Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

Беш аз 30 кило мухаддарот мусодира гардид

29 июл 2011, 11:25

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Чкалов миқдори зиёди маводи нашъадор ёфт шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, зимни амалиёт истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб Муҳибулло Саидов боздошт шудааст. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 26 бастаи селофанӣ дарёфт шудааст. Аз дохили ин бастаҳо дар маҷмӯъ 33 килову 250 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» мусодира кардаанд. Ба иттилои манбаъ Муҳибулло Саидови 35 сола доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаи 347-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озоди маҳрум гардидааст. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!