Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:51

Писари Зафар Нозим баъди 5 рӯзи лату кӯб даргузаштааст

12 октябр 2013, 17:37

Карим Нозимов, фарзанди шашуми овозхони номовари тоҷик -- Зафар Нозимов аз дунё даргузашт. Бино ба иттилои расида, Карим 27 сол дошта, ҳафтае қабл аз сӯи афроди номаълум дар назди манзили зисташ лату кӯб мешавад.

Дар пайи ин ҳамла майнаи сари ӯ осеби сахт бардошта ва то замони даргузашташ дар беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст. Ҷузъиёти лату кӯби Карим рӯи даст нест. Аз Карим Нозимов тифле ба ёдгор мондааст. Аз ин пеш ду фарзанди дигари Зафар Нозим дар айни ҷавонӣ ин дунёро тарк карданд, ки яке аз онҳо Соҳибқирон, оҳангсози шинохта буд.

Худи Зафар Нозимов моҳи августи соли 2010 дар синни ҳафтодсолагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Зафар Нозимов авохири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми асри гузашта рӯи саҳна омада ва дар як фурсати андак зуд маъруф шуд.


Дар акс: Зиндаёд Зафар Нозимов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Noz

  • 12 октябр 2013 18:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рухат шод бод. ХУДО чазои гунахкорро албатта медихад
Посух додан
  • Фира

  • 12 октябр 2013 19:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд рухашро дар садри чанат шоду гурашро пурнур гардонад
Посух додан
  • Шер

  • 12 октябр 2013 20:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инна лиллохи ва инна илайхи рочеъун. Ба хонадони мархум аз даргохи Яздони пок сабри чамилро хохонам.
Посух додан
  • ahmadjon

  • 12 октябр 2013 21:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Gunohoyawa avf kunad Xudo
Посух додан
  • изатуллох

  • 12 октябр 2013 21:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд рахмату магфираташ кунад омин
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имрузхо гунбади осмони Точикистонро, ки дар забонхо софу бегубор аст, абрхои тундхуву бадхашм фаро гирифтаанд ва селборони гурбатхои худро ба сари сокинони он гоху бегох мерезанд. Онхое, ки аз рашк ё бухл оромии мардуми точикро бархам мезананд бояд мучозот бинанд. Ба ахли хонаводаи Нозимовхо сабр ва ба абрхои тундхуи осмони точик заволро таманно дорам
Посух додан
  • абдуллох

  • 13 октябр 2013 19:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
то ба кай дар точикистон ингуна конун шиканихо давом медихад ман сад дпр сад медонам ки ин чинояткоронро чазо намедиханд барои он ки агар кофту коб куни шояд чинояткор хукуматихо е наздикони онхо ин мансабдорон ва фарзандони онхо аст чандин бор инсонхои бегунохро мавриди лату куб карор доданд. ба таври мисол писари 16 солаи хукумов ки соати дуюними шаб бо мошинаш ба садама дучор шуда се нафарро ба катл мерасонад мисоли дигар лату куби сайфулозода е инки лату куби муовини раиси хизби нахзат мухамадамии хаит

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!