Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:10

Узвияти Расул Боқиев ва Комроншоҳи Устопириён ба ҲХДТ

17 октябр 2013, 11:49

Як гуруҳ аз дзюдочиёни Тоҷикистон дар остонаи интихоботи президентӣ узвияти Ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро ба даст овардаанд.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, “беш аз 10 дзюдочии тоҷик барои ба сафи ҲХДТ пайвастан муроҷиат намуда, ариза пешниҳод карданд.” Ин иттилоъро Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ҳам тасдиқ кард.

Ба ин тартиб, варзишгарони маъруфе ба мисли Саидаҳтам Раҳимов, Расул Боқиев, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Комроншоҳи Устопириён ва Шамс Киромов ба сафи ҳизби ҳоким пайвастаанд. Усмон Солеҳ мегӯяд, “ин иқдоми варзишгарон дар остонаи интихобот бартариву афзалияти ҲХДТ-ро нишон медиҳад. Ин анъана миёни варзишагарон маъруф аст, зеро ба наздикӣ зиёда аз 13 варзишгар аз ноҳияи Панҷ низ муроҷиат карда, ба сафи ҲХДТ пайвастанд.”

Ёдовар мешавем, соли гузашта низ 25 бозигарон ва кормандони дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб узвияти ҲХДТ-ро ба даст оварда буданд. Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ расман фаъолият дорад, ки ҲХДТ бо бештар аз 200 ҳазор узваш дар мақоми аввал меистад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Исо

  • 17 октябр 2013 11:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
зиёда аз 13 варзишгар аз ноҳияи Панҷ... (???????)
Посух додан
  • варзишгар

  • 17 октябр 2013 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин бартари не фишор ба варзиш ва сиёси кардани вазиш ва заъфи ХХДТ аст. шумо бечорахо мисли имзочамъкуниатон чунон заифед ки ба домони варзишкорон часпидед.
Посух додан
  • Ман

  • 17 октябр 2013 13:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Назди бозингарон ва рахбарияти тими «Равшан» шарт гузоштанд, агар ба ХХДТ аъзо шавед, дастаатонро сарпарасти мекунем. Онхо аз ночори аъзо шуда буданд. Бовари дорам хамин чудочиёнро хам ичборан аъзо кардаанд.
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 17 октябр 2013 13:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хмм..хамин варзиш хам олуда шуд ба сиёсат!!!
Посух додан
  • Рахим

  • 17 октябр 2013 14:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
биёед санъаткорону хунармандони театру синамо ва шоиру варзишгаронро ба сиёсат ворид накунем. Окибати бад дорад. Оё хизби хоким ягон идеологи хуб надорад, ки чунин тадбирхои соддаро тахлил кунад. лоакл дар ин маврид бо коммунистон машварат кунед тачрибаи хуб доранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маҷбурат кардан, Расул? Туи ҷаҳонпаҳлавон, ки аз шантажи онҳо тарсида бошӣ, вой ба ҳоли коргарони қаторӣ!
Посух додан
  • Мурабби

  • 18 октябр 2013 16:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бар холи варзишу варзишкорон! Варзишршо хам ба сиёсати касиф олуда карданд афсус!!! Афсус!!!
Посух додан
  • Самандар

  • 18 октябр 2013 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Варзишгарон: Мо бо ХХДТ-ем!!!
Посух додан
  • Дилёб

  • 22 октябр 2013 12:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон хамин Расул Бокиев набуд, ки чанд сол пеш худро ба Русия фурухтани шуд ва аз хукумати кунуни гилахо мекард. Ки "Точикистон маро кадр накард", "Варзишгар дар точикисон кадр надоад" ва г..... Вале чаро имруз боз пеши хизби хоким дум меликонад? Хеч аз хотирам намеравад, ки хатто даъво дошт ки чаро президент хангоми бозгаштам аз Русия ба пешвозам набаромад? Хамчунин номбурд гуфта буд, ки вакте ман ба Русия рафтам маро дар фурудгох худи Путин пешвоз гирифта буд. ин суханхо дар ВАО хам пахн шуда буданд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!