Бахшҳо
11 окт 2013 17:52Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Кабирӣ: “Ба интихоботи 2015 омодагӣ мебинем” (Қисми 3)

Қисмати севум ва ниҳоии ҷавоби Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба суоли хонандагони “Озодагон”.

ҚИСМАТИ АВВАЛ
ҚИСМАТИ ДУВУМ


Хуршед: Ассалому алейкум устод. Таи чад сол аст як суолро мехоҳам фаҳмам, ана аёкун фурсаташ расид. Барои чй Шумо риш намегузоред? Ин суннатй паёямбар аст ку ва барои тарошиданаш ҳам ваъидҳои сахте омадааст. Баъзе уламо ҳатто тарошиданашро ҳаром ҳам гуфтаанд. Шумо ки пешвои як ҳизби исломй ҳастед, ба фикрам бояд ба дигарон намунаи ибрат бошед. Маъзарат мехоҳам барои саволам. Саломат бошед!

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари гиромӣ, барои гуфтани сухани ҳақ аз касе маъзарат нахоҳед. Шумо масъулияти имонии худро анҷом додаед ва дин худаш насиҳат аст. Ҳоло дар бораи паҳлуҳои шаръии масъала баҳс нахоҳем кард, чун вақти зиёдеро мегирад ва дар кул бо шумо мувофиқам. Аммо, роҳбарии моро бародарону хоҳарон бо ҳамин шакл аз аввал қабул кардаанд ва иншоаллоҳ , ки шумо ҳам авлавиятҳои ҷомеъаи исломиро хуб дарк мекунед. Дуогӯ бошед.

Самад: Мӯҳтарам Кабирӣ аз сӯҳбати Зоиров маълум мешавад, ки яке аз "сабабҳо" - и ӯро дастгирӣ накардани ҲНИТ ин гӯё агенти Ӯзбекистон будани ӯст. Шумо дар ҳақиқатан чунин мешуморед? Агар на, чаро ин баҳонаро пеш овардед? Агар ҳа, далел биёваред!

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари гиромӣ, болотар гуфтем, ки ин як туҳматест нисбати Зойиров ва касе ҳам инро ҳамчун далел нагуфтааст. Агар ҷое аз мо шунида бошед, марҳамат далел биоваред, агар надоред, хоҳиш мекунам дигар ин масъаларо набароред , чун муносиби он кас нест ин ҳарфҳо. Инсонҳои ғаразнок қариб ҳамаи шахсиятҳои маъруфи дигарандешро агенти ин ё он кишвар эълон мекунанд, Зойировро аз Узбекистон, Бобоназароваро аз Ғарб, моро аз кишварҳои араби ва ғайра. Баҳс кардан атрофи ин масъалаҳо ба осиёби онҳо об рехтан аст. Муваффақ бошед.

Масчо аз Хоҷаи АЪЛО: Дар ҷаласаҳои гурӯҳи ҳамоҳангсоз Муҳиддин Кабирӣ пурра ширкат надошт. Дар қабули консепсия низ набуд. Гап дар он аст, ки вақте масъалаи номзади ягонаро муҳокима мекардем, Муҳиддин Кабирӣ дар меҳварӣ асосии ин масъала қарор гирифт........ Муҳтарам Кабирӣ аз тарс аз канор назора кардед, ки ку бинам ранги Зайд мекунанд ё не! Дидед,ки ҳамаҷо хомуши ба оши тайёр омада ҳамроҳ шудед! Ман бовари дорам Шумо бо суханҳои умумӣ аз ҷавоб додан мегурезед, лекин ҳаминро донед, ки тиннати Шумо маълум шуд! Шумо шахси дарундори тарсу ҳастед, ки тарсидед, мардум аз НОТАРСИ ва интеллекти дар ҳақиқат волои ЗОИРОВ огаҳ мешаваду,миф дар бораи Шумо ба ЦИФР баробар мешавад! Бовар кунед он обрӯе,ки раиси ҲНИТ дорад ин ягон зарра хизмати Шумо нест! Баръакс шумо аз ин истифода карда мисли турист дар сайри дунёеду парвои мардум надоред! Ман ҳатто боре нашунидаам,ки шумо дар бораи ҚОНУНИ зиддимардумие дар СМИ баромад карда норозигии хешро баён карда бошед! Шумо лухтакӣ дасти ҳукуматед. ЗОИРОВ: Ҳатто ба Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кардам, ки агар матонату ҷасорат дошта бошӣ, номзадиатро пешниҳод кун, мо ҳамаамон шахси боэътимоди ту шуда ширкат мекунем. Ман омодаам, ки то охираш равам. Ягона талаб аз Кабирӣ ин буд, ки то охир истодагарӣ намояд. Вай рад кард....Метарсед,ки мисли Зайд мекунанд? Пас тарсед Шумо дигар ҳуқуқи маънаии раиси ҲНИТ шуданро надоред! Шумо ҳатто барои муҳофизати ҳуқуқҳои аъзоёни хеш овоз баланд намекунед! Хоҳиш мекунам бо факту далел,на бо суханхои УМУМИ ба ин суханони муҳтарам Зоиров ҷавоб диҳед!

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳатман, дӯсти азизам аз Хоҷаи Аъло, хеле мушаххас ва мухтасар ба саволу эродҳоятон ҷавоб мегӯям. 1) Дар бораи баёноти дӯстам Раҳматулло инҷо чизе намегӯям, танҳо дар ҳузури худашон. Агентии " Озодагон" қаблан дар ин мавзӯъ мусоҳаба хоҳиш кард, гуфтам ки танҳо бо ширкати Зойиров. Намехоҳам ӯ бо як расона танҳо суҳбат кунад, ман бо расонаи дигар. Вақту ҷойи мусоҳабаи муштарак таъйин шуд, вале бо сабабҳои узрнок Раҳматулло натавонистанд ширкат кунанд. Бинобар ин, ҳарфҳои ишонро ҳоло шарҳ доданд намехоҳам, бо иҷозати Шумо.

