Пахши филми тарғиботӣ дар бораи Тоҷикистон шурӯъ гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, аз 7-ум то 13-уми майи соли равон тариқи шабакаи телевизионии «Моя Планета» намоиши «Человек Мира» бо Андрей Панкратов оғоз шуд. Гуфта мешавад, ин нахустин филми тарғиботӣ роҷеъ ба мушаххасоти таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон буда, муаллифи он рӯзноманигори шинохта Андрей Панкратов аст. Дар назар аст, ки тайи як ҳафта, филми мазкур 7 маротиба ба доираи наздик ба ним миллион тамошогар пешкаш гардад.
Маврид ба ёдоварист, имрӯз ин филм дар соати 5-00 субҳ, фардо бошад, соати 3-00 намоиш дода мешавад.
Мӯҳр