Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:51

Тағйири мавқеи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА

17 октябр 2013, 18:23

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки 17-уми октябр нашр шуд, як зина боло рафта, бо 181 имтиёз дар мақоми 116-ум қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки мунтахаби миллии футболи кишвар дар феҳристи пешинаи ФИФА , ки 12-уми сентябр мунташир шуда буд, бо 181 имтиёз дар мақоми 117-ум қарор дошт.

Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 15 ва миёни тимҳои миллии кишварҳои Шӯравии пешин дар зинаи 10-ум ҷойгираст. Аз Тоҷикистон дар ин феҳрист, баъд аз дастаҳои мунтахаби Русия, Украина, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Эстония, Гурҷистон, Озарбойҷон, Литва ва Латвия номбурда шуда, аз Туркманистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон боло мебошад.

Миёни тимҳои мунтахаби Осиё тими миллии Ҷопон пешқадам аст баъд аз вай Эрон, Узбакистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия қарор доранд. Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Колумбия, Белгия, Уругвай, Швейтсария, Ҳолланд, Италия ва Англия ҷойгир шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!