2. На танҳо дар баррасии концепция ширкат кардаам, балки лоиҳаи онро шахсан омода намудам ва барои таҳриру илова барои дигар аъзо фиристодам ва агар лозим донед, нусхаи лоиҳаи аввалро бароятон мефиристам, то худ муқоиса ва қазоват кунед.

3. Сатҳи дониш, интеллект, ҷасорат ва сифатҳои дигари инсонии Раҳматуллоро ҳамагон медонанд ва вақте, ки инро эътироф ва эҳтиром мекунем, рақобат чӣ маъни дорад?

4. Матбуотро Бори дигар варақ занед ва мухолафати моро ба қонунҳои мавриди назаратон пайдо хоҳед кард. Агар аз он бештар натавонистем, узри моро бипазиред.

5. Воқеан, Зойиров пешниҳод кард, ки агар номзад шавед, мо ҳамроҳат ҳастем, вале дар дохили гурӯҳи кории ИНИТ баҳс кардем ки чаро мо ҳарду дар ин марҳала номзад нашавем беҳтар аст. Ва таъфавуд кардем, ки ҷузъиётро берун намекашонем. Агар аз ҷое берун рафт, ҳади ақал аз мо наравад. Худованд аз ҷасорату мардонагии Шумо ҳам ба мо насиб кунад, бародари гироми!

Носир: Окои Кабирӣ Шумо ба гуфтаҳои Додоҷон Атовуллоев, ки дар ҳафтаномаи нигоҳ дар торихи 11 сентиябр зидди Шумо чоп шуд чӣ гуфтанӣ ҳастед? Шояд ин гуфтаҳои Атовуллоев ба аъзоёни ҳизбатон ва тарафдорони Шумо таъсири манфи расонад. Хуб мешуд ки муфасалтар дар ин бора ҷавоб мегуфтед то ин ки нофаҳмиҳо аз зиҳну дили аъзоҳоятон ва тарафдорҳоятон дӯр мешуд. Бо эҳтиром Носир.

Муҳиддин Кабирӣ: Болотар гуфтам, дӯсти азиз. Ҳамоне, ки ин гуфтаҳо ва гуфтаҳои дигар дӯстонро байни масъулин пахш карданд, шояд алакай фаҳмида бошанд, ки аз рӯйи эҳсосот ноогоҳона ба касе ё гурӯҳе хидмат карданд. Ҳоло, ки ҳамагон баргаштанд атрофи номзади ягона ва кумак карда истодаанд, зарурате барои идомаи баҳс тариқи матбуот намемонад. Вале, ҳангоми суҳбатҳои рӯ ба рӯ ҳатман ин масоилро суҳбат хоҳем кард, агар чунин фурсат шавад.

Абдулатиф: Салом ҷаноби Кабирӣ рости гап аз Шумо ин хел умед надоштам! Чандин бор наҳзатиҳо мавриди лату кӯб қарор гирифтанд қурбон ҳам гаштанд зиндонӣ ҳам шуданд Шумо бошед САБР мекунеду халос. Ба Шумо як маслиҳати бародарона ба истъфо равед илтимос! Муҳамадали Ҳайит марди ҷасуру нотарс ва ошкорбаён аст ӯ метавонад ба осони идора кунад. Ман ҳамҷун аъзои ҳизб аз сухтани дил аз Шумо илтиҷо дорам ҲНИТ ин орзӯю ормони ҳазрон-ҳазор сокини кишвари азизамон аст!!! Меня не пугают никакие действия, куда страшнее бездействие. (Уинстон Черчилль). Ин суханонро бамаънро ба инобат гиред!

Муҳиддин Кабирӣ: Бародарам Абдулатиф, ташаккур барои ин машварат ва ҳатман ба назар хоҳам гирифт. Болотар гуфтам, ки ҳар замон шахсиятҳои худро дорад. Як замон инсонҳои сабур лозиманд, замони дигар инсонҳое, ки зуд тасмим мегиранд. Ҳамон Черчилл, ки мисолашро овардед, замони ҷанг Британияро ба пирӯзи овард ва қаҳрамон буд. Вале, дар аввалин интихоботӣ баъди ҷанг англисҳо ӯро интихоб накарданд, ба далели он, ки ӯ роҳбарӣ замони бӯҳрон аст, на замони оромиву субот. Барои ҳамин Британия рушд кард, вале ин маънои онро надорад, ки Черчилл роҳбари бад буд. Ӯ роҳбари замони хос буд. То имрӯз сабри мо натичӯҷа дод ва суботу оромии кишвар таъмин буд, агарчи аз ҳисоби Наҳзат, шояд дар оянда ин шеваи роҳбари натиҷа надиҳад. Ҳамон тавре, ки барои намозгузор шинохти вақт фарз аст, барои сиёсатмадор, ба хусус, роҳбар даҳчанд фарз аст, ки вақти омадану рафтанашро бишносад. Он чизе, маро дар бораи ояндаи наҳзат дилпур месозад, Шумо аъзоёни огоҳ мебошед, ки дар шинохти шеваҳои роҳбари ва вақти муносиб аз сиёсатмадоронӣ варзида ками надоред. Кош зама аъзоёни мо мисли шумо мебуданд. Сарбаланд бошед.

Муҳоҷир: Мехостам бипурсам, ки аз назари эшон фарқи байни ҲНИТ аз Ихвонулмуслимини Миср чигуна аст? Зеро чунон ба назар мерасад, ки вазъу ҳолату мақсад ҳарду ҳизб хеле шабоҳат дорад.

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти Муҳоҷир, байни ҲНИТ ва Иҳвонулмуслмин фарқият ва умумиятҳое вуҷуд дорад. Ҳарду неруйи сиёсии мабни бар арзишҳои исломи мебошанд. Агар шумо дар олами ислом ҳизберо наздиктар ба сохтор ва дидгоҳҳои мо суроғ кардани бошед, боз ҳам ҲНИТ - и Тунис мебошад. На танҳо ном, ин тасодуф аст, балки сиёсатҳо ва мавқеъҳо ҳам хеле шабоҳат доранд.Шояд инҷо бештар вазъияти мушобеҳи ду кишвар ин вазъиятро ба вуҷуд овардааст. Ҳатто, дунявиҳои мо ҳам хеле шабоҳат доранд ва рафтори ҳукуматҳо ҳам монанд буд. Мо бо диққат таҷрибаи ҳама ҳизбу ҳаракатҳоро меомӯзем ва талош мекунем, ки дастовардҳояшонро истифода барем ва камбудиҳои онҳо такрор нашавад.

Абдурахмон: Устоди гироми салом! Ман аз баъзе саволҳое, ки ба Шумо устоди муҳтарам нигоҳ кардам, чунин ба натиҷа расидам, ки аксари касоне, ки савол додаанд ҳамон касонеанд, ки онҳоро фабрикаи ҷавоб мегӯянд ва инҳо агар ҳарчи мешуд хоҳ Шумо ва хоҳ Зоиров ва ё каси дигаре ғайр аз Бобоназарова ҳам пешниҳод мешуд ҳамин гуна бархӯрд ва саволҳо мекарданд. Масалан як нафар чандин бор ки Самад ном дорад савол додааст. 2) Дуввум ин, ки аз сатҳи фаҳмиши саволдиҳандагон маълум аст, ки аз сиёсат хеле дуранд ва онҳо танҳо дар фикри зану фарзанд ва шояд зану фарзанд ҳам не фақат дар фикри худашон бошанд. Шумо устоди муҳтарам бигӯед, ки вақте Шумо як ҳизби опозитсионии но ҳам исломиро раҳбари мекунед, чӣ қадар мушкил аст, тасмимгири? 3.) Шумо бо ин кори худ ки номзадиаторно пешниҳод накардед, як зарбаи сангин ба рӯи душманони миллат ва касоне, ки ҳадафҳои нопок доштанд ва баъд аз интихобот ки натиҷааш маълум аст, мехостанд боз мардумро ба майдонҳо кашанд ва чандин нафар ҷавони тоҷикро ба куштан диҳанд, кубинед. Бовар кунед яку якбора чунон ошуфта шуданд, ки гуё барои ноором кардани вазъи кишвар ҳатто моҳҳову солҳо нақша мекашиданд ва ҳамин интихоботро фурсат ёфтанд. Устоди азиз бигӯед, ки дар интихоботӣ парлумонии соли 2015 ширкат мекунед ё не? 4.) Чаро бештар касоне, ки ба муқобилӣ номзадии Ойниҳол ба Шумо савол медиҳанд номи худро пинҳон мекунанд? Чаро онҳо метарсанд дар ҳоле, ки агар номашонро ошкор ҳам гӯянд, касе онҳоро на ба суд мекашаду на ҳабс мекунад, зеро Ойниҳол номзади мухолифи номзади ҳизби ҳокимаст ку? 5) Устоди азиз! Чаро Шумо як бор бо Саидмукаррами Абдуқодирзода якҷо наменишинед ва баъзе нофаҳмиҳое, ки байни уламои кишвар ҳаст-ро баҳс намекунед? Охир мо ҳама мусалмонем ва чаро моро дигарон бозӣ медоронанд ва бар зидди мо мусалмонҳо нақша мекашанд ва он нақшаҳояшонро бо дасти баъзе аз уламои худи мо амали мекунанд. Агар онҳо пеши шумо намеоянд, оё шумо дар фикри ин нестед, ки як бор бо ҳам нишинед? 6) Ба назари шумо чаро президент Эмомали Раҳмон як бор бо касоне ки опозтсияашон мегӯянд сари миз намешинад ва оё шумо ягон бор кушиш кардаед ки ҳамроҳи дигар фаълони чомъаи шаҳрванди бо президент рӯ ба рӯ шишта мушкилотро гӯед, пеш аз ин, ки ин мушкилот бузуртар шаванд ва ба фоҷиа табдил шаванд?
Дар охир устоди азиз ба шумо Барору тавфиқро аз Худованд мехоҳам! Худо шуморо барои миллати мусалмони мо ҳифз кунад ва ба касоне, ки ахлоқи савол додан ва баҳс карданро надоранд, Худованд ахлоқи хубашон диҳад ва хидояташон кунад!

Муҳиддин Кабирӣ: 1. Бародари гироми, иҷозат диҳед бо Шумо рози нашавам. Касоне, ки алайҳи ман барошуфтаанд, ҳамаашон аз "фабрикаи ҷавоб " нестанд, инҳо аксарашон миллатдӯсту ислоҳотхоҳ мебошанд. Ҳамин сӯзи дил боис гаштааст, ки ошуфта шаванд. Онҳо, ин интихоботро фурсати ягона барои ислоҳот медонанд ва умед доштанд, ки ё ман ё Зойиров номзад мешавем ва фикр мекунанд, ки танҳо бо ҳамин роҳ метавонистем муборизаи ҷиддиро роҳандози намоем. Шояд дониши сиёси чуқур набошад, вале набояд ба ғаразноки ин дӯстонро муттаҳам кард. Онҳо танҳо нороҳатанд. Мутмаин бошед, агар Раҳматулло ё ман ҳам номзад мебудем, ҳаҷми норозиги камтар намешуд. Фақат ин дӯстон неву дигарон менавиштанд.
Албатта, барои роҳбари як ҳизби исломи тасмим гирифтан душвортар аст, дар муқоиса ба дигарон. Мо бояд тасмиме бигирем, ки аввалан ризои Худованд дар он бошад, баъдан қонун, ҳам кишрҳои дини ва ҳам дунявӣ. Ба гуфти шоир:
Дар миёни чор даре тахтабандам кардаи,
Боз мегӯйи, ки доман тар макун, хушёр бош.

2) Вале, ҳадафи мо рози кардани ҳама нест, ин имкон надорад. Манфиати аксари мардум дар тасмимҳои мо ҷо дошта бошад, кофист.

3.) Мо барои интихоботӣ 2015 омодаги мебинем, вале тасмими ниҳои вобаста ба шароит гирифта мешавад. Вале, дӯсти азизам, худдори кардан аз номзади ба хотири зарба задан ба мақсадҳои касе набуд, фикр кардам ки шояд барои миллат нарафтани ман беҳтар бошад. Худованд доност, иншоаллоҳ , ки даруст тасмим гирифта бошем. Болотар гуфтам, ки ошуфтагии бисёре аз дӯстон нишонаи хастаги аз якрангиву карахти мебошад ва мардум тарафдори тағйироти мусбат дар ҷомеъа мебошанд.

4) Мушкил надорад дӯсти гироми, нанавиштани номи асли имкон медиҳад, ки ин дӯстон ҳама дарду аламашонро берун бирезанд, ҳатто дағал ҳам бошад. Ин аз тарс нест, шояд аз шарм бошад. Чун рӯбарӯ чунин сахт гуфтан наметавон.

5.) Пешниҳоди хуб кардед, маълум ки дилатон месӯзад. Мо ягон мушкили надорем ва дари мо ҳамеша боз аст. Омодаи рафтан ва мулоқот дар ҳама ҷо ҳам ҳастам. Мо аслан бо ҷаноби Абдулқодирзода ва дигар уламо ягон мушкили надорем. Агар аҳамият дода бошед, ягон маротиба ба ҳарфҳояшон нисбати Наҳзат ҷавоб нагуфтаем ва аз интиқод пархез мекунем. Шояд онҳо узре доранд ва маҷбуранд чунин бигӯянд, мо узре нахоҳем дошт, агар мисли онҳо рафтор кунем. Шояд пешниҳоди шуморо ба зуди амали кунем.

6) Инро бояд аз худи Президент пурсид, ки чаро бо оппозицияаш мулоқот намекунад. Ду сол қабл масоили муҳиме пеш омада буд ва расман ҳамчун вакил ва раиси ҳизб дархости мулоқотро карда будам, шояд фурсат надоштанд он вақт. Чунин мулоқотҳо дар ҳамаи кишварҳо ҳаст ва бояд бошад. Вале, зиёд дархост кардану пофишори кардан шояд муносиб набошад.
Ба шумо ҳам ташаккур барои саволҳо ва дуогӯ бошед

Анвар: Салом устоди азиз, аввалан мехостам ба саволдиҳандагон муроҷиат намоям, ки вақте суол дода мешавад, бояд ба як нуқта ишора карда шавад. Аввалан устод роҳбари як ҳизбе мебошад, ки зиёода аз 40 000 аъзо ва садҳоҳазор тарафдор дорад мебошад. Устод пеш аз он ки пешниҳоде мекунад ё тасмиме мегирад бояд ба он хотир бошад, ки зарар ё зиёоне болои азоёон ва тарафдоронаш нарасад. Мутаасифона аз саволҳои пешниҳод шуда бармёояд, ки саволдиҳандагон танҳо фикри якнафаро мекунанд. Фикр мекардам ба устод саволҳое пешниҳод мешавад, ки баманфиати мардуми кишвараст. Шахсан барои ман шунидани ҷавобҳо зарурате надорад чунки аз саволҳои пешниҳод шуда бормеояд ягон саволдиҳанда дар фикри дину миллат нест.

Муҳиддин Кабирӣ: Бародар Анвар, мо бояд нисбати ҳама андешаҳо эҳтиром дошта бошем ва тавони шунидани танқиду эродҳоро ҳам. Дурӯст, ки баъзе дӯстон зиёдаравӣ карданд дар истифодаи калимаҳо ва танқидҳо. Вале онҳоро ҳам фаҳмидан даркор.Сабаби чунин ошуфтагиро болотар гуфтам.

Бобоҷон: Салом ҷаноби Кабирӣ, саволҳои ман чунин аст: 1) Чаро Шумо номзадии худро дар интихобот намондед? 2). Барои чи номзадии занро пешниҳод кардед? 3) Агар Раҳматулло З. номзадии О.Бобоназароваро дастгири накунад Шумо чи назар доред ба ин? 4) Фишор дар болои ҲНИТ бисёр шудааст шумо чи ҷавоб медиҳед ба ҳамаи ин? 5) Агар ҳукумат талаб кунад ки номи ИСЛОМ-ро аз oизбатон гиред гӯяд Шумо чи ҷавоб мегӯед. 6) Барои чи аъзоёни ҲНИТ аз ҳизб мебарояанд? ё ин ки ҳатто дафтарҷаи ҳизби надоранд? 7) Барои чи аъзоени дигар ҳизбро ба ҳизби худ номнавис кардетон ки худи вай шахс хабар надорад? 8)Чӣ сабаб шуд ки Шумо устод Тураҷонзодаро пешниҳод накардед ба мансаби президенти? 9) Оё бовари доред ки О.Бобоназарова муқобили ҳукумат рақобат карда метавонад? 10. Оё дигар номзаде набуд ки Шумо ин занро ба сиесат ворид? 11) ХУД МЕДОНЕД КИ ИН ЗАН ҲЕҶГОХ БА МАНСАБИ РОҲБАРИ КУНАНДА КОР КАРДАГИ НЕСТ ВА БОВАРИ ДОРАМ КИ СИЁСАТРО Фарқ намекунад?

Муҳиддин Кабирӣ:
1. Дустам Бобоҷон, болотар сабаби номзад нашуданамро гуфтам.

2. Зеро, зан ҳам шаҳрванд мебошад ва ҳуқуқи баробар дорад. Ойниҳол Бобоназарова шахсият мебошанд ва ИНИТ уро ҳамчун инсони арзанда пешниҳод кард, на фақат ҳамчун зан.

3. Раҳматулло дар ҷаласаи гӯруҳи кори пешниҳод шудани Бобоназароваро ҷонибдорӣ карда буд ва баъдан ҳам борҳо эълон кард. Ҳоло ҳам дар паҳлуйи у истодааст.

4. Фишор барои мо чизӣ нав нест ва ба ин ҳолат дар асоси қонун ҷавоб хоҳем гуфт. Алакай шикоятҳо ба судҳои маъмули ва Суди конститутсиони фиристода шуд.

