Бахшҳо

Гуфтугӯи видеоӣ бо Бобоназарова: "Мо нишон додем, ки Раҳмон алтернатива дорад"

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ.

Озодагон: Аз ин ки 210 ҳазор имзои зарурӣ ба тарафдории Шумо ҷамъоварӣ нашуду ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ расман сабтином нагардидед, ҳоло чӣ ҳолу эҳсос доред?

Бобоназарова: “Нахуст бояд гӯям, ки бо ин қонуни интихоботи президентӣ ва ин ҳама фишору монеаҳо пирӯзиро ба даст овардан хеле мушкил аст. Аз рӯзи аввал мо бо мушкил дучор шудем. Ба болои ин ҳама, фишорҳои болои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳанӯз соле қабл шуруъ гардида буд. Ҳукумат бо истифода аз тамоми имконияти худ ба мардум паём медод, ки дар сурати тарафдорӣ аз номзадии Бобоназарова кишварро як ҷанги дигар дар пеш аст. Чӣ гуна мо дар як фурсати кӯтоҳ ин ҳама сару садоро метавонистем бартараф кунем. Аз ҷониби дигар, ҳатто замони ҳамон гирифтани варақаҳои холӣ низ барои мо ба монанди аҳзоби дигар осон набуд. Масъулини ноҳияҳо бо ҳар баҳона фурсати моро мегирифтанд. Мегуфтанд, ё бояд бо Шоҳиён машварат кунанд, ё мо бояд ҳатман феҳрасти аъзои ҲНИТ-ро пешниҳод кунем. Бисёр сахт буд дар чунин як фазои носолим рақобат кардан. Интихобот бояд ба гунае баргузор шавад, ки дар он шаҳрвандон нотарсида ба тарафдории номзади худ овоз диҳанд. Дар мо мардум ҳатто барои гузоштани имзо ҳарос доштанд, чунин фазо нодуруст аст.”



ТАҚДИРИ ОНҲОЕ, КИ ИМЗО ГУЗОШТАНД, ЧӢ МЕШАВАД?

Озодагон: Ба назари Шумо тақдири онҳое, ки ба тарафдориатон имзо гузоштанд, чӣ мешавад? Оё дар ин маврид нигароние ҳаст?

Бобоназарова: “Бояд ҳаминро гӯям, ки агар ин ҳама монеаҳо намебуд ва ман сабти ном мегардидам, эҳтимол пирӯзиро ба даст меовардам. Имзо гирифтан чандон осон набуд, чун мардум ҳарос доштанд. Онҳо қабл аз даст гузоштан мепурсиданд, ки оё аз ин тасмими онҳо ҳукумат хабардор мешавад, ё на? Тибқи иттилое, ки мо дорем, то ин замон чанде аз варақаҳои моро дар ноҳияҳо гирифтаанд. Ҳоло мушаххас гуфта наметавонам, ки он варақаҳоро ИНИТ чӣ кор мекунад. Барои гирифтани чунин тасмим ИНИТ ҳатман ҷаласа барпо хоҳад кард. Шояд дар бойгонӣ нигоҳ дорем, шояд ҳазф кунем. Чун кафолат додан аз тақдири ин имзогузоштаҳо дар шароити Тоҷикистон хеле мушкил аст. Чӣ гуна барои ҳама кафолат медиҳем, вақте то имрӯз алакай як нафарро дар яке аз ноҳия танҳо ба хотири имзо гузоштан аз ҷойи кор сабукдӯш кардаанд.”

“ДИЛАМ БА ҲУКУМАТ МЕСӮЗАД...”

Озодагон: Шумо аз фишорҳо гуфтед. Ин ҳама монеагузориҳо давоми як моҳи охир ба Шумо чӣ таъсир дошт?

Бобоназарова: “Маро монед. Дилам ба онҳо месӯзад. Ба ин ҳукуматдорон дилам месӯзад.”

Озодагон: Барои чӣ ба дигарон неву ба ҳукуматдорон?

