Бахшҳо

Эҳтимоли бойкоти интихоботи президентӣ аз сӯи Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати иҷро нашудани чанд шарташ аз сӯи мақомот интихоботи шашуми ноябрро бойкот хоҳад кард.

Ҳоло барои дарёфти курсии президенти Тоҷикистон шаш номзад сабтином шуда, мулоқоташон бо интихобкунандагон ҳам оғоз ёфтааст. Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, номзади ислоҳотхоҳон ба далели ин ки 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ наоварда буд, аз идомаи сабқат маҳрум гардид.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, 210 ҳазор имзое, ки Кумисюни марказии интихобот барои сабтиноми номзадҳо муқаррар кардааст, ғайриқонунист. Дар ҳоле ки бино ба ҳисоби онҳо 201 ҳазор имзо барои сабтиноми як номзад ба курсии президентӣ кофӣ будааст. “Мо дар маҷмӯъ 202 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардем. Дар аввал Кумисюни марказии интихобот шумораи раъйдиҳандагонро 4 миллиону 22 ҳазор ва пас аз чанде 4 миллиону 34 ҳазор эълон кард. Аз ин ҳисоб панҷ дарсдаш каме бештар аз 200 ҳазор хоҳад шуд, ки мо онро дорем. Аммо Кумисюни марказии интихобот 210 ҳазор имзоро аз куҷо ёфта?”,-афзуд ӯ.

Хонум Бобоназарова дар идомаи фазои пеш аз интихоботи президентиро “бисёр бад” унвон кард ва гуфт, “Қонуни интихобот ва Қонуни асосии Тоҷикистон дағалона вайрон карда шуд”. “Барои ҳамин, агар интихобот дар ҳамин шакл баргузор гардад, интихоботи ғайриқонунӣ хоҳад буд”,-таъкид кард ӯ. Бо ин ҳол, Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, онҳо дар робита ба иҷзоҳои ҷамъовардаи худ ба Кумисюни марказии интихобот муроҷиат мекунанд ва тасмими ниҳоиро вобаста ба ҷавоби ин ниҳод хоҳанд гирифт.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон эълон карда буд, ки агар то якуми ноябри соли ҷорӣ номзадии Бобоназарова сабтином нашавад, интихоботи президентиро бойкот хоҳад кард. Кумисюни марказии интихобот ин иддаои сотсиал-демократҳоро беасос хонда, сабтиноми номзадии Бобоназароваро ғайриимкон дониста буданд.
Мӯҳр
Мухочир.
Номзади Бобоназарова бояд сабти ном шавад чунки бехтарин номзат аст.

адл душанбе
Бовари хаст, ки интихобот мисли туй ва бо иштироки фаьолонаи мардум гузаронида мешавад. Имзо, ки чамь карда натавонисти боз байкот чи маьно дорад. Ин боз чи рохи мардумро аз рохи рост берун баровардан аст. Демократияи мардуми- ин демократияи бе мухолифин аст.

Хукумат моро мачбур ба тахрими интихобот кард, пас ягона рох БОЙКОТ!!! Ягон пешшарт лозим нест Хонум Ойнихол!!!
Хукуки 40% интихобкунандагон, Мухочирин хастан дагалона поймол шуд. бисёри мардум бар ин назаранд, ки рафтан ба интихобот фоида надорад, ва кишри дигар, ки Номзадии Хонум Ойнихолро интизор буданд холо маъюс шуданд. АГАР ОВОЗИ МО ДАР НАЗДИ "АЪЛОХАЗРАТ МУХТАРАМ ЧАНОБИ ОЛИ" кадр надошта бошад пас иштироки мо чи лозим????

Чамьоварии овозхо ин як фиреби халк буд ва агар ба Бобоназарова ичозати кайдро медоданд шояд як компенсасия мешуд.
Локен коммисияи интихоботи бе ичозати боло хеч кор карда наметавонад!

А.
Рост ин кормандони кмир мустакил нестанд

А
Аз иштирок хеч фойда нест.зеро интихобот озод намешавад.бойкот.1 замина барои пайдо шудани опозитсия мегардад.2хукумати хозира дар назди чомеьаи чахони беобру мешавад.3боз

Формулаи микдори имзо:
Х=(4032000/100)*5=201600 [ ИМЗО ]. ХНИТ Шумо то имруз 1 имзохам ба КМИР пешниход накардаед! Бибичон Хубтараш рафта ба тарбияаи наберахо машгул шаветон!

Бекор
Маълима, неки хандондӣ..... lol
О бо байкон карданат чиро мехоҳӣ нишон диҳӣ?!
Шуморо на чистую воду подставили, вот и все !!

Вой ба ҳоли он миллате, ки аз байни 8 миллион аҳолӣ танҳо як нафар қобилияти президентшавӣ дошта бошад. Маълум мешавад, ки боқӣ ҳама ноқис - калу кӯру лангу сарзадаву камақли девонаанд. Пас ин давлат аст ё лепразорӣ ва девонахона? Он президент, президенти кӣ хоҳад буд? Эй мардум, боре дар ин бора фикр кардед? Чаро намехоҳед ҳар 5 сол президентро иваз кунед, ки қуваҳои нав ба нав сари кор биоянд, бо худ навоварӣ биёранд? Он вақт фасоду қавму қабилабозӣ низ, шояд, намешуд ё мумкин камтар мешуд? Ҳоло ҳам дер нашудааст, соҳиби иродаи худ бошед! Зомби нашавед! Аз сустиродагии мо мақомот ва фасодкорон суиистифода мекунанд!

Абдуллох
бра хора чо мекуни президентира. амикаи дига намерасад ки ин миллати 60 фоизашро чавонон ташкил медодагира як кампир рохбари куна. бра як китоби афсона гиру хон наберахота момачон меганта

Хукумати Точикистон ва Кумисюни маркази интихобот бахотири тарс аз пируз нашудан да интихоботи шашуми ноябр Бобоназороваро бо хар хела шуда аз ракобати интихоботи берун карданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)