5. Ин салоҳияти ҳукумат ё каси дигар нест. Ин салоҳияти аъзои ҳизб аст, ки номи муносибро барои ҳизб интихоб мекунанд. Онҳое, ки чунин даъво доранд, қонунро дурӯст намедонанд ё нодида мегиранд.

6. Агар ин фишорҳо болои ҳар ҳизби дигар мебуд, алакай аз фаъолият боз монда буд. Бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо ҳам, тавозуни омадан ба ҳизб ва рафтан аз он мусбат мебошад ва шумораи аъзоёни нав аз рафтагон бештар аст. Онҳое, ки зоҳиран мераванд, боз ҳам дар қалбашон узви ҳизб боқи мемонанд, агар роҳро қалбан интихоб карда буданд. Аксари аъзо корти узвият доранд. Доштани корт иҷозат ҳаст, ҳатми нест.

7. Инро бори аввал мешунавам. Чун, барои узви ҳизби мо шудан аризаи шахси ва тавсияи ду аъзои ҳизб лозим мебошад. Имкон надорад, ки касеро бе аризааш номнавис карда бошанд. Ҳодисаҳои баръакс буд. Аъзои мо муроҷиат карданд, ки онҳоро аз ҷойи корашон нопурсида ба дигар ҳизбҳо номнавис кардаанд ва онҳо дертар хабар шудаанд. Ҳатто чанд муддат аз маоши вакилии ман ҳам ба таври автомати барои ҳизби халқи- демократи аъзоҳаки гирифтанд. Ин сир замоне ошкор шуд, ки чанд сомон маоши ман бештар нишон дода шуд дар ведомости буғалтери, дар муқоиса бо ҳамкорон. Ва вақте сабаб пурсидам, гуфтанд ки маоши ҳама як аст, фақат аз шумо дигар аъзоҳақи намегирем. Агар шумо ҳолатеро барои исботи гуфтаатон дошта бошед, хеле мамнун мешудем, ки онро ба мо бигӯед, то ислоҳ намоем.

8. Ҳамон сабабҳое, ки барои ману дигарон вуҷуд дошт.

9. Ҳатман, агар сабти ном кунанд ва хоҳед дид, рақиби қавие мешаванд.

10. Ҷавоб гуфтам.

11. Дар замони Шӯравӣ декани факултаи ҳуқуқи донишгоҳ будан аз баъзе вазири имрӯза қудрату тавонмандии бештарро талаб мекард. Биёед ба ӯ шанс бидиҳем, баъд мебинед, ки чигуна роҳбари хоҳанд кард. Саломат бошед.

Амриддини Мадми: Салом! Устод Кабирӣ чӣ мешуд,ки калимаи ИСЛОМРО аз ҳизбатон мегирифтед?

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти гироми, замоне худам ба ҳамин фикр рози будам, ҳоло не. Агар масъаларо ба таври табии мемонданд, шояд худамон ба ягон хулоса меомадем, ҳоло онро тобиши сиёси доданд ва аз берун мехоҳанд таҳмил кунанд ва он ҳам бо далелҳои ғайримантиқи ва ғайри конституциони. Баъди ин ҳама сару садо ҳифзи ном воҷиб гашт.

Насим: Чаро мардуми сода ранг ҳастанд?? Чаро мардуми мо як Хел фикр намекунанд? Чаро мардуми мо мехоҳанд ба аврупоиҳо монанд бошанду, ба мусалмон не????

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯстам Насим, ошкор мегӯям, ки саволҳои Шумо бароям душворӣ кард. Аз ҷавоби ғалат додан, ҷавоб надиҳам беҳтар аст. Узр.

Донишҷуй аз Русия: Салом устод Кабирӣ. Суханро зиёд намекунам ва чанд суоле ки дорам, мехоҳам ба онҳо ҷавоб гирам. 1)Вазъияти иқтисодии кишварро чӣ гуна арзёби мекунед ва дар ҳолати дастболо шудани намояндаи мухолифин дар интихобот чӣ пешниходҳое барои эшон мекунад, баҳри баланд бардоштани вазъии иқтисодии кишвар? 2) Дар яке аз мусоҳибаҳояш Д.А роҳбарои гурўҳи ба ном мухолифи "Ватандор" Шуморо ба гунаххое зиёде айбдор намуд ва хатто гуфт, ки Ойниҳол Бобоназарова номзади Кабирӣаст на номзади ИНИТ ва ХНИТу ХСДТ. Шумо чи гуфтани доред? 3) Дар холати бурди номзади ИНИТ чи имтиёзхои барои мо љавонони сохибмаълумот ки алъон дар хорич хизмати дигар давлатхоро мекунем, интизор аст ??? Худованд мададгоратон.

Муҳиддин Кабирӣ: 1. Вазъияти иқтисодиро буҳрони ва нигаронкунанда баҳо медиҳам ва дидгоҳҳои иқтисодии мо дар концепцияи ИНИТ нишон дода шудааст, ки асоси барномаи номзади мо хоҳад буд. Муҳимтарин нуқтаи он дар масъалаи иқтисоди, ин бознигарии сиёсати андозбандии кишвар бо додани сабукиҳои бештар ба истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон ва эҷоди фазо барои рақобати солим дар бозор мебошад.

2. Дар ин бора гуфтам, узр.

3. Ошкор мегӯям, ки тарафдори додани имтиёз ба гӯруҳи хосе нестам. Бояд имтиёз ва шароити баробарро ба ҳамаи миллат дод, чи пиру чӣ ҷавон, чӣ мард ва чӣ зан. Шароити озод ва одилона фазоро барои рушди ҳама фароҳам мекунад ва ба таври табии инсонҳои кордону лаёқатманд худро нишон медиҳанд ва ҷойгоҳи муносиберо ишғол хоҳанд кард. Агар рақобати солим бошад, ҷавонони мо ниёз ба ягон имтиёз надоранд, чун замона худаш ба онҳо ниёз дорад ва насли калонтар ба онҳо рақиб шуда наметавонад. Вале, шароити номусоид боис гаштааст, ки як гуруҳи солхурдаи карахт роҳро барои ҷавонон бастаанд ва агар ҷавоне ҳам роҳ ёфт, на ба хотири ақлу дониш аст, балки пуштибоне доштааст. Албатта, истисно ҳаст, вале аксаран чунин мебошад.

Тоштемур аз Чиргатол: Ассалому алайкум муҳтаррам Муҳиддин Кабирӣ. 1) Бино ба маълумоти таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ҲНИТ аз соли 92 ин ҷониб таъсис ёфтааст, вале ба андешаи Шумо ҳизбатон 40-сола шудааст. Чаро чунин гуфтугузор танҳо дар ҳамин соли 2013 пайдо шуд? 2) Дар мавриди интихоб шудани як зан чун номзад ба мақоми президентт 2 гап аст: а) Шумо фазои сиёсиро хуб дарк намекунед. Зеро зан нињоят кам ѓолибшуданист ва ѓолиб њам шавад њамаро расво мекунад, махсусан зани тољик, ки эњсоси баланд дорад. б) Ва ё Шумо сиёсатро хуб медонеду ба дигарон дом мемонед. Акнун бигуед, чаро ин занро мувофиқ донистед, ки то ин дам ба шумо наздикї надошт? 3) Наҳзатро бо ҷараёни палиди ваҳобия наздик медонанд. Чаро, чи сабаб дорад?(далел биоред) 4) - Агар мегўед, ки манфиати наҳзат, манфиати миллист, на манфиати як гурӯҳ, пас имрӯз барои миллат рушди маориф манфиати аввалин аст. Оё ягон донишҷў дар ватан, берун аз ватан аз ҳисоби Шумо таҳсил мекунад ва ба ягон мадрасаи кишвар ҳам барои толибилмон кумаки молӣ кардаед? 5) Чаро бо уламои дини кишвар махсусан бо ҳамсабақони устодатон мулоқот намекунед, ки ҳамрадифи РОҲНАМО-и Шумо ҳастанд? Банда ҳамчун як бародари исломии Шумо бароятон ташаккур арз мекунам, ки аз рўйи дониш кор мебаред, ҳарчанд баъзан манфиати гурӯҳӣ ва шахсиатро болотар аз манфиати динӣ мегузоред. Яъне фидокор нестед. Худо тафиқатро беш кунад?

Муҳиддин Кабирӣ: 1.Бародари гиромӣ, соли 2003 бо ташаббуси Устод Нурӣ 30 солагии Наҳзат қайд шуд ва ҳамагон онро пазируфтанд, ҳатто, мушовири Президент ширкат дошт ва табрик намуд. Ин гапи нав нест, балки дар шароити нав касе хост баҳсро ба тарафи дигар бикашонад ва баҳси чандсолагии Наҳзат рӯ зад.

2. Вақт нишон медиҳад, ки оё яке аз ин ду мулоҳизаи шумо дуруст аст, ё сеюмаш ҳам ҳаст. Кушиш кунед, бештар аз ин дуро бинёд ва ҳатман пайдо хоҳед кард.

3. Хуб мебуд ки аз истифодаи калимаҳои дурушт ва ҳакоратомез дар баробари бародарони мусалмони худ худдори мекардед. Аз худи пайравони ваҳҳобия бояд пурсид, ки оё ба назари шумо мувофиқанд ё баръакс? Байни пайравони ваҳҳобия ва аҳли ташаййуъ мухолафати ҷидди вуҷуд дорад ва ин маъруф аст. Ба гуфти Шумо, гурӯҳе моро ба ваҳҳобиҳо наздик медонанд, гурӯҳи дигар иттиҳоми наздики ба ташаййуъро мезананд. Пас мо дар байн, яъне, васат қарор дорем. Ҳамон ҷое, ки худованд муъминонро ба он васф кардааст: " ва казолика чаъалнокум умматан васатан...(то охири оят)"( мо шуморо уммати васат( миёнагаро) офаридем....) ва Паёмбари акрам хам " Хайрул умури авсатуҳо" (беҳтарини корҳо миёнаи онҳост) гуфтаанд. Воқеаит ин аст, ки ҳеҷкадоме аз ин иттиҳомхо сиҳат надоранд.

4. Мувофиқам, манфиат ва ниёзи имрӯзаи миллатро дурӯст ташхис додед. Маъориф ва фарҳанг. Вале, маорифу фарҳанги асил, на он чизе, ки имрӯз бо номи маориф ва фарҳанг сари миллат бор мекунанд ва қадам ба қадам моро ба ботлоқи бемаърифати ва бефарҳангӣ меғутонанд. Моро дар ҳолати душвор мондед, агар воқеъиятро бигӯям, шояд риё ва намоишкорӣ шавад. Ҷавоб нагӯям, боз ҷои дигар ва бо ғарази дигар инро мепурсанд. Ба таври умумӣ мегӯям, ки садҳо донишҷуро барои таҳсил чӣ дар дохил ва чи хориҷ кумак кардаем ва ҳамин тобистон ҳади ақал 5 донишҷуи роҳҳатёфта ба донишгоҳҳои Русия кумаки моли шуданд. Сафари охирам ба маскав чанде аз онҳо барои мулоқот омаданд ва хеле шод шудам, ки бо баҳои аъло мехонанд. Дар ноҳияи Кумсангир ҳамин тобистон мактаби миёна сохтем ва таъмири дигар мактабу муассисаҳоро ҳам қадри имкон кӯмак кардем. Ҳамаи инро инҷо гуфтан нест, чун пурсидед, мегӯям. Инро ҳам бояд гуфт, ки гоҳо аз ҳисоби буҷаи давлат ва пули соҳибкорон ба таври ихтиёри- маҷбури корҳои хайре карда мешавад, ки дар номи шахсҳои алоҳида ё ниҳодҳо сабт мешавад ва расонаҳо хеле муболиғааш мекунанд. Агар буҷа дар ихтиёри ман мебуд, бештари маблағро ба маоши муаллим, ба сифати таълим ва муҳтавои барномаи дарси равона мекардам, на ба таъмири мактаб ва зоҳири синфхонаву либоси талаба.

