Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:30

Кумитаи амният: Қочоқчии номии афғон "ҷазояш"-ро барои куштори сарбози тоҷик гирифт

18 октябр 2013, 10:18

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, зимни як амалиёти вижа дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, қочоқчии маъруфи афғон, Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназарро нобуд карда, гуруҳашро пароканда намудаанд.

Ба иттилои манбаъ ин амалиёт нимаи дувуми моҳи сентябр амалӣ шуда, зимни он гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷаллоб таҳти қочоқчии дар олами ҷиноӣ маълум Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназар, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Кагнии улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон ба кормандони мақомот муқовимати мусаллаҳона нишон доданд: “Ҳангоми задуҳурд сарвари қочоқчиён Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназар безарар гардонида шуд. Аъзои дигари гурӯҳ Амридин валади Худоёри 30-сола аз пояш ҷароҳат бардошта, бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон панаҳ бурд. Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҷасади Ғуломраббони валади Бекмуҳамадназар, 1 адад автомати Калашников, 5 адад тирдон бо 137 дона тирҳо, 2 телефони мобилӣ, 1 борхалтаи полиэтилинӣ бо 12 килограмму 500 грамм бангдона, 1 ҷуфт музаи резинӣ дарёфт ва мусодира гардиданд.”

Кумитаи амнияти миллӣ таъкид мекунад, ки гурӯҳи нашъаҷаллоби Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназар қаблан низ якчанд маротиба ба убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои вазнин даст зада буд: “Аз ҷумла, моҳи январи соли равон онҳо дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳангоми интиқоли маводи мухаддир тавассути марзи давлатии Афғонистону Тоҷикистон ба сарҳадбонон зиддияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи он задухӯрд сарбози тоҷик, Қозизода Фахриддини 19-сола, ки баҳри ҳимояи марзу буми Ватан аз ноҳияи Мастчоҳ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд, ҳалок гардид. Ниҳоят ҳақ ба ҳақдор расид. Ва қочоқчии ғаддор дар симои Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназар ҷазои сазовори худро гирифт.”

Манбаъ афзуд, Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназар ҳамчунин, аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон барои иштирок дар содир кардани куштори яке аз ашхоси бонуфузи улусволии Дарқади вилояти Тахор, Маҳмадҷон валади Сариолам муттаҳам дониста шудааст.

Кумитаи амният мегӯяд, айни замон нисбат ба қазияҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, тафтишоти пешакӣ давом дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОФАРИН!!!!
Посух додан
  • Шахрванд

  • 18 октябр 2013 16:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин "1 ҷуфт музаи резинӣ "-аш дар хакаикат ганимати калон...)))))

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!