Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:16

Додгоҳ нахостааст, наздикони З.Саидов бо “ҷабрдидаҳо” рӯбарӯ шаванд

17 октябр 2013, 14:16

Додгоҳ қарор кардааст, то анҷоми баррасии моддаи марбут ба таҷовуз наздикони Зайд Саидов ҳаққи ширкат дар мурофиаи додгоҳиро надоранд.

Дар сӯҳбат бо “Озодагон” яке аз наздикони Зайд Саидов гуфт, ки қабл аз оғози баррасии моддаи 138 –и марбут ба таҷовуз, онҳоро дар ин бора огоҳ кардаанд. Ба гуфтаи сарчашма мақомот дар пайи ин дархости худ гуфтаанд, ки мурофиаи мазкур бояд пӯшида сурат бигирад ва ҳеч кас, ҳатто наздикони Зайд Саидов ҳаққи рӯ ба рӯ шудан бо духтарони гӯиё ҷабрдидаро надоранд.

Мурофиаи додгоҳии соҳибкори боздоштшуда, Зайд Саидов аз 12-уми сентябр шурӯъ гардида, то ин замон моддаҳои марбут ба қаллобӣ, пора ва сӯиистифода аз мақом мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. То ин замон дар нисбати Зайд Саидов аз рӯи 9 модда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Оҷонсии мубориза бо коррупсия Зайд Саидовро дар ду ҳолати таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ муттаҳам мекунад. Зайд Саидов ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо духтарони гӯиё ҷабрдида ҳатто шиносоӣ бо онҳоро рад кардааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, баъд аз эълони тасмимаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов ҳам дар ҷараёни тафтиши парванда ва ҳам дар толори додгоҳ тамоми онро рад кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОХИР БАРОИ ХАМИН ХАМ ТОЧИКИСТОНИ МО "СОХИБИСТИКЛОЛУ ДЕМОКРАТИЮ ДУНЯВИСТ", КИ МАНФИАТИ ХОКИМОНРО ЧОНИБДОРИ ВА АХКОКИ ИНСОНХОЕ ЧУН ЗАЙДРО ПОЙМОЛ СОЗАД. БА ГУФТАИ ШОИР "БАР САРИ АХЛИ ЗАМОНА ХОКИ ПО БОРАД КАМ АСТ, ЧОИ БОРОН АЗ ФАЛАК ТИРИ БАЛО БОРАД КАМ АСТ. ДУДИ ФИСК АЗ БЕНИЕЗЙ СУИ ГАРДУН МЕРАВАД, ЧОИ ОН ДОРАД,КИ ОТАШ АЗ САМО БОРАД,КАМ АСТ!"
Посух додан
  • Fighter

  • 8 декабр 2013 15:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вайронан чиян, наход ахли оилаша намонен дар додгох иштирок кунан! ГОВ Суд мекунен одама! Баъд аз сари вазифа рафтани Зайид Саидова чандинсола сипари шид. Чанд АВФ шуда гузашт шумо нав мекапен одама. Вайронан чиян ма нафахмидум)

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!