Бахшҳо
16 окт 2013 19:12Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳизби Жириновский: Интиқоли пули муҳоҷирон қатъ шавад

Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), ба раҳбарии Владимир Жириновский, аз Дмитрий Медведев -- нахуствазири ин кишвар тақозо кардааст, то интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ тавассути бонкҳо қатъ шавад. Ин пешниҳод ба дунболи қатли Егор Шербаков ва тазоҳуроти зидди муҳоҷирон дар Бирюлёвои Маскав сурат мегирад.

Ярослав Нилов, намоянда аз Ҳизби либерал-демократи Русия дар Думаи давлатӣ гуфтаааст, “агар интиқоли маблағи муҳоҷирон қатъ шавад, онҳо маҷбур мешаванд, худашон ин пулро ба хонаҳояшон бубаранд. Аз ин тариқ, имкони назорати рафтуои муҳоҷирон ҳам таъмин карда мешавад.” Вай афзудааст, “ин моратория бояд ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам ашхоси ҳуқуқиро фаро бигирад. Чунин пешниҳодҳо аз ин пеш ҳам шуда буданд, аммо то ин замон танҳо мақсади назорати маблағи интиқолшаванда дар маърази диққат буд, на назорати будубоши қонунии муҳоҷирон.”

Ин пешниҳод, ки рӯзи 16 октябр ироа шуд, миёни муҳоҷирон нигарониҳоеро ба бор овардааст. Соҳибёри Толиб, рӯзноманигори муқими шаҳри Маскав, ки муҳоҷирати тоҷикон дар Русияро пайгирӣ мекунад, гуфт, агар ин пешниҳод пазируфта шавад, мушкили иловагӣ болои муҳоҷирин хоҳад буд. “Инчунин, роҳҳои нави фасодро дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан барои мақомдорони ин кишвар мекушояд”,-афзуд вай.

Бино ба омори расмӣ соли 2012 аз Русия ба кишварҳои муштаракулманофеъ ҳудуди 17,8 миллиард доллар маблағ интиқол ёфтааст, ки аксари кулли ин маболиғ ба Укроин, Озарбойҷон ва Тоҷикистону Узбакистон рост меояд.
Мӯҳр
Tojik
Russiya boyad hamai muhojironi Tojikro az qalamravash ba vatani onho intiqol dihad. Bigzor biyoyand ba vatani xud az hukumati xud talab kunand joi kor baroi onho tashkil kunad. Yin khel zindagi kardan mufofiqi qonuni tabiat nest, misol volidon dar maskavu farzandonash dar Tojikiston. Mardumi Rus boyat az hukumatash talab kunad ki hamai muhojironro barorand az Rossiya.

Барои ор ки интиколи пули мухочирон аз русия катъ шавад зиёда аз 50 фоиз бонкхои давлатхои пасо шурави аз кор мемонанд ин бар зарари хам русия ва хам дигарон мебошад .

Ин ҳам лақидани навбатии Жирик ва ширкаташ мебошад. Кадом бонк ба ин розӣ мешавад? Ҳамаи бонкҳо маъмулан аз доду гирифт ва интиқоли пул даромад меёбанд. Он лаққи ҳар замон бояд ягон изҳороти аблаҳона бикунанд.
Масъалаи дигар, тамоман манъ кардани муҳоҷирати меҳнатӣ дар русия аст, ки ин ҳам имконнопазир аст, зеро Русия ба қувваи арзони корӣ зарурат дорад. Вақ-вақи баъзе аз намояндагони сиёсии онҳо танҳо намоишист. Русия ҳамасола садҳо миллиард аз ин муҳоҷирин фойда меёбад. Лекин аз ҳама ҷиҳати хубаш барои он кишвар ин аст, ки муҳоҷирин барои афзоиш ёфтани аҳолии Русия "мусоидат" мекунанд.

агар пеши ин икдоми пешгирифтаи Жир....... гирифта нашавад сарусомонихои зиёдеро ба бор меоварад ки аз ин аллбата халки камбагал азоб мекашад Холо ки сари вакт аст хукумати Точикистонро мебояд ки ин пешниходро бо давлати Руссия мусби хал намоянд.Яъне бо рохи мусолиха......

Ба кисаи муҳоҷирини меҳнатӣ аз ҷор тараф чашмони гургони гурусна духта шудаанд. Аз ҳукуматҳову парлумону бонкҳо сар карда, то сарҳадбон ва гумруки роҳи оҳани узбаку туркману тоҷик. Вой ба ҳолат муҳоҷири сарсахт. То ба кай дар мусофирӣ гашта, оғӯши гарми ҳамсаратро др як сол даҳ рӯз мебинӣ? Ҳамин ҳам зиндагӣ шуд?

ИН КАСАЛИ ВИЧ ДОРАД ДАР ДАХОНАШ....

ин жириноскай мухчир гастер аст милаташ еврей у ба чои русхо чакида мегардад худаша ширин мекунад е ки русхоро ба масалаи мухочирин саргардон карда еврехои росия худашон хурда мегарданд о балое хамаи пули русияро еврехо ба исроилу англия бурданд ку ин хеч гап нею чор сум пули мехнати чабини мухочирин гап шуд милиардхоро абрамович березовски хадарковски платон жириновски бурданд ку хамин хелихо хазоронанд боз навални гап зан шидай айба донед ранги шумо пули муфта набурданд пули нефта

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)