Бобоназарова: “Барои он ки ин қадар нотавонбинанд. Ин қадар метарсидаанд. Ин ҳама тарс чӣ зарурат дошт? Ман ба такрор мегӯям, барои ман ёрии онҳо лозим набуд, танҳо ҳамон имконияти тибқи қонун мавҷударо ба ман медоданд. Вақте ҳукумат нерӯманд аст, чунин монеагузориҳоро ба худ раво намебинад. Тамоми сохторҳо дар дасташон. Шурӯъ аз раисони ноҳия то масъулини мақомоти маҳаллӣ. Бубинед, як ҳукумат бар муқобили Бобоназарова ва як ҳизбе мубориза бурд, ки на телевизон дорад, на радио. Ман ҳеч нафаҳмидам, ки ҳукумат аз чӣ тарс пайдо кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба худ эътимод накард. Агар онҳо ба худ бовар мекарданд, ин фишорро то ба ин сатҳ намерасониданд. Ҳукумат на танҳо дар дохил, балки барои берун низ тарси худро нишон дод.”

ДАР БОРАИ НОМЗАДҲОИ “МУХОЛИФ”


Озодагон: Ба ҷуз аз шумо 5 номзади дигари “мухолиф” буданд, ки онҳо чандон аз шароит шикоят надоштанд. Чаро тамоми муборизаҳо алайҳи Бобоназарова буд?

Бобоназарова: “Онҳое, ки дар майдон ҳастанд, ман ҳадафи онҳоро надидам. Яке аз ин номзадҳо дар суҳбати худ гуфтааст, ки ҳадафи ба майдон ворид шуданаш ин ба даст овардани мақоми раёсати ҷумҳурӣ нест. Интиқод намекунанд. Охир, вақте эътироз надоранд, ҳадафашон ҳокимият нест, чаро номзад мешаванд? Ё ин ки дигари онҳо гуфтааст, ки ба Бобоназарова барои он фишор меоранд, ки зиёд интиқод мекунад, бояд хомӯш бошад. Ман наметавонам дарк кунам, ки агар ҳадафатон пирӯзӣ нест, барои чӣ аз ҳисоби буҷа барои Шумо маблағ сарф шавад? Ба андешаи ман, ҳамаи монеаву фишорҳо барои он буд, ки дар майдон воқеан як рақиби аслӣ пайдо гардид. Ман аз рӯзи аввал гуфтам, ки то охир мубориза мебарам. Дар рӯзҳои аввал баъзе аз дӯстон ҳам ба ин суханон шак доштанд ва мегуфтанд, як бозии навбатии ҳукумат аст. Фикр мекунам, бо гузашти вақт онҳо мавқеи худро дигар карданд. Ман аз он дар ҳайратам, ки дар баъзе аз баромадҳо ишора ба он мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон алтернатива надорад. Охир як миллате, ки ҳамеша аз бузургии худ тавсиф мекунад, наход як шахсият дошта бошад?”

“АГАР ПИРӮЗ МЕШУДАМ...”

Озодагон: Агар Шумо дар ин интихобот сабти ном ва дастболо мешудед, қабл аз ҳама ба кадом ислоҳот даст мезадед?

Бобоназарова: “Фикр накунам, ки ислоҳот аввалу дувум дошта бошад. Бидуни ислоҳоти сиёсӣ, ислоҳоти иқтисодӣ номумкин аст. Пеш аз ҳама кӯшиш мекардам, ҳукумат иборат аз як ҳизб набошад. Бо мутахассисон суҳбатҳо мекардам, ҳатто аз ҳамин тими ҳукумати феълӣ кадрҳоро интихоб мекардам.”

“НАМЕГӮЯНД, ЧӢ БАРНОМА ДОРӢ? МЕПУРСАНД, КӢ ҲАСТ?”

Озодагон: Соҳибназарон мегӯянд, яке аз сабаби аслии шикасти Шумо дар ин мубориза, ин аз тарафи ҲНИТ эълон гардидани номзадиатон ҳаст. Шумо чӣ фикр доред? Оё ба унвони номзади мустақил ба майдон мебаромадед, бо мушкил рӯбарӯ намешудед?

