Бахшҳо

Дар Тоҷикистон Шӯрои амнияти озуқаворӣ таъсис шуд

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт, ниҳоди тозае бо номи Шӯрои амнияти озуқаворӣ дар назди ҳукумат таъсис ёфт.


Ин мақомро нахуствазири кишвар Оқил Оқилов раҳбарӣ намуда, раҳбарони идораҳои мартуба аъзои он хоҳанд шуд.

Зимнан, ҳисоботи вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов дар мавриди татбиқи консепсияи сиёсати аграрии Тоҷикистон шунида шуд. Ин консепсия аз 31 декабри соли 2008 амал мекунад.  Қосимов гуфт барои татбиқи босамари консепсия як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла доир ба рушди парандапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, зотпарварӣ, беҳгардонии ҳолати чарогоҳҳо, моҳипарварӣ, пахтакорӣ, тухмипарварӣ, боғу токпарварӣ қабул шуда, дар ҳоли татбиқшавиянд.
Эмомалӣ Раҳмон барои беҳдошти соҳа ва таъмини рушду тараққиёти бемайлони он дар назди масъулин доир ба таъсис додани хоҷагиҳои алтернативии хусусии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва зотпарварӣ, таъмини хоҷагиҳо бо техника, барқарорсозии чоҳҳои обкашӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин тарғиби васеи парвариш, коркард ва истеъмоли ҷуворимакка дастуру ҳидоятҳо дод. Ба вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.

Дар ҷаласаи ҳукумат ҳамчунин консепсияи миллии тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар робита вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ҳисобот дод.
Райисҷумҳур ба вазорати маориф дастур дод, ки то моҳи январи соли 2012 Барномаи давлатии тарбияи насли наврасро таҳия ва пешниҳод намоянд. Вазорату идораҳои дигари масъул низ вазифадор шуданд, ки дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми арзанда гузоранд. Президенти кишвар ба масъулин доир ба бартарафсозии норасоии омўзгорон дар мактабҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳои аҳолинишини ҳамаи минтақаҳо, зиёд намудани мактабу боғчаҳои кўдаконаи хусусӣ, бо далелҳои қотеъ фаҳмондани зарари телефонҳои мобилӣ, хусусан ба саломатии кўдакону наврасон, супоришҳои мушаххас дод.

Лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Тоҷикистон» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва ҳамчунин тарҳи як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда писандида шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони МО пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи милитсия» пешниҳод гардид.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат  иттилоъ доданд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)