Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:38

Ҳушдор аз ифтитоҳи парванда дар номаи додгоҳ ба Кабирӣ

14 октябр 2013, 09:47

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо ирсоли номае ба Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ҳушдор додааст, ки барои мавқеъгириҳояш дар мавриди дарахтбурӣ ҳарчи зудтар аз шаҳрдории Душанбе маъзаратхоҳӣ кунад. Дар ғайри сурат, алайҳи ӯ, парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард.

Ин барои бори дувум аст, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба ин мазмун ба раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳушдор медиҳад. Қаблан, ин додгоҳ аз оқои Кабирӣ хоста буд, то рӯзи 17 июни соли ҷорӣ қарори додгоҳро дар мавриди узрхоҳияш аз шаҳрдории Душанбе иҷро намояд. Вале он вақт оқои Кабирӣ эълон дошт, ки “агар мақомоти судии кишвар барои иҷро накардани ин талаботи додгоҳ ҳар ҷазои сахттареро эълон кунад, омодаам иҷро кунам, аммо узрхоҳӣ нахоҳам кард.”

Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 1

  • 14 октябр 2013 09:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд мардони далери хакчуро дуст медорад. Ба Кабири пуртокати ва часуриро таманно дорам. Чунин мардони бо ору номус мардуми моро аз гумрохи берун меорад.
Посух додан
  • А

  • 14 октябр 2013 10:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Даздравствуй наш суд самый гуманний суд в мире.карор ачоиб бо аз тарики тв узрхохи кунад будааст дар гучои конун ин аст нафахмидам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вақте як хабарнигори миллатпараст ва моҷароҷӯи рус зиёиёни тоҷикро ба наҷосат баробар кард, шаҳрдории Душанбе ҳатто мижжа назад, гӯё дар ҳукумати шаҳр зиёиён кор намекунанд. Як марди сиёсатмадор, узви парлумони Тоҷикистон М Кабириро дар асоси мақолаи дарахтбурӣ як сол боз ба суд мекашанд. Вақте ки новобаста ба вазифа ва мавқеъ тоҷик дар ватанаш қадр надорад, кӣ гуфта, ки ӯ дар хориҷа қадр хоҳад дошт. Ҳамун аст, ки дар Русия ВАОи он кишвар ҳамарӯза бо кӯчактарин баҳона тоҷиконро мавриди масхара ва тӯҳматҳо қарор медиҳанд. Ҳар як ҳодиса ва ҷинояте, ки онҷо содир мешавад ҳатман бо тоҷикон вобаста мекунанд. Ҳукумат хомӯш буд ва хомӯш монд.
Посух додан
  • Бекор

  • 14 октябр 2013 10:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кабирӣ узви Маҷлиси Намояндагон аст, имунитети судӣ дорад. Наход судя то ин дарафа калаваррам бошад, ки инро дарк накунад?!
Посух додан
  • Шер

  • 14 октябр 2013 10:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инсон факат дар пешгохи Худованд узру тавб мекунад, на дар пеши инсони дигар. Им амали суд нодуруст аст. МО НАБОЯД БА ВОСИТА СУД АЗ ХАМДИГАР ИНТИКОМ ГИРЕМ ИН РОХИ ХАТОСТ, ОКИБАТИ ХУБ НАДОРАД. Бо умеди тавфик Шер.
Посух додан
  • max12

  • 14 октябр 2013 10:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хех ира говзур меган ё бесаводии судяхо ? тибки мукарароти мачлиси милли Чт ва конун дар бораи вакилони халк он чи дар парлумон гуфта мешавад е баргузор е пешниход мешавад аз тарафи вакилони халк ба чавобгарии чинои ва маъмури кашида намешавад! .. Писари Хукумов 3 нафарро куштаст холиям парвандаи чинои боз накардаан барои он ки вакили мачлиси милли изхори нигарони кардааст дар парлумон аз дарахт бури парвандаи чинои боз мекардиян ..ин хукумат аст двалат аст е ки ЧДММ ?? хар ки чигунае ки хост хамон гуна рафтор кунад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Кабири! Бахшидан ва бахшиш пурсиданро хатто пайгамбар дар хадисхояш таъкид карааст. Бахшиш пурсед ва хамдигарро ба огуш бигиред. Ин аст марди ин аст мусулмони.
Посух додан
  • Додрас

  • 14 октябр 2013 13:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Судхои номустаъкил! Шахрдори фишор овард, палаи мизон дигар самт майл хурд?
Посух додан
  • п

  • 14 октябр 2013 13:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Парвандаи маъмури кушода метавонанд, лекин парвандаи чинояти аз руи конун алайхи вакили мачлиси намояндагон мумкин нест.
Посух додан
  • КАРИМ

  • 14 октябр 2013 17:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародар Кабири 100% хак хасти хечгох узр напурс.Онхо бояд узр пурсанд шумо хатояшонро гуфтед.Россия пур аз дарахт аст аммо барои як дарахтро буридан ичозот гирифтан мушкил аст.Дар мо чи? Раис фармон дод буридан мегиранд ин раисо омадаву рафтан мегиранду дарахтон мемонанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!