Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Изҳороти нави ВКД дар мавриди садамаи Расули Амонулло

17 октябр 2013, 14:28

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми октябр, бо пахши як изҳорот таъкид намудааст, ки ҳеч майли аз ҷавобгарӣ гурезондани Расули Амонулло, писари Амонулло Ҳукумов, раҳбари “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро надорад.

Дар иттилоияи ВКД омадааст, ки расонаҳои ахбори умум ба садамаи шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли ҷорӣ, ки бо иштироки писари Ҳукумов рух додааст, ҳаргуна тобиши сиёсӣ дода, ишораи онро доранд, ки гӯиё Вазорати корҳои дохилӣ майли аз ҷавобгарӣ дур сохтани гунаҳгоронро дошта бошад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қайд менамояд, ки ҳодисаи мазкур бо риояи тамоми талаботи қонуну қоидаҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, нисбати он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон тафтишоти он идома дорад.

Ин ниҳоди қудратӣ афзудааст, новобаста ба он, ки гунаҳкор фарзанди кадом шахси воломақом набошад, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ёдрас мекунем, садама, ки бо иштироки Расули Амонуллои 16-сола рух додааст, се кушта барҷой гузошт ва худи Расули Амонулло, ки гунаҳкори садама арзёбӣ мешавад, то ҳол боздошт нашудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Писари Хукумовро хеч кор карда, наметовонанд, вай ку бачаи бой бо хаст. Конун факат барои камбагалон хаст, касе ки тага дорад... Коруш халай..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Рамазон Рахимов! Дар яке аз рузномахои чопи имруз тафсилоти амалиёти боздошти муллои лучоби Асадулло нашр гардидааст, бо тамоми чухъиёташ. Магар рафти амалиёт сирр нест? Пас чи гуна он ба сахифахои матбуот баромадааст?
Посух додан
  • 2

  • 17 октябр 2013 15:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чинояткора махсус органхои кудрати гурезондагиян. Чи хел одами ба садама дучоршуда, нафари маъюб мегурезад. Дар Олмон истирохат дорад! Алакаи конуна поймол кардед. "Хакикат талх аст"
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МАГАР ИМКОН НАДОШТ, КИ МАЪЮБОНИ ДИГАР САДАМАРО НИЗ БА ОЛМОН БАРАД БО ХУД ШОЯД ЯГОН НАФАРИ ДИГАРРО НИЗ АЗ МАРГ НАЧОТ МЕДОД ВА ЖУРНАЛИСТОН НИЗ ОНКАДАР АЗ ПАСИ МАСЪАЛА НАМЕШУДАНД. ЧОНИ ХУДАШ АЗИЗ.
Посух додан
  • Мухочир

  • 17 октябр 2013 16:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъди садама кормандони хифзи хукукро хакоратхои кабех карда, дар такси нишасту рафт. Хайфи милиса, ки назди ин бойбачахо мисли хас кадр надорад. Аз инчо аллакай маълум аст, ки ба у хеч коре карда наметавонанд!
Посух додан
  • Беном

  • 17 октябр 2013 16:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин конун писарони мардумиёнаи Точикистон аст.Агар Расули Амонуллох то ба хол даст гир нашуда бошад,ин чи конунест,ки мо шахрвандон ба он итоъат мекунем!Хубтараш ба мисли дарандагони сахрои зиндаги кардан бехтар аст!
Посух додан
  • dovud

  • 17 октябр 2013 17:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Khay chiki shud nashud hamash az tarafi allohay chi
ze alloh bkhohad hamun khohad shud
Посух додан
  • Асрори Камол

  • 17 октябр 2013 20:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон бечораро ба чои Расул пластический операция када оварда бошанд?
Посух додан
  • мухочир

  • 17 октябр 2013 21:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хооооооооо и бачаи тагахай охи, бачаи Кабирира чошда гирифтанд сизо бурданд чанд вакт банди буд. Ин бачаи Хукумов аст, хешу табори Чанобай, ира читари мекнан ба. ЭЭЭЭЭЭЭЭ меган Германия табобати дасташа кардани рафтаст, фаромуш карданд, ки чанд нафари дигар аз он садама дар Кария Боло хоб буд. 3 нафара кушатааст хозирам ширин аст, фикри он мурдахо намекунед, ки ба падару модарашон чи кадар ширин буданд?
Посух додан
  • чамик

  • 18 октябр 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмонов дар хамачо лофмезани ки хама дар назди конун чавогуянд кани конунат? чаро вакти гурезонидани писари хукумов дар фурудглх чорае надиданд? ва ё чаро Хукумов аз вазифа сабукдуш накарди? шумо танхо як кор карда метавонед хаминам бошад ноадолати!!! пас мардуми бечораи аз узбекистон меноланд ки рохи поизро бастанд!!!

Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чамик,
Хамон вакте, ки гурезонданаш дар хамон соат хама коргарони орган аз амният то милисаву хукуки башар КУР шуданд, ки надидан гузаштанша... ХАТТО ПРЕЗИДЕНТ ХАБАР ГУЁ НАДОРАД...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тобиши сиёси надошта боз чи хел тобиш дорад? Падараш сарвари рохи охани Точикистон аст, оилаашон бо президенти мамлакат хешутабори доранд, барои хамин то ба хол Хукумови хурди дар озоди аст! Албатта тобиши сиёси дорад ва бояд бештар чунин тобиш дода шавад!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!