Бахшҳо
14 окт 2013 11:47Тоҷикистон / Сиёсат

"Сафина" даъвои Ҳизби наҳзатро дар додгоҳ беасос хонд

Масъулони телевизиони “Сафина” даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи пахши барқасдонаи “барномаҳои антинаҳзатӣ”-ро рад кардаанд. Онҳо рӯзи 14 октябр дар додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, куллия барномаҳое, ки ба Ҳизби наҳзат ва ё рӯҳониён рабт дошт, бо супориши мақомоти дахлдор ва дар асоси номаҳои бешумори бинандагон пахш шудааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 19 сентябр аз болои Кумитаи радио ва телевизион, Шабакаи аввал, Ҷаҳоннамо ва Сафина ба додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурда буд. Ин ҳизб хоста буд, то се шабакаи телевизиони давлатӣ ба барномаҳои “ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ” хотима бахшанд.

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ, мегӯяд, акнун онҳо аз додрас мехоҳанд, то масъулони “Сафина”-ро маҷбур бикунад, ки супориши мақомот ва номаҳои бинандагонашонро дар бораи пахши чунин барномаҳо ошкор намоянд. Ба қавли ӯ, дар баррасии даъвои наҳзатиҳо алайҳи Кумитаи радио ва телевизион ва се шабакаи давлатӣ то рӯзи 17 октябр танаффус эълон шудааст.

Баррасии ин қазияро Темур Ҳафизов, муовини раиси додгоҳи Исмоили Сомонӣ бар дӯш дорад.
Мӯҳр
1
Ин Сафина мардуми точикро бе акл шуморида гуёки "дар асоси номаҳои бешумори бинандагон пахш шудааст." -гуфта ба мардум худашро ширин мекунад! Бовари дорам ки як шахрванди катории точик ба ин ноинсонона рафтор кардани ТВС бовар намекунад.

Яке аз бинандахои сершумор манам!

Салом! Ман яке аз бинандахои асосии телевизонхои (на танхо ТВ, хама мачала, хафтанома ва сайтхои хабарии) ватани хастам. ХНИТ ба чойи, он ки аз шабакахо ба макомоти далдор даъво бурдаанд, бехтар мебуд пайи ислохи он камбудихо мешуданд, ки дар фаъолияташон ошкор гардиданд. Новобаста аз он ки бо дархост ва таклифу пешниход ё супориши ки, ин танкиду таргиби интинахзати тарики телевизионхо пахш шуд, хатокорихои дагалона хеле зиёд дар корашон ошкор гардид, хаминаш безеб. Ин масъулони ТВС чихо мегуянд, номахои бешумори шахрвандон чи лозим, вакте худи нахзати икрор аст, ки дар кори хизматияш конун ва коидахои марбутаро риоя намекард (Хеч кас тарики мачбури ба бад гуфтан моил намешавад, то агар худ олудаи гунох набошад). Хар хизбро барои истодагарияш дар мукобили хизби дигар мебояд аз инсоф ва поккориву покизакори кор бигирад, масусан хизбе, ки дар он исми ПОКИ ИСЛОМ аст...хама шудаги фикри камина аст. ХУДО ДОНОСТ1,
1,

Сафар
Бинанда,! Худатро ин кадар олим натарош ё тухам аз «фабрикаи чавоб»–и?! Агар хамон барномахои пахш кардаи тв–хои давлати рост бошад, ки гуйё мардумро ба зури ё аз онхо нопурсида ба ин хиз шомил карданд пас оё хамин холат дар ХХДТ вучуд надорад?! Дорад 100%!!! Чаро ягон бор мусохиба ё як маротиба масъулини ХНИТ ба тв–хо рох намеёбанд, км назарашонро бигуянд?! Аз барои Худо шарм доред, ин маймунбозии тв–хои давлати ба кудак ошуор аст чи расад ба онхое, ки АКЛУ ФАРОСАТ доранд!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)