Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:32

Панфилов дар бораи исломиҳо, ҳукумати Тоҷикистон ва Зайду зиёиён

14 октябр 2013, 10:35

Олег Панфилов, журналисти шинохта, ки то оғози даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарду баъдан ба хориҷ рафт, ахиран ба Душанбе омад ва меҳмони “Озодагон” буд. Панфилов мегӯяд, ӯ зодаи Тоҷикистон аст, аммо чун дар кишвараш ӯро "душмани халқ" эълон карданд, маҷбур буд, рӯ ба фирор орад. "Аммо то ҳол шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳифз намудаам",-афзуд ӯ.

Панфилов баъд аз фирораш ва хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бори нахуст бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон соли 2001 ба Душанбе омада, дар ҷашни 10-солагии Истиқлолият иштирок кардааст. Баъд аз ин, хабарнигори варзида борҳо барои баргузории нишастҳову давраҳои омӯзишӣ ба Тоҷикистон омадаасту меояд. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки Панфилов Тоҷикистони соҳибистиқлолро чӣ гуна дарёфтааст?

Олег Панфилов: "Истиқлолияти Тоҷикистон, ин чизест, ки мо ҳамеша хостори он будему талош мекардем. Агарчӣ узви ягон ҳизб набудаам, аммо ҳамеша тарафдори “Растохез” будам. Ҳамаи зиёиёни тоҷик, ки атрофи “Растохез” ҷамъ шуда буданд, ҳамеша хостори истиқлолият буданд ва ҳамеша мегуфтанд, Тоҷикистон бояд кишвари алоҳидаю вобастаи касе набошад. Аммо он чизе, ки дар Тоҷикистон аз соли 1992 ҷой дорад, наметавонам, Истиқлолият гӯям. Ин на чизест, ки мо хоҳони он будем, чун Тоҷикистон пойбанди Русия, ҳам дар умури сиёсат ва ҳам иқтисод аст. Тоҷикистон сиёсати мустақил надорад. Аз ҳама муҳимаш ин пойбандӣ аз Русия ба тафаккур, ҳуввияти миллӣ ва забони миллии тоҷикон таъсири манфӣ дорад. Бисёр мутаассуфам, ки имрӯз ҷавонони тоҷик ҳадафи фарҳанги империалии Русия қарор гирифтаанду дар бораи он ки Тоҷикистон бояд чӣ гуна кишвар бошад, кам фикр мекунанд."

Озодагон: Шумо аз фарҳангу забони тоҷикӣ гуфтед. Мегӯянд, дар охири солҳои 80-ум яке аз ҷонибдорони сарсахти қабули қонун дар бораи забони тоҷикӣ будед ва худатон ҳам онро хуб медонед. Имрӯз ба вазъи забони тоҷикӣ ва фарҳанги мо чӣ баҳо медиҳед?

Олег Панфилов: “Барои барқарор кардани анъанаҳои фарҳангӣ бояд ҳукуматдорон бофарҳанг бошанд. Ростӣ, барои ман қиёси он чизеро, ки ҳоло дар Тоҷикистон мебинам, бо оне ки то соли 1992 буд, дардовар аст. Забони тоҷикӣ дар Душанбе хароб шудааст. Дар кӯчаҳо як забоне роиҷ шуда, ки барои ман фаҳмиданаш мушкил аст. Дар Душанбе то соли 1992 зиёд буданд зиёиёне, ки бо забони хеле хуб сӯҳбат мекарданд. Дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳам чизеро намоиш медиҳанд, ки фарҳанг нест. Аммо аз афташ ин намоишҳо мувофиқи табъи ҳукуматдорон аст. Барқарорсозии фарҳанг ин кори саҳл нест. Барои Тоҷикистон шояд баъд аз иқтисод барқарорсозии фарҳанг мушкили дуюм бошад.”

Озодагон: Дар мо шахсиятҳои алоҳидае, ба монанди Барзу Абдураззоқов ҳастанд, ки талош мекунанд, як осори арзишманд биофаранд. Вале на ҳама вақт ба онҳо чунин имконият медиҳанд...

