Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:45

ICHCAP ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ мекунад

29 июл 2011, 08:21

Баланд бардоштани дараҷаи дастрасии маълумот дар мавриди мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба ҷомеа аз тариқи корбурди низоми онлайн яке аз мавзӯъҳои меҳварии дуюмин ҷаласаи шабакавии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ буд.

Дар ин ҳамоиш, ки таи ду рӯз дар меҳмонхонаи Тоҷикистон ҷараён дошт, ҳамчунин таъсиси хазинаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушди низоми онлайни инвентаризатсиякунонии мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва мусоидат ба рушди ҳамкории фарҳангӣ дар минтақа бо роҳи фаъол намудани гуфтугуи байни давлатҳо мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт. Дар ин бора ба «Озодагон» аз вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Бино ба хабари манбаъ дар ҷаласа коршиносон аз созмони Юнеско-Маркази мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP),  намояндаҳои Тоҷикистон, Корея, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон иштирок доштанд. Дар ҳамоиш қайд шуд, ки  Осиёи  Марказӣ дорои мероси ғании ғайримоддии фарҳангӣ мебошад. Таҳавуллоти иҷтимоие, ки дар натиҷаи навсозӣ ва урбанизатсия ба вуҷуд омадаанд, зарурияти ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангиро ба миён овардааст. Зимнан, яке аз ҳадафҳои нишасти минтақавӣ низ мубодилаи хабарҳо доир ба вазъи кунунии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар минтақа ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви созмон ва маркази мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) унвон шуд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!