Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

М.Бахтӣ ва М.Илолов ба додгоҳ нарафтанд. Эътироз алайҳи Тутубалина ё додгоҳ?

18 октябр 2013, 15:26

Мамадшо Илолов, президенти Академияи улум ва Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон, қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро барои ҳузур дар мурофиаи додгоҳӣ алайҳи Олга Тутубалина , муҳаррири “Азия плюс” , иҷро накарданд.

Рустам Устобоев, намояндаи ҳуқуқии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, ки аз болои Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ба додгоҳи Фирдавсии Душанбе шикоят бурдаанд, имрӯз, 18-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор дошт, ки тамоми ваколатро аз зерҳимояҳояш гирифтааст ва имкон дорад, аз номи онҳо баромад кунад.

Аммо додрас Сурайё Ҷобирова, аз ҳузур надоштани Меҳмон Баҳтӣ ва Мамадшо Илолов норозӣ монда таъкид намудааст, ки “вақте додрас қарор баровард бояд ҷонибҳо онро иҷро кунанд.” Бо зикри ин мурофиаи додгоҳии зиёиён алайҳи Тутубалина ба рӯзи 22-юми октябр мавқуф гузошта шуд.

Дар мурофиаи қаблӣ Рустам Устобоев, намояндаи ҳуқуқии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, аз Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс”, танҳо барои се зиёии тоҷик 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарарӣ маънавