Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Муроҷиати Далер Шарипов ба Рамазон Раҳимов

18 октябр 2013, 12:35

Далер Шарипов

Дар Тоҷикистон бисёр ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки назирашон шояд дар ҷаҳон набошад ва ин кишвари тамаддунофару фарҳангӣ бояд ҳам бо зиндагии худ аз дигар кишварҳо «фарқ» дошта бошад. Ходисаҳое, ки чанд моҳи ахир рух доданд, назирашро шояд таърих ёд надошта бошад.

Масалан, писарони Зайд Саидов ба хотири озодии падарашон чанд пуфаку кабутарро ба осмон сар доданд ва ба хотири ин ба панҷ рӯзи зиндон маҳкум шудаанд. Медонед чаро?! Гӯиё онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Арешев Комил ба хотири он, ки ҳангоми роҳбандони президентӣ мошинашро дар роҳ гузошту ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ гӯиё итоат накард, ба панҷ рӯзи зиндон маҳкум шуд.

Аммо Расули Амонуллоҳ, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётиаш се нафарро ба ҳалокат расонид, ҳанӯз ба табобати дасташ машғул аст ва гӯиё чизе рух надодааст. Мақомот ҳам аз шарҳи бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Аммо боз аз ин ҳам ҳодисаи аҷибе шудааст. Воҳидхон Қосиддинов ба хотири он, ки ҳангоми баргузории намоз ба имом гуфтааст «вақти муайяни намоз гузашт, мо хунук хӯрдем», додгоҳи шаҳри Исфара ӯро зуд ба понздаҳ рӯзи зиндон маҳкум намуд. Аммо пас аз як рӯз додгоҳи вилоятии Сугд ӯро озод кард, зеро ин қазия бо дахолати вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ҳал шудааст. Ба гуфтаи Воҳидхон Қосиддинов Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пайи як муроҷиат ба вазири корҳои дохилӣ ин масъаларо ҳал карданд. Агар вазир дахолат намекард, шояд ҳоло Воҳидхон понздаҳ рӯзи худро пушти панҷара мегузаронид. Модоме намоз аз вақти муайяншуда дер оғоз шуд, табиист онҷо чанд нафари дигар ҳам аз амали имомхатиб нороҳат буданд. Аммо азбаски Воҳидхон, узви ҲНИТ ва яке аз масъулони баланди ин ҳизб мебошад, ӯро боздошт карданд.

Аз ин маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳар кас метавонад ба фаъолияти мақомоти қудратӣ, хусусан суд дахолат кунад. Яъне, дар як рӯз метавонанд қарори қабулкардаашонро бо дахолати нафари дигар иваз кунанд ё қарори ноодилона бароранд. ҲНИТ ҳам шояд ба адолати судӣ бовар надошт, аз ин усули кори мақомот истифода бурда, ба вазири корҳои дохилӣ муроҷиат кард. Вақте мақомоти қудратӣ ба кори ҳамдигар дахолат карда тавонанд, пас як пешниҳод ба вазири корҳои дохилӣ доштам.

Мӯҳтарам, Рамазон Раҳимов шумо як ба қазияи додгоҳии Зайд Саидов низ расидагӣ кунед. Зеро агар бо дахолати шумо Воҳидхон озод шуда бошад, пас дар рафти мурофиаи Зайд Саидов ҳам метавонед таъсиргузор бошед. Аммо агар шумо адолат гӯед, агар кори суду судяҳо дар Тоҷикистон ҳамчун шохаи алоҳида мустақил шуморед, пас чаро шумо ба қазияи додгоҳии Воҳидхон Қосиддинов дахолат кардед? …


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мегум, хами гудак девона боша...????
Посух додан
  • ТОЧИК

  • 18 октябр 2013 16:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Манхам ба фикри Рахгузар рози мумкин хамин кудак девона бошад?!Агар ин кудак девона бошад пас хушёраш дар ин миллат ки бошад?!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллох химоятат кунад ,вагар на онхо хоини ватанат мебароранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Далер бародар бошӣ!! Мо ҳамеша дар хаққи чунин мардони ҳақчу дуъогу ҳастем. БОШИДА
Посух додан
  • фира