Олег Панфилов: “Дар баробари Барзу ман метавонам, чанд нафари дигарро номбар кунам, ки ситораҳои фарҳанги тоҷиканд. Барзу на танҳо коргардони бузург, балки инсони бузург аст, зеро баёни ошкорои мавқеи шаҳрвандӣ ин ҳамеша мушкил аст, вале Барзу натарсид. Дар маҷмуъ дар мавриди зиёиёни пасошӯравӣ ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки одатан худхоҳ, на он қадар оқил, ки интизори имтиёзу мукофотҳоянд. Қазияи ба додгоҳ кашидани Олга Тутубалина мисоли хуб аст, ки қишри зиёӣ дар Тоҷикистон мурдааст. Зиёиёни эҷодкору рӯшанфикр вуҷуд надоранд. Танҳо ситораҳои алоҳидае, монанди Барзу мондаанду бас.”

Озодагон: Шумо хуб медонед, ки ҳоло бештар аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қарор доранд. Солҳои охир Тоҷик дар Русия ифодагари кӯчарӯб шудааст. Чӣ кунем, ки тасаввур ва муносибат ба тоҷикон дар хориҷ, махсусан дар Русия беҳбуд ёбад?

Олег Панфилов: “Барои ин бояд, ҳукумате бошад, ки пеш аз ҳама ба тоҷикони дохил эҳтиром бигузорад. Аммо имрӯз Русия Тоҷикистонро ба пойгоҳи ҳарбӣ ва хазинаи қувваи кории арзон табдил додааст. Имрӯз барои Русия танҳо қаламрави Тоҷикистон зарур аст. Давоми 22 соли истиқлол ман боре нашунида ва нахондаам, ки Русия ба Тоҷикистон лоиҳаи муфиди иқтисодӣ пешниҳод карда бошад.”

Озодагон: Дар мо бисёриҳо бовар доранд, ки бидуни Русия вазъи Тоҷикистон табоҳ хоҳад шуд. Ҳамон назаре, ки қаблан дар Гурҷистон низ роиҷ буд, вале маҳз баъд аз тағйири сиёсат нисбат ба Русия ин кишвар рӯй ба рушд ниҳод. Шумо, ки ахиран соҳиби шаҳрвандии Гурҷистон низ шудеду дар калонтарин донишгоҳи Қафқоз, Донишгоҳи давлатии Илии Гурҷистон, дарс медиҳед, ба таҷрибаи Гурҷистон ва имкони татбиқаш дар Тоҷикистон чӣ назар доред?

Олег Панфилов: “Албатта, баъд аз ин Гурҷистон мустақил шуд. Аз Русия чизе - на нафт ва на газ - намехарад ва ҳатто ба Русия нерӯи барқ мефурӯшад. Дар бархӯрди низомии Русия бо Гурҷистон панҷ соли пеш ман узви Шӯрои амнияти Гурҷистон будам ва нахустин коре, ки кардем, пахши ҳамаи шабакаҳои телевизионии Русияро манъ кардем ва давоми ин панҷ сол ҷомеа дар Гурҷистон нисбатан солим шуд, зеро ташвиқоту тарғиботи Русия одамонро сахт тағйир медиҳад.”

Озодагон: Яъне, ин бовар дар Тоҷикистон, ки мо бе Русия буда наметавонем, натиҷаи тарғиботу ташвиқоти худи Русия аст?