Бобоназарова: “Ман ба ин розӣ шуда наметавонам. Фикр мекунам, ҳатто аз тарафи Ҳизби сотсиал-демократ (ҲСДТ) агар пешниҳод мегардидам, ҳатман бо фишорҳо рӯ ба рӯ мешудам. Сухан атрофи он меравад, ки ин ҳукумат бо барнома мубориза намебарад. Ҳукумат бо шахсият мубориза мебарад. Ҳукумат намегӯяд, ки ин ё он номзад барномаи заиф дорад. Ба андешаи ман, агар маро ҳатто дигар субъект пешниҳод мекард, ҳукумат барои сабти ном накардани ман дигар далелҳо пайдо мекард. Онҳо ҳатман ишора бар он мекарданд, ки гӯиё ман бештар бо созмонҳои байналмилалӣ кор кардаам ва ҳатман як ҷосус ҳастам.”

Озодагон: Дар ҷаласаи қаблии ИНИТ, ки рӯзи 7 октябр баргузор шуд, баъзе аз намояндагони ҲСДТ пешниҳод доштанд, ки интихобот аз ҳамон рӯз бояд таҳрим эълон карда шавад. Фикр намекунед, ки ҳамон пешниҳодро бояд мепазируфтед?

Бобоназарова: “Мо аз аввал эълон кардем, ки то охир хоҳем рафт. Агар мо ин се рӯзро истифода намекардем, ҳарчанд он се рӯз ҳам як бозии Кумисюни марказии интихобот буд, мегуфтанд, ки ваъда доданду аз идомаи мубориза даст кашиданд. Ҳамакнун мо вазъиятро ба куллӣ таҳлил мекунем. Мо мебинем, ки куҷо иштибоҳи мо буд ва куҷо муборизаи носолими ҳукумат. Агар камбудӣ дар худамон аст, ислоҳ хоҳем шуд. Бубинед, ки то имрӯз мегуфтанд, ки Раҳмон бе алтернатива аст, ҳамин муборизаи мо як таҳаввулотеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард, ки дар кишвар дигар шахсиятҳо низ ҳастанд.”

“ВАЪДА КУҶО ШУДУ КАФОЛАТ КУҶО?”

Озодагон: Аксар коршиносон мегуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот танҳо як рақиби аслӣ дорад ва ин ҳам Бобоназарова аст...

Бобоназарова: “Бале. Вале ҳоло фикр мекунам, ки ҳукумат бо ин фишорҳои худ бештар ба худ зарба зад, то ин ки ба Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ.”

Озодагон: Чӣ гуна?

Бобоназарова: “Дар бештар маврид таҳлилгарон ишора бар он мекарданд, ки дар интихобот як рақиби аслӣ аст ва ин номзад аз ИНИТ. Акнун тасаввур кунед, ки Эмомалӣ Раҳмон бо кӣ мубориза мебарад? Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд кафолат ва ваъда дод, ки интихобот ба таври шаффофу демократӣ баргузор хоҳад шуд. Ин ваъда чӣ шуд, чӣ мешавад? Дар ин мубориза ҳуқуқи маро на ҳамчун як номзад, балки ҳамчун шаҳрванд низ поймол карданд. Пас, ин ҳама эъломияву асноде, ки Тоҷикистон тасвиб кардааст, куҷост? Кафолатҳо мурдааст?”

Озодагон: Ба назари Шумо, сабти ном нагардидани номзадиатон оё берун аз кишвар ҳам бо вокунишҳо рӯбарӯ хоҳад омад? Аслан чӣ таъсир хоҳад дошт?

Бобоназарова: “Ҳатман вокуниш нишон медиҳанд. Созмонҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ эътироз хоҳанд кард.”

Озодагон: Аммо то имрӯз ҳам чунин мушкилҳо будандву созмонҳо ҳам хомӯш буданд...

Бобоназарова: “Ман фикр намекунам, ки ин даъфа вазъият ҳамин гуна фаромӯш шавад. Дар чунин шакл риоя нагардидани уҳдадориҳои байналмилалӣ аз тарафи ҳукумат беҷавоб нахоҳад монд.”

Озодагон: Бубинед, то ин лаҳза Шумо ба додгоҳи Қонуни асосӣ шикоят бурда, ҳатто ба раисҷумҳур муроҷиат кардед. Зоҳиран ин вокунишҳои ИНИТ беҷавоб аст...

Бобоназарова: “Мо медонистем, ки додгоҳи Қонуни асосӣ ва умуман дигар додгоҳҳо ба мо ҷавоб намедиҳанд. Аммо ин марҳилае буд, ки тибқи қонун мо бояд онро гузарем.”

Озодагон: Яъне, ИНИТ тасмими шикоят бурдан ба ҷомеаи байналмилалиро дорад?

Бобоназарова: “Бале. Мо мехоҳем, тибқи қонунгузорӣ ба созмонҳои байналмилалӣ ва Кумитаи ҳуқуқи башари СММ муроҷиат кунем. Чун бовар дорам, ки агар ширкат мекардам дар ин сабқат ва интихобот агар то ҳадди ақал шаффоф баргузор мегардид, ҳатман овози бештарро соҳиб мешудам.”

Озодагон: Агар Шумо сабти ном мешудеду овози бештарро ба даст меовардед, ба назаратон дар Тоҷикистон имкони иваз гардидани ҳукумат вуҷуд дошт?

Бобоназарова: “Албатта, имкон буд. Вақте гуруҳи нав меояд, бо диди дигар ворид мешавад. Агар ман пирӯз мегардидам, ҳатман бо баъзе аз кадрҳои феълӣ, ки мутахассис ҳастанд, ҳамкорӣ мекардам. Сари қудрат омадан маънои онро надошт, ки мо аз тамоми ҳамкорӣ даст хоҳем кашид.”

АГАР ПЕШНИҲОДИ ҲАМКОРӢ ДИҲАНД...

Озодагон: Аз миёни номзадҳои феълӣ Шумо ягон нафарро ба тими ҳукуматии худ қабул мекардед?

Бобоназарова: “Аз номзадҳои феълӣ интихоб намекардам, аммо аз миёни ҳизбҳои онҳо ҳатман мутахассисонро барои ҳамкорӣ даъват мекардем. Чун сиёсат созиш кардан ҳаст. Ман бовар дорам, ки миёни аҳзоби сиёсии кишвар кадрҳои хуб ҳаст.”

Озодагон: Агар баъд аз интихобот ҳукумат барои Шумо пешниҳоди ҳамкорӣ кунад, қабул мекунед?

Бобоназраова: “Не. Чунки ман бештар ба тим нигоҳ мекунам. Агар ин ҳукумат як ҷойро ба ман дод, ман дар танҳоӣ ҳеч корро карда наметавонам. Бубинед, дар ҷойе, ки тамоми кадрҳо рост истода мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон алтернатива надорад, чӣ гуна ман андешаҳои худро роҳандозӣ мекардам? Диди ман дигар аст, ман ин тимро қабул карда наметавонистам.”

БАЪД АЗ ИНТИХОБОТ...

Озодагон: Баъд аз ин интихобот фаъолияти худро чӣ гуна идома хоҳед дод?

Бобоназарова: “Агар дар қабл ман танҳо раҳбари як ташкилоти ҷамъиятӣ будаму бештар бо ҳуқуқи маҳбусону вазъи зиндонҳо машғул будам, акнун масъулияти ман бештар гардид. Барои ҳимояи ҳуқуқи инсон муборизаҳои худро идома медиҳам.”

Озодагон: Ба назари Шумо, номзад шудани як зан ва он ҳам ба мақоми президентӣ вазъиятро тағйир дод?

Бобоназарова: “Қадами аввал барои ворид шудан бо барномаи ҷадид дар арсаи сиёсат мушкил буд, аммо мо ин корро кардем. Мо тавонистем исбот кунем, ки миёни аҳзоб ва нерӯҳо метавонад ҳамкорӣ бошад. Мо исбот намудем, ки наҳзатиҳо як бонуро дастгирӣ мекунанду як демократ дар канори наҳзатиҳо қарор мегирад. Мо ҳамин монеаро шикастем. Мо як низомеро ба вуҷуд овардем, ки метавонем барои шароити беҳтари кишвар бо ҳам мубориза бубарем.”
Мӯҳр
4444
Гуфтугӯи видеоӣ бо Бобоназарова: Kani video?

