Бахшҳо

ВИДЕО: Ҳимояти наздикон аз "муллои ҷодугар" ва таъхири ҳукми додгоҳ

Наздикони Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷик, ки барои “ба дом андохтани занону духтарон ва муносибати шаҳвонӣ бо онҳо” муттаҳам мешавад, ӯро бегуноҳ медонанд.

Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонӣ, ки тайи як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.



Аммо, бар хилофи мақомот, наздикони Иброҳимов духтареро, ки дар ин навор сабт ёфтааст, барои иҷрои амалҳои шаҳвонӣ муттаҳам мекунанд. Онҳо мегӯянд, Иброҳимов ҷодугар нест, балки духтар худро ба оғӯши ӯ андохта, зоҳиран ба ин кор водор кардааст. “Дар навор маълум аст, ки он хонум худаш мухолиф нест ва баръакс худаш ташаббускории ин амали шаҳвонӣ ҳам будааст”,-гуфтанд онҳо дар саҳни ҳавлии додгоҳи Сино ба хабрнигори “Озодагон”.

Мурофиаи Асадулло Иброҳимов таҳти раёсати Исмоил Давлатов, додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ва паси дарҳои баста ҷараён дорад. Масъулони додгоҳи Сино дар суҳбат бо “Озодагон” паси дарҳои баста сурат гирифтани ин парвандаро ба он рабт доданд, ки гӯиё ҷабрдида намехостааст, ном ва симояш ошкор шавад. Ҳатто маъмурони пулис, ки дар саҳни ҳавлии Додгоҳи ноҳияи Сино буданд, нагузоштанд, хабарнигорон худи Асадулло Иброҳимовро низ аксбардорӣ кунанд. Хабарнигори “Озодагон”, ки рӯзи 18 октбяр дар додгоҳи Сино буд, мегӯяд, “баъд аз анҷоми мурофиа Иброҳимовро дар иҳотаи кормандони мақомот аз толори додгоҳ берун бароварданд.”

Вакили мудофеи Иброҳимов гуфта, додрас мурофиаи навбатиро 21-уми октябр таъин кардааст ва дар назар аст, ҳукми нафари таҳти ҳимояташ низ ҳамн рӯз эълон шавад. Ба иттилои мақомот, Асадулло Иброҳимови 47-сола, сокини кӯчаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба баҳонаи он ки тариқи дуохонӣ духтаронро аз маризӣ раҳо мекунад, онҳоро ба дом андохта, муносибати шаҳвонӣ мекардааст.
Мӯҳр
Чаро нагуфтаанд, ки узви ХНИТ аст хамаи чинояткорро бо гуфти давлатдорони Точикистон узви ХНИТанд ку...
Хайр инро хабс мекунанд, ЛЕКИН ЧАРО ФАРЗАНДИ ХУКУМОВРО ХАБС НАМЕКУНАНД.?

pushti darhoi basta moda shud!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!>>>>>>>>>>>>>

>>>>>>>>>>>>>>>>>>

фира
Ин фосикро набояд пушти дархои баста суд кунанд чунки симои у ба касе лозим нест додгох бояд Хукми катл ба у раво бинад чунки вай исломро раст задааст . Аз номи ислом истифрда бурда корхои харомашро анчо додааст марг ба ту чои ту дузах аст

Бароварда дар назди мардум сангсор бояд кард.

Ба Рустам Рустамов: Бародар навбати писари Хукумов хам меояд гами вайро нахур. Баъдан ба наздикони муллои чодугар гуфтаниям ки фарз кардем ки духтар худаш хосту ба огуш гирифт муллоро баъд чи? Мулло шарм надошта давом медихад неее ин хел бахона намешавад бародаро "МУЛЛО" бояд чавоб гуяд

Али
Ман тарафдори ин " мулло" нестам леки фоишагиро дар Точикистон худи хукуматдорон дастгири мекунанд, пас инхам яке аз он фахшогарие хаст ки имрузхо дар Точикистон садхотан рух медихад. Писари Хукумов се нафаро куштааст укумат бо тамоми кудрату кувваташ об ба дахон гирифтааст, чаро? Инаст волоияти конунки президент ба мардум хар дафа ваъда медихад. Офарин хокимони точик бо ин адолататон.

