Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Шоҳиён Анҷумани ҳизби Зоировро ғайриқонунӣ номид

12 октябр 2013, 12:44

Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) баргузории Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократро аз нигоҳи қонун нодуруст номид. Ин анҷумани сотсиал-демократҳо, ки мебоист шашуми октябри соли ҷорӣ баргузор гардад, рӯзи 12 октябр оғоз ва ҳоло идома дорад.

Аммо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ, мегӯяд, агар ин анҷумани сотсиал-демократҳо “пешазинтихоботӣ” бошад, “бар хилофи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон аст”. Вай, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, афзуд, “ҲСДТ дар интихобот мавқеи худро рӯшан накард. Анҷуман нагузаронд, ягон номзад пешбарӣ накард ва ё қароре қабул накард, ки аз ин ё он номзад ҷонибдорӣ мекунад. Ман ҳайрон мешавам, вақте ки тамоми муҳлатҳо ба охир расидаанд, онҳо имрӯз анҷуман мегузаронанд. Ҳизби сиёсӣ, ки мақсадаш иштирок дар маракаи сиёсӣ аст, бояд фаъолона ширкат мекард. Барои иштироки ҲСДТ дар интихобот ягон монеа аз ҷониби ягон сохтори давлатӣ нашуда буд. Мутаассифона, намояндагони ҲСДТ нахостанд, номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ карда, дар ин раванд ширкат варзанд.”

Ин изҳороти оқои Шоҳиён дар ҳолест, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон узви Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ буда, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро пешбарӣ карда буд. Худи Зоиров бо пахши як изҳорот дар охири моҳи сентябр аз тарафдорон ва аъзои ҳизбаш даъват карда буд, ки барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова кумак намоянд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз аҳзоби мухолифи кишвар аст, ки дар оғози солҳои 2000 дар замони мушовири президент будани Раҳматилло Зоиров сабтином шуда, то ҳол фаъолият дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дигар барои чи анчуман мегузаронанд охир? Аз ин анчуман ягон фоида нест факат як расходи зийодати.
Посух додан
  • Соро

  • 12 октябр 2013 19:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Братан Рахматило биё хамун Узбекистонат рав. Дидй, ки дар ичо рузи хуш надорй? Ё хамун кори адвокатита када гард. Пули нагз миёвй.. Зеро хама гап дар сари пулу мансабай.
Посух додан
  • Хилол

  • 13 октябр 2013 05:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамаатон хато мекунед. Ин Зоиров боаклона кор мекунад. Бехтарин принсипхоро гузоштааст!
1) то 01.11.2013сол аз байн бардоштани номзади гайриконистутсионии чаноб.
2) ба кайд гирифтани номзади Бобоназарова дар ин интихобот ва ба хукми суди кувваи конуни гирифтани ин. Чунки тибки шуморахо 5% имзо хамаги 200 110 имзо мешавад на 205 хазор. Як хазору 226 имзо зиети чам шудааст. Дигар ин ки ин 5номзади дигар хамаашон алтернативии чанобанд. Рахмон аз у 5 номзади сабтшудаи хасаки наметарсад. Зоиров ва Кабири чамъочамъ хукуматдоронро ба по афтодаанд.
Посух додан
  • Nekruz

  • 13 октябр 2013 20:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Kidat razbor nadora Zoirov wink wink wink

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!