Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:15

Эмомалӣ Раҳмон нахустин мактаб дар деҳаи Лангарро ба истифода дод

12 октябр 2013, 10:57

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари худ ба ҷамоати деҳоти Чоркуҳ дар рустои Лангар бинои сеошёна и мактаб барои 720 хонандаро мавриди истифода қарор додааст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангуи президенти Тоҷикистон, мегӯяд, “аз замони Шӯравӣ то имрӯз дар ин деҳот мактаб вуҷуд надоштааст. То имрӯз наздики 1800 хонанда 3-4 километр масофаро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Сари Бозор мерафтанд. Ин мактаб бо харҷи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои 12 синфхона, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва компютерӣ мебошад”.

Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти теъдоди зиёди аҳолӣ дар ин деҳа ба масъулини соҳа дастур додааст, ки соли оянда сохтмони як бинои иловагии таълимӣ ва толори варзиширо дар ҳудуди ин мактаб оғоз намоянд, то наздики 1,5 ҳазор хонандаро дар 2 баст фаро гирифта тавонад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Илхом

  • 12 октябр 2013 21:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамааш дуруг хамааш худнишондихи. Дар Истаравшан ситораи шарк гуфтаги имората президент кушода буд. Аз ТВТ-хои ТЧК нишон дода шуда буд, ки чои кори барои 200 дузанда сохта шуд кани биё бен якто хам нест. Хамаш дуруг.дуруг.дуруг...озодагон чоп кунед.

Посух додан
  • Исфаринский

  • 13 октябр 2013 20:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Якумаш ин ,ки дехае бо номи ЛАНГАР вучуд надорад!Ин номи як махаллаи дехаи чоркух ва дар замони шурави дар ин махал касе зиндаги намекарду инчо САХРО буд.Дехаи Сари Бозор низ вучуд надорад!Ин низ номи як махаллаки дехаи Чоркух.Дуюмаш ин,ки ин мактаб кайхо аз хисоби точирони махалли сохта шуда буд ва барои омадани чаноб нигох карда шиштанд!
Посух додан
  • точик аз Чоркух

  • 13 октябр 2013 23:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом боварам намешавад, ки ин хукуматдорон то ин хад дуруг гуянд.
Ман Худам дар мухалаи Лангар зиндаги мекунам ва то мактаби №27 - и Сари бозор акалан як клометрхам намебурояд. Яъне ин мактаба даромадгохи асосиаш Сари боор даромадгох аз пушт дорад бо дари майда ки он аз Мухаллаи Лангар аст. Яъне метавонем гуем, ки ин мактаб дар Лангар чойгир шудааст.
Баъадан ин гуфтахо ки гу

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!