нишонахои киёмат хамиёхан чодугаро хдшона муло меган мегардан бигирен ай руй шариат хукмеш кнен вай хубай дар турма беномусро чи гунае ки амал кард хамон амалро бар вай раво мебинанд ай зинокнира мекшанша ай икада сангсореш кнан то хама бина ба дигарон дарси ибрат шава

Мулло Иброхим
Лаънати муллохоро шарманда кард. Уро бояд дар назди халк сангсор кард. Ман аввалин шуда сад сангаш мезадам.

Писарамакат -Б
1 Ба Рустам Рустамов
РОсти дар вокеъ чиноякор ХНИТ неву ту хасти. Аз формулировкаи навиштахоят дар хамаи сайтхо як вакт даромад чунон дилата холи мекуни, ки гуё дар гарданат хушдоманат савор бошаду касдашро аз хукумат мегири. Шинохтемта. Ту хам айнан мисли худат хасти. Дар хонаат янга хурока дер кунад Хукумата гунахкор мекуни. Хамрохи писари хукумов туро хам хабс мекарданд, ки чони хама халос мешуд. Чангандоз. Игвогар
Чоп, чоп, чоп

Сайед,
Писарамакат -Б,
Ассалому алайкум бародарони азиз бародар Сайёдчон ва Писарамакам- Б.
Аслан ман дар се чиз чихеле, ки русхо нацист мегуянд ман хам нацистам, аввал дар бораи дини ислом, дувум дар бораи мазхаби имоми Аъзам, сеюм дар бораи ватану миллат. Бовар кунед бародарони азиз як масали машхур аст, ки мегуянд: "ДУСТ МЕГУЯД ТАБАРВОР, ДУШМАН МЕГУЯД ШАКАРВОР" агар хато накарда бошам.
Лекин бародарони азиз барои баъзеи шумо сухани шакарвор даркор, агар чанде зараровар бошад барои халку миллат чихеле, ки баъзеи корхоро ошкоро дида истодаем, лекин таъчиби барои чи, ки сухани росту дуруст НАНГУ НОМУСИ моро ин кадар сахт мехарошад рости гап намефахмам....
АГАР ФАХМОНИДА ТАВОНЕД БАРОДАРОН ИЛТИМОС НАВИСЕД...

Писарамакат -Б,
Ба хар хол бародар саломат бош илохо дарде набини агар чанде, ки хато навиштаи ва барои фахмидан холо аз манбаи худшиносии милли дур хасти....

Сайед,
Ман тарафдори туам ин мулло бояд чавоб гуяд..

Firdavs
е холи да пушти дарои баста аи у чодугар пул талаб мекунан бад остахак чавобуш метан бо рафта хаму ахмакиша кадан мегира.

Замона хамихел шидаи. афсус...

Рафикон иштибох накунед!
Ки ин аксро гирифтааст?Ки ташкилкунандаи ин мочаро аст?
Мумкин худи хамин занак вазифадор шуда бошад ки ин муло ва хизби нахзати исломиро бадном кунад.
Фаромуш накунед ки дар пеш интихобот хаст.
Вакти эхсосот аст.

student
Salom barodaroni giromi. Dar borai mullo guftaniam ki hatman dar nazdi konun javob doda jazoi sazovor girad. To kadom andoza in navor ba hakikat nazdiki dorad inro Xudovandi yakto medonad. Mo bandagon duo mekunem ki modaroni mo zanu farzandoni mo az in guna iblisho dar amon boshand.

иитииит о
фира,
student,на бародарон у гунахкор нест ин хама сохта аст набояд мо бовар кунем хама медонем ки ин барои вибри призидент аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)