5. Барои лутфатон ташаккур ва эродҳоятонро қабул дорам. Аммо, бо зама бузургворон, ба хусус, ҳамсабакону дӯстони Устодон робитаҳои хуб дорем ва қарзӣ шогирдиро то ҳади имкон анҷом медиҳем. Дар тамоми маросимҳои хусуси ва расми даъват мешаванд ва фурсат шавад, зиёрат ҳам меравем. Гоҳо бо сабаби камбуди вақт ва заъфи башари имкони бештар бо онҳо нишастан намешавад, ки аз ҳамаашон узрхоҳи мекунам. Миннатдор аз назарҳои холисонаатон.

БАҲРОМ: САЛОМ УСТОДИ БУЗУРГ МАН ТАРАФДОРИ ҲИЗБИ НАҲЗТИ ИСЛОМАМ САВОЛИ МАН ҲАМИНАСТ 1. ЧАРО ШУМО АЗ ШАБАКАҲОИ ТИЛВИЗИЁНИ ҶУМҲУРИ БАРОМАД НАМЕКУНЕД ? 2.АГАР ДАР ЛОХИ КИ ИН ҲИЗБ ҒОЛИБИЯТ БА ОРАД ШУМО ГУФТА МЕТОНЕД КИ ХАЛҚИ ТОҶИК ОЗОД ВА ОЗОДОНА СУХАН ГУФТА МЕТОНАД.? БА ШУМО МУВАФАҚИЯТ БИГЗОР ТОҶИКИСТОН ЯКЕ АЗ ДАВЛАТҲОИ ПЕШРАФТАИ ҶАҲОН ГАРДАД ОМИН

Муҳиддин Кабирӣ:
Бародари гиромӣ, хоҳишмандам дигар калимаи "бузург" ва мисли инҳоро ҳангоми муроҷиат ба мо истифода накунед. Ин хоксории дӯруғин нест, чунин калимаҳоро қабул надорам, ҳатто самими ҳам бошанд. Инро бояд аз шабакаҳо пурсид, ки чаро намоиш намедиҳанд суханрониҳои моро. Дар ҳашт соли вакили ягон бор ҳам нишон надодаанд ва ҳатто, хаттӣ ҳам муроҷиат кардем, баҳона пеш оварданд. Дар ҷаласаи ахири парлумон, ки баҳси пойгоҳи низомии Русия ва масъалаи муҳоҷират барраси мегашт, дар ҳарду мавзуъ суханрони доштам, ҳатто навори хомуш ҳам нишон намедиҳанд, чӣ расад ба суханрони. Барои ҳамин, доим мепурсанд, ки чаро дар парлумон суҳбат намекунед ва чароҳои дигар. Шумо агар ҷавоби яке аз масъулини баландпояи телевизиони давлатиро хонда бошед, гуфт, ки телевизиони давлати бояд дар хидмати сиёсатҳои ҳукумат бошад. Агар масъулин ҳамин кадар фаҳмиш дошта бошанд ва рисолати телевизиони давлатиро дар ҳамин бинанд, дигар гила кардан маъни надорад.

2. Аммо, саволи дуюми Шумо, агар рисолати ҳизби мо додани озодиҳо ба мардум ва таъмини адолат намебуд, чӣ лозим аст ҳизб таъсис додан ва худро дар мушкилот бо ҳукумат гузоштан? Агар мо вазъи мавҷударо беҳтар кардан намехостем, пас бояд бо Ҳамин сиёсатҳо рози мешудем ва талошро қатъ мекардем. Ташаккур.

Саид: assalomu alaykum Muhtaram raisi HNIT Muhiddin Kabiri maqsad, marom va fikri shakhsii shumoro mekhohem bifahmem oidi intikhobot va pushtibonii shumo az Oynihol Bjbjnazarova( az baroi KHudo)va dar panohi KHudo

Муҳиддин Кабирӣ:
Дӯстам Саид, болотар ба ин савол ҷавобҳои гуногун додем. Мо аз ҳама охир ба номзадии Бобоназарова аз тарафи ИНИТ рози шудем, ва чун аҳд кардем, то охир аз ӯ пуштибони хоҳем кард.

Шаҳноз: шумо ба ки овоз медиҳед? ва чаро?

Муҳиддин Кабирӣ: Агар Бобоназарова дар бюллетени интихоботи номаш бошад ба ӯ, агар не, ба ҳеҷ кадоми дигар.

Khadija: asalomu alekum .........muhtaram kabiri shumo baroi 4i az kondidoi khud dast kashiden va xonum ro peshbari kardaeed okhir shumo nagz medoned ki..dar tj...zan rohbar shuda nametavonad.....yo shumoro ugrojat namudan ?yo ba shumo mablag peshnixod namudan?sabab dar chi boshad khelo mexostam bidonam ....

Муҳиддин Кабирӣ: Хоҳарам Хадича, болотар гуфтам баъзе сабабҳои асосиро. Мутмаин бошед, таҳдид набуд. Аммо, дар бораи пешниҳоди маблағ шухи кардед, ба фикрам. Бошад, мегиранд.

Самеуллоҳ: Окои Кабирӣ то ба кай актёри театр ҳастед - на сиёсатмадор ё намояндаи халқ? Ба фикри банда шумо фурухта шудаед ба раҳмон кайҳо - ва ин вазъият ба шумо хеле маъқул аст - ба қавле ҷонатон халос ва курси дар парлумон гарантия дорад барои шумо. Илтимос ҷавоби мардона ва мантиқона

