Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:28

Дар Туркманистон пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ оғоз мешавад

12 октябр 2013, 08:48

Шуруъ аз 16-уми октябр дар Туркманистон раванди пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи парлумонии кишвар оғоз мешавад. Дар ин бораи Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон (КМИТ) хабар додааст.

Ахиран, КМИТ аз анҷоми раванди созмон додани комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ эълон дошт. Интизор меравад, ҷараёни интихоботи парлумонии Туркманистонро нозирони миллӣ ва коршиносони байналмилалӣ назорат кунанд.

Бори нахуст дар интихоботи парлумонии Туркманистон, ки 15-уми декабр баргузор мешавад, ду ҳизб иштирок хоҳад кард. Барои курсии парлумон Ҳизби демократии Туркманистон (ҲДТ), ки соли 1991 таъсис ёфта ва то моҳи августи имсол раҳбарии онро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бар уҳда дошт, ва Ҳизби саноатчиён ва соҳибкорон (ҲССТ), ки соли 2012 таъсис ёфт, вориди рақобат мешаванд.

ҲССТ ҳизби мухолиф набуда, комилан аз сиёсатҳои раҳбари Туркманистон пуштибонӣ мекунад. Гуфта мешавад, ҲССТ беш аз 2 ҳазор ва ҲДТ наздики 190 заҳор узв дорад.

Туркманҳо 125 вакили парлумонро дар ҳавзаҳои якмандатӣ барои панҷ сол интихоб мекунанд.

Моҳи августи соли равон дар ҷаласаи ҲДТ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисҷумҳури Туркманистон аз раҳбарии ҳизб канор рафт. Ӯ гуфт, “дар шароити бисёрҳизбӣ намехоҳад, ба ҳизбе, ки вай аъзояш аст, бартарият дода шавад”.

Интихоботи гузаштаи парлумонӣ дар Туркманистон моҳи декабри соли 2008 баргузор шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!