Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

КМИР: Ситоди Бобоназарова агар имзоҳоро пешниҳод мекард...

12 октябр 2013, 10:33

Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, агар ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) имзоҳои ҷамъовардаашро ба онҳо пешниҳод мекард, “ягон чора медиданд”.

Ин нуктаро Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ, рӯзи 12-уми октябр зимни як ҷаласаи ин ниҳод иброз дошт. Ситоди Ойниҳол Бобоназарова рӯзи 11-уми октябр дар охирин рӯзи пешниҳоди имзоҳо гуфт, натавонистааст 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биёрад ва бинобар ин, эълон кард, аз идомаи сабқат барои дарёфти курсии президентӣ даст мекашад. Ин ситод гуфт, ба тарафдории номзадаш ҳамагӣ 201 ҳазору 236 имзо ҷамъ намудааст.

Хонум Бобоназарова ягона номзади зан ба мақоми президентӣ дар интихоботи 6-уми ноябри соли 2013 буд. Бо хориҷ шудани Бобоназарова, шаш номзад барои курсии президентӣ талош хоҳанд кард.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИР дар ҷаласаи рӯзи шанбе ҳамчунин гуфт, шурӯъ аз 14-уми октябр мулоқоти якҷояи номзадҳое, ки сабтином шудаанд бо намояндаҳои 41 шаҳру навоҳии кишвар оғоз мегардад. “То 22-юми октябр рӯйхати интихобкунандаҳо низ дақиқ мешавад. Ҳоло 4 миллиону 34 ҳазор райъдиҳанда маълум шудааст”,-афзуд ӯ.

Интихоботи рӯзи шашуми ноябрро ҳудуди 700 нозири хориҷӣ, аз ҷумла нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой назорат хоҳанд кард. То кунун ҳайати нозирони САҲА ва ИДМ вориди Тоҷикистон шуда, ба назорати фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон оғоз кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб мешуд Шохиён руи рост мегуфт, ки агар ситоди интихоботии Бобоназарова руйхатро пешниход мекард мо онро ба кумитаи амнияти миллии медодем то якояки онхоро аз галбер гузаронанд.
Посух додан
  • Шукруллоҳ

  • 12 октябр 2013 11:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
интихобот барои халқи Тоҷикистон чи лозим, масрафҳои беҳуда накарда шаҳру ноҳияҳоро ғам надиҳед, ин номзадҳои шумо лухтак ҳастанд ва аз рахмон васфу ситоиш мекунанд, ҳамин масрафи интихобота ба ягон кудакистон ё хона интернатҳо таксим кунед савоби зиёд мегиред. Бигзор Рахмон ҳамчун президент корашро давом диҳад.
Посух додан
  • ораз

  • 12 октябр 2013 11:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тафаккури исломи интиоботро намепазирад. гулом бе хоча нест ё ба лафзи дигар гулом хочаро интихоб намекунад...
Посух додан
  • Маъруф азМастчох

  • 12 октябр 2013 13:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сарфаи пули интихобот хеле мухим аст барои миллати мо.
Посух додан
  • Санавбар

  • 12 октябр 2013 19:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй бародари Шохиён чихела хисоб карден, ки 4млн 34 хазора 5 фоизашро 210 хазор бароварден. Охир як бори дига хисоб кунед, 201 хазору 700 имзо мешад ку. Ё интихобкунандахо зиёдтаранд????
Посух додан
  • Салмон

  • 13 октябр 2013 10:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Онхо харосиданд,ки агар номзадии Ойнихол Бобоназароваро ба макоми президенти ба кайд гиранд, хонум Бобоназарова О хатман бештари овозхои интихобкунандахоро ба даст меорад
Посух додан
  • чт

  • 13 октябр 2013 12:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай тарсида гардем оянда нонро пурсида мехарем. Дида истед!!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!