Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:44

Директорро бо иттиҳоми гирифтани пора барои шаҳодатномаи ронандагӣ боздошт кардаанд

12 октябр 2013, 10:20

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти директори ҶДММ "Гардиш" бо иттиҳоми гирифтани пора хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Мурод Гулов барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз шаҳрванд Саидов Ҷ. 150 доллари амрикои гирифта, 1 200 сомонии дигар талаб кардааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои опперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дар ҳолати талаб намудани 1 200 сомонӣ Мурод Гулов дастгир шуд. Нисбат ба директори ҶДММ "Гардиш" бо аломатҳои қисми 3 моддаи 279 (ришвадиҳии тиҷоратӣ)-и Кодеси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”,-хабар медиҳад манбаъ.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 12 октябр 2013 10:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеч гап не ту натавонисти гирифтан! Туро факат барои бетачрибагиат, пинхон гирифта натавонистагиат чазо медиханд! Аммо "дигаро" ки "тачриба"-и зиёд доранд, хамин хел мегиранд,ки агентии саидов бехабар мемонад!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!