Олег Панфилов: “Албатта, аввал ки ҳозир Русия Тоҷикистонро бисёр пойбанд кардааст. Ба фикрам, беш аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия аст. Ин, яъне, ҳар оиларо як муҳоҷир таъмин мекунад. Вақте ман фаҳмидам имрӯз талаботи Тоҷикистон бо меваю сабзавот ҳам аз ҳисоби воридот аз Покистону Чин таъмин мешавад, дар ҳайрат мондам. Чӣ хел? Тоҷикистоне, ки дар сурати роҳандозии сиёсати дурусти иқтисодӣ метавонад нисфи Русияро хӯронад. Аммо имрӯз ҳамаи мардҳо дар Русияанду дар деҳот танҳо занҳоянд ва хоҷагии қишлоқ ҳам дар сатҳи зарурӣ намондааст. Дар Тоҷикистон ҳастанд иқтисоддонҳои варзида, ки дар сурати додани имконият метавонанд, кишварро пеш баранд, вале дар ин ҷо боз Русия аст, ки хоҳони сиёсати хуби иқтисодӣ дар Тоҷикистон нест. Зеро, дар он сурат, вобастагӣ аз Русия коҳиш хоҳад ёфт. Аз ҷониби дигар, дар кӯчаҳои Душанбе сари ҳар қадам чиниҳоро вохӯрдан мумкин, ки бо кор таъминанд, вале худи тоҷикон дар талаби кор ғарибанд. Ҳукумат як барномаи самараноку хуби иқтисодӣ надорад.”

Озодагон: Дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил Гурҷистон аз ҷумлаи кишварҳое дониста мешавад, ки дар пайи ислоҳот суръати пешравияш афзудааст. Аммо бисёриҳо мегӯянд, иқтисоди Гурҷистон сунъӣ аст, чун Русия дигар аз шароб, ситрусиҳо ва дигар маҳсулоти он рӯ гардондааст ва иқтисоди ин кишвар танҳо дар пояи кумакҳо аз Ғарб истодааст?

Олег Панфилов: “Ин як миф аст. 80 дарсади винои гурҷӣ дар худи Гурҷистон фурӯхта мешавад. Танҳо 20 дарсадаш ба содирот меравад. Ман инро барои он мегӯям, ки худам ҳам токзор дорам. Такягоҳи асосии иқтисодиёти Гурҷистон ин андозу расмиёти каму сабук аст, ки фурӯшандагон сармоядоронро ҷалб мекунад. Аз ҷумла, автомобил дар Гурҷистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя қариб ду баробар арзонтар аст. Хариду бақайдгирии он, монанди Тоҷикистон, вақти тӯлонӣ неву ҳамагӣ 15 дақиқа мегирад. Азбаски расмиёт кам аст, теъдоди сайёҳон ҳам дар ин кишвари хурд афзудааст ва танҳо дар 9 моҳ се миллион сайёҳ аз Гурҷистон боздид кардаанд.”

Озодагон: Аз сӯҳбатҳоятон бармеояд, он Тоҷикистонеро, ки имрӯз дарёфтед, на онест, ки Шумо аввали солҳои 90-ум дар бораи он орзу мекардед? Шумо дар Тоҷикистони чӣ гуна зиндагӣ кардан мехостед?

Олег Панфилов: “Оҳ! Медонед, соли 1991 дар хонаи Давлат Худоназаров, мо бо ҳамроҳии ҳамсари ӯ – Гавҳар дар мошинаи дӯзандагӣ парчами Тоҷикистонро, ки ҳозир аст, дӯхтем. Он замон мо бисёр орзуҳо доштем. Аммо дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, вақте Сангак Сафаров ба минбар баромад, дилам хунук шуд. Он лаҳза фаҳмидам, ки Тоҷикистони мехостагиямонро аз даст додем. Ман намегӯям, ки барои ҳамеша. Умед дорам, тағйироту пешравиҳо хоҳанд буд. Мо дар бораи як кишвари соҳибихтиёр, ки пойбанди Русия набошаду ба тариқи Покистон бо бандарҳои ҷаҳонӣ дастрасӣ дошта бошад ва дигару дигар фикр мекардем.”

Озодагон: Барои тағйиру пешравиҳо дар Тоҷикистон чӣ фикр ё чӣ пешниҳод доред?

