мешуд, якум шуда шабакаи аввал, баъдан тв бахористон ва сафинаю чахоннамо онро такрор ба такрор намоиш медоданд.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!