Салом дустон ин О.Бобоназарова аз шармандаги дигар гап намеёбад малум буд, ки имзо чамъ оварда наметавонад ва худро ба 180 дарача тоб дод ин маънои онро дорад ки устувор нестанд аз чониби мардум дастгири намеёбанд. 4444,

Умед
О Шумои мухтарам имзо чамъ карда натавонед, зуратон ва обруятон нарасад, айби Хукумат нест-ку апа....

б
Видио дар кучост?

Офарин Ойнихол!!!
Мо 32 нафар корманди як корхона ба пурраги чонибдори шумо будем, афсус ки имконияте даст надод то имзохои худро пешкаш созем. Аввалан намедонистем кучо равему дар кучо имзо гузорем, сониян моро имконе набуд, то аз коргохи худ берун шавем, чун зери назорати катъи карор дорем.
Аз дусар, дар "интихобот" -и беинтихоб дигар касеро мо харгиз пуштибони нахохем кард!!!
Поёни шаби сиях сафед аст!
Мо бо шумоем!!!

сафар
Мухтарм Ойнихол бобоназарова аз руи хакикат гуед ки шумо дар даврони шурави чи кадар нафрат ба мардуми минтакаи чануб Кулобихо доштен. Мардуми ин минтакаро хамашро бесавод меномиденд дар даврони рохбарии факултаи хукук буданатон чикадар нисбаташон берахм буденд. кух бо кух намерасад леки одам бо одам ру ба ру мерасад.
Бо кадом ру бо кадом забон шумо худатона адолатхох гамхори мардуми точик мегиренд. Шумо хамон ойнихол будед ва мемонед.

Мардбача
Агар хонум Ойнихол Бобоназарова ба интихоботи президенти рох меёфт,хатман галаба чониби вай буд, барои он,ки мардум аз ин режими худкома дилсард шудааст.

Рохи Хак,
Демократияро зери пой карда, хоҷагонат ба мақсади номардонаашон расиданд. Ту ҳоло ҳам аккос заданро бас намекунӣ, ҷинҷони ҳалқабаргӯш?

Donishju
Ba Rhi Haq
in zan mardonavor imzo jam ovard na in ki misli digar hizbho
az hisobi donishjuyoni donishgoh onhoro fireb doda hato naguftand ki baroi chi imzo jamkarda istodaand tanho Bobonazarova ba nomzadi prezidenti ishtirok kardan haq dorad na digaron in
iltimos cho kuned ozodagon

Бародар агар Бобоназарова ба Кyлобиҳо нафрат изҳор карда бошад ва фикр мекyнам ин дуруст нест тyҳмат аст вале имруз аз тарафи ҳамин минтақа болои дигар маҳалҳо зулм кардан аз руи беинсофи нест. Марҳамат кадом мардyми минтақае вазифадор бошанд ҳалолашон бод вале ба миллати Тоҷик бояд дар yмyм зулм нашавад. Маҳалгарои накyнанд ки рузе ин маҳалгарои сарашонро мехyрад.

азиз
ин конуун имзо чам кардан барои сабти ном призиденти барои чи дар кишвархои дигар нест масалан дар ерон дар хамин давраи гузашта зиёда аз хазор нафар сабти ном карданд ки аз донишчу гирифта то бознишаста бе ягон монеьа сабти ном карданд. вале дар ТЧ хато наметавони саааабти ном куни чи расад ба.............

Дар тули 20 сол кай интихоботи шаффоф баргузор шуд, ки имсол шавад?

доктор
Ин маълима хам мания величияаш бад набудааст ку!!

бовар дорам, ки агар ширкат мекардам дар ин сабқат ва интихобот агар то ҳадди ақал шаффоф баргузор мегардид, ҳатман овози бештарро соҳиб мешудам.”

толиббек
магар дар таърихи тулонии ин миллат боре интихобот будааст.????? агар не чаро коре мекунем ки дар зоти мо, дар тору пуди мо, дар чавхари мо набудааст. шоху амиру султон доштем? Бале! пас бигузоред Мардак шох бошад. чаро не??????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)