Олег Панфилов: “Бояд ислоҳоти ҷиддӣ ба монанди Гурҷистон роҳандозӣ шаванд. Аммо ҳатмӣ нест, ки монанди Гурҷистон ислоҳоту тағйирот тариқи инқилоб сурат гирад, чун Тоҷикистон таҷрибаи талхи солҳои 90-умро дорад ва мардум ҳам хоҳони он нестанд. Танҳо ҳукуматдорон бояд дарк кунанд, он чизе, ки имрӯз дар Тоҷикистон сурат мегирад, ин пешравӣ нест, ин таназзул ё худ деградатсия аст.”

Озодагон: Барои он ки ҳукумат зарурати тағйиротро дарк кунаду барои ислоҳот талош кунад, чӣ бояд кард?

Олег Панфилов: Мутаассифона, дар Тоҷикистон давоми 20 соли истиқлол ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул наёфтааст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ин маҷмӯи зиёди одамон аст, ки ба мушкилот дар соҳаҳои гуногун, на танҳо сиёсат, балки дар самти иҷтимоӣ фаъоланд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъол бошад ва мубориза барад. Аммо дар Тоҷикистон ҳукуматдорон ба танқид таҳаммулпазир нестанду онро таҳқир мешуморанд. Он ки танҳо имсол беш аз 10 парванда бо иштироки рӯзноманигорон дар додгоҳҳои Тоҷикистон қарор доранд, шаҳодати он аст, ки ҳукуматдорон талош мекунанд, болои ҷомеаи шаҳрвандӣ фишор оранд. Ин нишонаҳои атвторитарӣ будани Тоҷикистон аст ва агар ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза набарад, ин ба диктатура меорад. Дар демократия бояд ҳамеша интихоб ё худ алтернатива бошад. Масалан дар мавриди Ойниҳол Бобоназарова, ҳама медонанд, ки ӯ дар интихобот шояд ҳамагӣ 10 дарсади овозҳоро ба даст меовард. Агар мақомот бе эҷоди монеаҳо ӯро сабти ном мекарданд, ба фоидаи имиҷи Тоҷикистон буд. Ҷаҳон мегуфт, ки ин ягон номзади тақаллубӣ несту демократия аст. Масалан, дар Гурҷистон як ҷомеаи зинда аст ва рушди он низ босуръат хоҳад буд.”

Озодагон: Шумо дар бораи алтернатива ва интихоб гуфтед. Имрӯз дар мо бисёриҳо мегӯянд, ки ҳукумати феълӣ дар симои Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, ки азми таъсиси ҳизби сиёсӣ дошт, барои худ рақиби эҳтимолӣ дид ва парванда алайҳи Зайд низ ангезаи сиёсӣ дорад. Шумо чӣ мегӯед?


Олег Панфилов: “Хабари парванда алайҳи Зайд барои ман як шок аст. Ман дар гуфтушунидҳои ҳукумати мухолифин барои истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ба сифати коршинос иштирок мекардам ва ҳамроҳи Зайд барои истиқрори сулҳ 5 сол кор кардаам ва аз таҷрибаи худам мегӯям, ки Зайд аз ошкорбаёнтаринҳо ва ростқавлтарин инсонҳост. Ба фикри ман, ҳукуматдорони феълӣ алайҳи Зайд аз рӯи меъёри “яктаро зан, то дигарон битарсанд” муносибат мекунанд. Барои он ки Зайд ба маротиб оқилтар аз нисфи ҳукуматдорони феълии Тоҷикистон аст. Ин шахсест, ки метавонад иқтисоди Тоҷикистонро ба по хезонад.”

Озодагон: Шумо аз истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон гуфтед ва дар гуфтушунидҳо низ барои сулҳ иштирок кардед. Мехостам, назари Шуморо дар бораи раванди барқароршавии сулҳ дар Тоҷикистон фаҳмем, чун масалан дар ВАО-и давлатӣ он асосан дастоварди раисиҷумҳури феълӣ, Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешавад?


