Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:28

Парлумон роҳу фурудгоҳҳои Тоҷикистонро дар ихтиёри Бритониё гузошт

17 октябр 2013, 11:31

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми октябр, созишнома дар бораи интиқоли таҷҳизоти низомӣ ва ҳарбиёни Бритониёву Ирландияро тавассути Тоҷикистон ба тасвиб расонд.

Сайфулло Гиёев, вакили парлумон ин созишномаро муаррифӣ карда, изҳор дошт, ки ин созишнома ҳанӯз моҳи апрел дар Душанбе ба имзо расида, баъди тасвибаш бритониёгиҳо метавонанд, аз фурудгҳҳои Тоҷикистон ба сифати майдони ҳавоӣ истифода кунанд вале уҳдадор мешаванд, тамоми қонунгузории Тоҷикистонро риоя карда, ба корҳои дохилии кишвар дахолат накунанд.

Масъалаи мазкур аввалин бор баҳори соли 2012 аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ник Ҳорвей, вазири низомии Бритониё, матраҳ шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон ваъда карда буд, ки Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ барои берунории нерӯҳои НАТО-ро ба баррасӣ гирифта, аз натиҷаи қарори худ дар зудтарин фурсат Бритониёро бо роҳҳои дипломатӣ огоҳ хоҳад кард. Барои таҷриба аз роҳҳои Тоҷикистон он замон Бритониё ҳудуди 28 мошинҳои низомии худро берун карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"...Бритониё...ӯҳдадор мешавад, тамоми қонунҳои Тоҷикистонро риоя карда, ба корҳои дохилии кишвар дахолат накунад." Ана инро кишвари воқеан демократии ғарб мегӯянд. То ҳол ягон маротиба нашунида будем, ки русҳо бо ин гуна изҳорот баромад карда бошанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!