  • 18 октябр 2013 18:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хак гуфти лек ин гуфтахо ба касе таъсир намекунад додгохои мо хамрохи додситонхо хама лаганбардоранд ,,,, Хукми додгохро набояд тагир дод
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъзеҳо дар ҳайратанд, ки тоҷик ҳам ҷуръат карда, сухан мекардааст. Мардуми ғуломсифати ҳалқабаргӯш одат кардаанд, ки тоҷик бояд ҳамеша хомӯш бошад. Ҳой, авом, ин як кӯдак нест, балки ҷавонмарди 22-25 сола аст. Ва номаш ҳам ба худаш мезебад. Зиҳи, Далер! Ҳамеша ҳамин тавр далер бош! Ҳақ ба ҷониби туст. Ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумост!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кудак дар бораи мушкилоти шумо беаклхо менависад, шумо боше ура девона меген. Эх миллати бехакл
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби далер вазифаи рузноманигор аз чи иборат камтар шарх медодед чунки барвактар хондаед аз хотиратон ба фикрам баромадааст. Е ин ки ягон вазифаи нав гирифтаед ки ба рохнамоии вазирон гузаштед. Ха ба фикрам бо ду маколаи зиди олимони ислом навиштаатон худро шахси бообуру хис карда истодадед. Дар як маколаатон ман рузноманигорам гуфта лоф зада будед ку. Дар ТВ шуморо намебинем ха ба фикрам аз кор ронданд худро акнун дар О намоиш дода истодаед ки боз ягон вазифа диханд. Муваффакият хохонем чурачон вале вазифахоии хизматиатро нагзтар хон боз забони сурхат сари сабзатро барбод надихед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман намефахмам Рохгузар ва Точик барои чи девона мегуед, Далер гапи хак гап зад барои хамин дар кучо хамин хатто кардаги
Посух додан
  • sanjar

  • 19 октябр 2013 10:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рамазон Абдурахимов чи хеле,ки бисерхо мушхода кардаанд,шахси ростгу ва хакикатпараст аст.Махз вакте,ки у Вазир шуд,макомоти БДА-ро ба чояш шинонод.Телефонхои бовариро ба кор андохт(ва ин телефонхо кор карда истодаанд ва мардумро мешунаванд).Ман як шахси бегараз ва ба ин макомот ягондахл надорам.Лекин ин шахс кор карда истодааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рохгузар ба хаму рохат рост гузгашта бурав охи челакут дар китфут ва почаи бурукат кандаги>>> чи худата гаранг дори? вахте дар сарат фахмиш нест бехтараш чизе омуз аз ин суханхо.далер хак мега .
озодагон бх бгард ай счоти бачахакои точик.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахгузар,
ТОЧИК,
Шумо бародарони арчманд аз руи гуфтахои шоири классик амал мекунед, ва касе бо шумо хамфикр нест, девонааш мехонед.
Шоир гуфтааст: Хар бош дар ин замона, к-аз фарти хари
Хар к-у на хар аст, чохилаш мехонанд.
Гумон мекунам, ки маънидод кардани ин мисрахо зарурат надорад.
Посух додан
  • Ahmad

  • 19 октябр 2013 14:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имруз миллати Тоҷик барои расидан ба бyрдбориҳо ба ҳаминхел ҷавонҳои "девона" зарyрати мyбрам дорад. Аз шоиронy нависандагони лаганбардорy виҷдонфуруши мо навиштаи чанд сатри ҳаминхел ҷавонҳои "девона" беҳтарy хубтар мебошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Далер шумо дар хакикат кудак будаед.Мегуянд ки бо дахолати Шумо Вохидхон озод шуд пас чаро дахолат кардед сафсатагуиро бас кунед.Ман рости як ду навиштахои туро тарики интернет хондам хайронам е кудак хасти е аз акл бегона.Хам дар наъл мезанию хам дар мех.Журналист будан ин маънои сиесатмадор буданро надорад.Илтимос шарманда карди худатро бахудо касам ман шармам меояд аз ин навиштахои шумо.
Посух додан
  • Спитамен

  • 21 октябр 2013 08:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ahmad,Сад фоиз рост гуфти. Лекин чаноби Бахтиёри Кулоби уро тарсонданист. Бас! Дигар беадолатихо! Натарс Далер аз ин лошахурон!
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!