Олег Панфилов: “Медонед, ман вақте соли 2001 бори аввал бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргаштам, ба Қасри Арбоб рафтам ва ба ман осорхонаи Сулҳро дар яке аз ошёнаҳои ин бино нишон доданд. Бисёр дардовар буд, чун дар он ҷо танҳо суратҳои як ҷониби сулҳ оварда шуда буд. Аммо сулҳ аз як ҷониб намешавад. Дар ҷанги шаҳрвандӣ ғолибу мағлуб буда наметавонад. Ман оши оштиро ёд дорам, ки дар он ҷо ҳаминро гуфтанд. Аммо вақте сулҳ барқарор шуд, ғолиб танҳо як тараф дониста шуд. Бисёриҳо ба ин бовар доранд, барои он ки телевизионҳо дар дасти ҳукуматанд ва телевизион воситаи самараноки ташвиқоту тарғибот аст, чун корбарони интернету хонандагони матбуот дар Тоҷикистон камшуморанд.”

Озодагон: Дар ҳамин робита. Ахиран тариқи телевизионҳои давлатӣ як маъракаи густурдаи иттилооотӣ алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба назар мерасад ва бархе ҳадс мезананд, ки имкон дорад, дар оянда ин ҳизб баста шавад. Ин эҳтимол то куҷо воқеист?

Олег Панфилов: “Ин аблаҳии бисёр калон мешуд, чун ҲНИТ дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил ягона ҳизби расмии исломӣ мебошад. Дуюм, бо назардошти анъаноти исломии мардум ва таърихи пайдоиши ин ҳизб, бастани он метавонад ба такрори ҳаводиси аввали солҳои 90-ум оварда расонад. Махсусан, дар ҳоле ки роҳбарияти ин ҳизбро як сиёсатмадори ҷавони прогрессивӣ, Муҳиддин Кабирӣ ба дӯш дорад. Аз ҷониби дигар, алайҳи ходимони динию таҳсилоти динӣ дар Тоҷикистон як навъ муқовимат ба назар мерасад. Ба фикрам, ин як тарси идеологӣ аст. Ҳукуматдорон аз нигоҳи идеологӣ заъфашонро дарк кардаанд. Идеологияи Ислом воқеан ҳам пурзӯр аст. Мубориза бо Ислом дар Тоҷикистон аз оғози асри 20 сарчашма мегиранд, вақте масъулини ҳизбӣ дилхоҳ осор бо ҳуруфи арабиро нест мекарданд. Он замон ва ҳозир ҳам ба фикрам дар бархе аз иқдом алайҳи Ислом дар Тоҷикистон Русия даст дорад, чун Русия аз Ислом сахт метарсад. Аммо дар Тоҷикистон Ислом як қисми фарҳанги мардум аст ва мубориза бо он баромад алайҳи мардум аст.”

Озодагон: Дар охир ҳар гуфтание доред, бифармоед...

Олег Панфилов: “Дар охири ин сӯҳбатамон ман мехостам ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат карда, гӯям, одамоне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, душмани Ватанашон нестанд. Ин ки онҳо фикри дигар доранд, ба он маъно нест, ки онҳо душмани кишвари худанд. Онҳое, ки бо мағзи сарашон кору фикр мекунанд, наметавонанд душман бошанд ва чунин афродро душман гуфтан ин худ душманист.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Иброхим

  • 14 октябр 2013 11:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЛЕГ!ОФАРИН!!!
Посух додан
  • А

  • 14 октябр 2013 11:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як чахон ташаккур.
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 14 октябр 2013 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст гуфтед,Чаноби Панфилов!
Посух додан
  • 2

  • 14 октябр 2013 12:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин!!!! Шеоинар.
Посух додан
  • Хонанда

  • 14 октябр 2013 13:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр як мулоҳизаҳо ва посухҳои ҷомиъ ва шомили ҳақиқат,мантиқона ва дар асоси воқиятҳо тасвир шудааст.Офарин ! Вале хуб мешуд,ин суҳбатро баъди расиданаш дар Гурҷистон пахш мекардед.
Посух додан
  • КАРИМ

  • 14 октябр 2013 14:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Олег! Дур аз ватанхам бошед мушкилоти точиконро аз мо дида бехтар медонед.Як-ду насихати бародарона "зиеини" точикро мекардед.Ман шарм медорам аз хушомадгуи онхо,гузаштагони мо аьзоби гуруснагиро кашиданд,вале хушомад нагуфтанд.Инхо тайеранд боарои як бурда нон мисли кур рафтор кунанд.
Посух додан
  • Фахриддин

