Нимаи рӯзи гузашта дар ноҳияи Рӯдакӣ сониҳаи нақлиёти ба вуқӯъ пайваст.
Ба иттилои Қудратулло Шоев, як масъули РБДА ронандаи сабукрави тамғаи «Мерседес Бенс» Шоҳин Раҳимқулов аснои ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтепа аз самти савхози Варзоб ба ҷониби кӯчаи Қосимов пиёдагард Умар Хадирови 9 соларо зер мекунад. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳат бардошта ба беморхона мунтақил мешавад. Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои манбаъ бар асари шаш садамаи нақлиётӣ дар шабонарӯзи гузашта шаш нафар захм бардоштаанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр