Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:47

Президент: "Дар интихоботҳои оянда иштирок намекунам"

18 октябр 2013, 11:44

Алмосбек Атамбоев, раисиҷумҳури вақти Қирғизистон мегӯяд, дар интихоботҳои ояндаи кишвараш, чӣ парлумонӣ ва чӣ президентӣ иштирок нахоҳад кард.

Раисиҷумҳури Қирғизистон, ки дар маросими ифтитоҳияи корхонаи асфалт-битонбарорӣ дар вилояти Нарин дар ин бора ибрози назар мекард, гуфтааст, ҳар як раисиҷумҳур бояд дар муҳлати муқарраршуда аз қудрат канор равад.

Ба андешаи ӯ, президент бояд, донад, ки муҳлати ҳукуматдорияш баъд аз 5 ё 6 сол ба поён мерасад ва ӯ барои посух гуфтан дар назди қонун ба корҳои дар давраи ҳукуматдорияш анҷомдода омода бошад.

Раисиҷумҳури Қирғизистон бо овардани мисол аз таърихи ҳамтоёни худ афзудааст: “ҳамаи мо медонем, давраи ҳукуматдории ду президенти пешини қирғиз, ки иддаои амирӣ доштанд, чигуна хотима ёфт. Аз ин рӯ мо бояд, ба ингуна равандҳо муқобилият нишон диҳем.” Атамбоев изҳор доштааст, ки худи ӯ ният дорад дар муҳлати муқарраршуда аз симаташ канор равад: “Вале то поёни муҳлат барои рушду пешрафти Қирғизистон талош хоҳам кард.”

Алмосбек Атамбоев гуфтааст, ҳоло дар кишвараш низомӣ парлумонӣ ҷорӣ буда, вале ҷавобгари тасмимҳои онро бештар ҳукумат ва раисиҷумҳури он бардӯш доранд: "Имрӯз ҳамаи тасмимро парлумони Қирғизистон мегирад, аммо чун пештара ҷавобгар ҳукумат аст. Бархеҳо имрӯз барои “сиёҳ” кардани ман талош доранд, вале Шумо гӯед, ки ягон хешу табори ман дар ҳукумат ҳаст?“

Инчунин раисиҷумҳури Қирғизистон аз он ибрози нигаронӣ доштааст, ки бархе неруҳо дар кишвараш фаъолият доранд, ки мехоҳанд, вазъияти онро ноором созанд: “Ҳоло ҳарфҳо оид ба пароканда шудани парлумони кишвар шунида мешавад. Вале интихобкунандаи ин парлумон, ки ҳукумати феълиро ба миён овардааст, мову Шумо ҳастем. Аз ин рӯ, ба назари ман, бояд ба он фурсат дод, то кори шуруъшударо то охир расонад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баракаллох..
КАСЕ ВАТАНРО ДУСТ ДОШТ, КОНУНРО РИОЯ МЕКУНАД НА ЧУН БАЪЗЕ ХАРИСОНИ БАДБАХТИ....
Посух додан
  • Shams

  • 18 октябр 2013 12:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Президенти Точикистон кай мегуфта бощад, ки дигар ман дар номзадиамро намемонам. Хешони дикр адр Хукумат нест.
Посух додан
  • Қирғизбек

  • 18 октябр 2013 12:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аҳсант ба Шумо Алмосбек Атамбоеви бузург ва чашмсер! Ҷаноби Оли ибрат бигиред ва халқи Тоҷикистонро ба умеди чор лагандбардори бесавод шуда, аз ин зиёдтар азоб надиҳед. Замони нав чеҳраи нав ва босаводро тақозо дорад. Қиматтарин чиз барои инсон ин обруй ва шараф аст!
Посух додан
  • Рофеъ.

  • 18 октябр 2013 12:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Машоаллох офарин кадаша занад чаноби президент. Мардак будай. Ранги ин рахмон набудааст. Кош дар ЧТ ингуна президент пайдо шавад. Худованд ин хукумат ба дасти шахси адолатхох афтаду мисли п киргизия мардак бошаду одилона кор кунад омин.
Посух додан
  • А

  • 18 октябр 2013 13:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оли .бисйор хуб.нет слов.
Посух додан
  • Зез

  • 18 октябр 2013 13:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
'Ба андешаи ӯ, президент
бояд, донад, ки муҳлати
ҳукуматдорияш баъд аз 5 ё
6 сол ба поён мерасад ва ӯ
барои посух гуфтан дар
назди қонун ба корҳои дар
давраи ҳукуматдорияш
анҷомдода омода бошад'. мегум хуб гап. гап дар сари хаминай ин камандаи муфтхуру кардаашон хечгох тайор нестанд, ки довталабона канор раванд, чун ки дар пеши конун пагохаш чавоб додан даркор.
Посух додан
  • Хуршед

  • 18 октябр 2013 21:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЭР бояд аз хамсояш ибрат гирад!
Посух додан
  • точик

  • 18 октябр 2013 21:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар мо кай инхел мешуда бошад
Посух додан
  • Амир ОЛИМХОН

  • 18 октябр 2013 21:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман намедонам шумо аз кадом конун харф мезанед. "ЧАНОБИ ОЛИ, АЪЛОХАЗРАТ, ПАДАРИ МИЛЛАТ, ГAМХОРИ МАРДУМ", ки як чахон ташаккур ба у бод худро кафили кадом конун медонанд, ки руирост онро поймол месозанд. Барои як кахрамон айб aст чунин рафтор. Ман ба он кас гуфтаниям, ки ё номзадияшонро мардона ва кахрамонона бозхонд намоянд ё унвони кахрамониро аз номашон бигиранд. Ман ба он кас эхтироми зиёд доштам. Мебахшед "АЪЛОХАЗРАТ" гайри шумо дар ХХДТ набуд касе ки акалан мохе давлатро идора намояд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амир ОЛИМХОН,
Агар аз тарс кахрамониашро гирифта натавонанд хозир бовар кунед баъди ин кадоме президент шавад ШАРМАНДАВОР АЗ КАХРАМОНИИ ТОЧИКИСТОН ХАТАШ МЕЗАНАНД ИНШОАЛЛОХ...
МАН РОСТИ ГАП НАМЕФАХМАМ ЯК ЧИЗРО ЧИ ДАР ХАКИКАТ МЕХОХАД, КИ ТОЧИКИСТОНРО БОЗ КАШОКТАР КУНАД Ё БОЗ ЧАНГИ ШАХРВАНДИ ШАВАД.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фарзанди ба ору номуси милаташ будаст! И чаноби оллии мо сварка кардаги дар пояи кресло!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!