Муҳиддин Кабирӣ: Бародарам Самеъуллоҳ, медонам, ки ҳоло эҳсосоти шудаед ва шуморо мисли дигар дӯстон дарк мекунам. Ҳоло, ки эҳсосотҳо каме поин рафтаанд, метавон мантиқи ва ба гуфти худатон, мардона суҳбат кард. Як пешниҳод мекунам бароятон. Агар тавонед як ҳафта ё чанд рӯз ҳамроҳи ман дар парлумон, ҳизб ва ҷаласаҳои дигар бошед, омодаам ки инро бароятон таъмин намоям. То барои хулоса баровардан мавод дошта бошед. Ва бинёд , ки барои мо чигуна курсии парлумон гарантия дорад. Шумо шояд надонед, ки суханҳои Раҳматулло ва Додоҷонро алайҳи мо ба вакилон нусха карда доданд, ки аз лиҳози ахлоқи ва дастури маҷлиси намояндагон набояд чунин бошад. Танҳо барои суханрони дар бораи вазъи экологии шаҳр парвандаи суди боз карданд, ки дар таърихи ягон парлумон намунааш нест. Дирӯз огоҳиномаи дигари судӣ ноҳияи Исмоили Сомониро гирифтам, ки парвандаи ҷиноӣ боз карданианд, агар узр напурсам. Дар назари шумо бо мавқеъгириҳои худ шояд мо як сиёсатмадори худфурухта ва беҷуръат бошем, ин ҳаққи шумост. Ба фикрам, бо вакили кисаги чунин намекунанд. Баъзе "таҳлилгарони мушикоф" дар ин ҳам бозиро мебинанд, ки гуё саҳнасозии дутарафа аст. Ҳамин "доно"- ҳо Зайд Саидовро ба зиндон кашонданд ва аз ӯ талаб карданд, ки биё исбот намо, ки кадом бозие бо ҳукумат нест. Шояд бас бошад, якдигарро аз паси компютер ва ё хориҷа сиёҳкардану агенту фурӯхта номидан. Медонам, ҳар кас назаре, гумоне ва фикре дорад дар бораи мо. Вале, ҳеҷ гоҳ аз роҳу равиши интихобкарда, ва сиёсатҳои муътадил, танҳо ба хотири таърифи чанд кас ё қаҳрамон тарошидани худ берун нахоҳем рафт. Агар ҷое ҷасорат бояд нишон бидиҳем, он бояд ҷасорати мантиқи, огоҳона ва ба манфиати миллат бошад, на эҳсосоти ва ноогоҳона. Мутмаин бошед, агар худро фурӯхта бошем, танҳо ба Худо ва миллат фурӯхтаем “Ё айюҳал лазина оману, ҳал адуллукум ъало тиҷоратин тунҷикум мин азобин алим” (Сураи “ас-Саф” оят-10) ва агар ҷасорат надорем, танҳо ҷасорати кашидани миллат ба хоку хунро надорем.

Боқи ҳама чизро вақт нишон медиҳад, Худованд шоҳиди ҳама кас ва ҳама чиз аст.

Дар охир ба ҳамаи Шумо, дӯстон ва кормандони агентии "Озодагон" бори дигар барои ин суҳбат изҳори миннатдори мекунам ва агар ҷое дар ҷавобҳо кутоҳи кардам ё бе ҷавоб мондам, бубахшед. Муваффақ бошед.
Мӯҳр
Khurshed
Ba nomi khudovandi jonofarin. Bale ustod man mefahmam. Agarchi ba suolam posukhi aniq nagiriftam, az in qone hastam. Baroi on ma'zarat khostam, chun shumolo khelo hurmat mukanam, namekhoham ozor diham, vale masuliyatamro ijro kardam. Salomat boshed ustodi aziz, Alloh golibton gardonad.

Равшан и джумшуд
Эволюция нашуд революция кунемми аааааа...

Ман нафахмидам чихел 2015 интихобот???баъди 7 сол ку??

муаллим
хамеша Исломи Азиз аз нохияи ду гурух ифроти ва тафрити зарбахову бе мехрихоро дида аст.дар мачмуъ суолхои матрахшуда гувохи аз маърифати сиеси мардуми мост.фикр мекунам шахсияти Устод Кабири як неъматест барои миллати муъмини ЧТ.

Не важно
салом бародарон Кабири шери нари Худованд хамеша нигахбонат бошад

Мисли ҷаноби Кабири миллати Тоҷик бисёр дорад вале имруз миллати Тоҷик ба марде зарyрат дорад ки бо авсофи Кабири дошта ҳатман бояд далерy шyҷо бошад то амалан корҳоро анҷом диҳад. Фикр мекyнам умрyзҳо мо ба суханвар гапдон ва олими беамал онқадар зарyрат надорем ки ба як шахси амалгаро. Мушкили асосие ки имруз мо дар байни раҳбарон хоҳ исломи ва ғайри исломи дорем фарзандони дигаронро ба муборизаҳо росқавли амалгаро будан дават мекyнанд вале хyдy фарзандонашон дар кайфy сафо машғyл. Агар инҳо роҳи пешгирифтаи хyд бовар дошта бошанд чаро аввалан барои ошкорбаёни хyдy фарзандони хyдро намегузоранд то барои дигарон дарс гардад. Имруз ҳар мушкиле ҳар таҳдиде ҳар латy кyбе ҳар бетартибие мавҷyд бошад болои фарзанди оди мебошад. Кабири ҳам аз ин истисно нест, чyн давлатмардони мо боре болои инҳо фишор намеоранд ва мисли мусичаи бегyноҳ оромона зиндаги дорад.

ba 2095 tayori bined.2015 zainit ast.

донишчу
бародар кабири худат найрангбоз будай е ки сахт тарсончак.маслихати ман ба шумо хамин ки дигару дигар ба сиесат даст назан чунки агар хамин худат рохбари ХНИТ боши аз пайдоиши оламу одам то охири дуне маглубиятро ба даст меоред.

Шамшер
Шумо гуфтед: "Вале агар хостед, ба касе такя кунед, ба оне кунед, ки корашро медонад, дар кораш ба ҷое расидааст, натиҷа гирифтааст, ҳатто тоҷир ҳам бошад. Агар Шуморо бифурӯшад ҳам, арзон намефурӯшад. Парҳез кунед аз ҳолатҳое, ки Шуморо қурбон кунанд, арзон бифурӯшанд ё ҳатто бепул ҳадя кунанд."
..., бале, Шумо арзонфуруш набудаед, балки ройгон тухфа намудед...

Салом Устоди гироми! Дар мусохибаатон ба озоди гуфтед,ки алон мо 10 рузи дигар вакт дорем, яъне чигуна вакт барои чи.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)