Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:14

Озодии Воҳидхон Қосиддинов ва баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

16 октябр 2013, 18:50

Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки рӯзи Иди Қурбон дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара боздошт шуда буд, озод гардид. Ӯ дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, ҳолаш хуб аст ва чанд муддати дигар дар Исфара хоҳад монд.

Маъмурони пулиси Исфара оқои Қосиддиновро рӯзи 15 октябр барои он ки аз имомхатиби масҷиди Хоҷа Устози Валии ҷамоати Чоркӯҳ хостааст, то намози Иди Қурбонро дар вақташ бигузорад, боздошт намуданд. Ҳарчанд бар асоси тақвим рӯзи таътил ё истироҳат буд, аммо додгоҳи Исфара дарҳол ӯро дар майдаавбошӣ муттаҳам карда, барои 15 рӯз ба зиндон фиристод.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Қосиддинов, мегӯяд, рӯзи 16 октябр Додситонӣ ва Додгоҳи вилояти Суғд аризаи шикоятии онҳо аз болои қарори додгоҳи Исфараро баррасӣ карда, озодии нафари таҳти ҳимояти ӯро талаб намудаанд. “Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд қарор кард, ки Воҳидхон Қосиддинов ягон майдаавбошӣ накардааст ва бинобар ин аз боздошт озод шавад”,-афзуд ӯ.

Ба қавли мусоҳиби мо, Коллегияи додгоҳи вилояти Суғд, инчунин, қарори додгоҳи Исфараро ғайриқонунӣ хондааст. Ин мавзӯъро Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ба баррасӣ гирифта, онро “амали ғайриоқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон” номидааст. Ин ҳизб дар баёнияи худ гуфтааст, “амали мақомот нишон медиҳад, ки дар кишвари мо раванди поймолшавии ҳуқуқи инсон аз тарафи онҳо на танҳо коҳиш наёфтааст, балки бештар гашта, шаклан ва моҳиятан ба фазои солҳои 30-и асри 20 шабоҳат пайдо мекунад. Мақомот на танҳо ҳуқуқи шахсиву динӣ ва сиёсиву иқтисодии мардумро дағалона поймол менамоянд, ҳатто камтарин вокунишро нисбати ин гуна амалкардҳои ғайриқонунии худ, чӣ дар шакли хоҳиш ё эътироз, таҳаммул карданӣ нестанд.”

Боздошти Воҳидхон Қосиддинов дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо вокунишҳои шадиди корбарони интернет рӯбарӯ омад. Бештари корбарон ин қазияро бо садамаи писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳан, ки се нафарро кушта, вале ҳоло худаш дар Олмон қарор дорад, муқоиса кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ман.

  • 16 октябр 2013 19:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хнит е инит номзади худро дар интихоботи карибулвуку сабти ном накунад. Хамаи мо мухочирон аз хнит руй мегардонем. Мо аз ххдт чандсол пеш руй тофта будем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вохидоваи аухтарам. Шумо як адвокати дуруггуй боз бпниатонро халондеда???? Магар Косидинуф намедоеад, ки Шумои азиз чандин солхо хамчун каллоб бо дипломи фалшивий крр кпрда будед. Косиддинов низ яке аз шазсонест, ки дар вартаи бало гутонидани чавонони Исфара ва Чрркух дар катори Кори Ходи бояд чавоб мегуфт. Магар ба ин даст надоред Косидинуф.........

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!