  • 14 октябр 2013 14:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имом Шофиъи Худо рахматашкунад гуфта буд, ки агар Худованди мутаъол Куръонро нозил намекарду хамин сураи Ъсрро нозил мекард басанда буд. Аммо Худованд бо хикмати худ чизеро медонист, ки мо бандагонаш намедо-нем ва бо лутфу карамаш хамаи Куръонро нозил кард...... Ман гуфтаниам, ки човоби охири ин сухбати Олег Панфелов басанда буд, лекин хеле розхоро ба мо кушод.... ПИРУЗИ бо худ чахор коида дорад пас хифзашон кунед: 1.Пирузиро талаб карда намешавад ва намеояд магар аз чониби Худованд. 2. Харгиз озодиро Худованд намедихад магар касеро ё уматеро худ хоста бошад пас шумо худро бо амалхои некатон ба Худо нишон дихед. 3. Хатман озодиро Худованд ба мардум медихад, гарчи гумони заифиро дар худ бинанд, ки мо нисбати харифон кудрату тавонои надорем. 4. Вакте, ки Пирузии Худованд бар болои бандагонаш омад ин пирузиро харгиз шикасте нест. (даххо далоил аз Куръон ба гуфтахои боло ишора шудааст аммо вакт фурсат надод) БО УМУДИ ПИРУЗИИ ХАК БАР БОТИЛ, ОЗОДИ ДИНУ ВИЧДОН ВА ФАРХАНГУ МИЛЛАТ, ИСТИКЛОЛИЯТИ ВОКЕЪИ, ИХТИРОМИ АКАЛЛИЯТХО ВА ПОЙДОРИИ СУЛХУ СУБОТ ДАР ВАТАН ВА МИНТАКА ВА ЧАХОН ВА БО УМЕДИ РАСИДАН БА ЯК НИЗОМИ МАРДУМСОЛОРИ ВА ОДИЛОНА...
Посух додан
  • Rodmard

  • 14 октябр 2013 15:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зинда боши устод. Суханхои хак ва воло!!!
Посух додан
  • Мухтор

  • 14 октябр 2013 16:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То вакте,ки хукумати хозира бо рохбараш Э Рахмон ба истеъфо наравад ,Точикистон рушд намекунад ва демократияи хакики сохта намешавад.
Посух додан
  • mastchohi

  • 14 октябр 2013 16:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Da masali kabiri fikkri nodyryst dori janob kabiro uak tojire hast ki tnho dar fikri tijorat..........
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зиеиен кани шумо, Панфиловро хам ба суд дихед, шуморо мурда эълон кард.
Посух додан
  • Ahmad

  • 14 октябр 2013 17:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сyханҳои воқеан сода ва заминии мутобиқ ба орзу ва ормонҳои як миллати озод. Кош миллат мо ҳам мисли миллати Гyрҷи мафкyраи баланди озод зистанро медошт.
Посух додан
  • Ahmad

  • 14 октябр 2013 17:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сyханҳои воқеан сода ва заминии мутобиқ ба орзу ва ормонҳои як миллати озод. Кош миллат мо ҳам мисли миллати Гyрҷи мафкyраи баланди озод зистанро медошт.
Посух додан
  • Ab

  • 14 октябр 2013 17:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикрхои ахмакона! Дар бораи тозагии забон мегуи амо афсус забонро фаромуш кардаи. Аксарияти калимахои бегонаро дар гуфторатон истифода бурдаетон...!
Посух додан
  • Иктисодон

  • 14 октябр 2013 17:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Гурчистонда хами ЧТ хубтараст. Иктисоди Гурчистон бисёр осебпазир аст! Танхо ба кумакхои гарб вобстаги дорад. Агар як сол садака нагиранд аз гарб боз ба огуши Русия меояанд ин гурчхо.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!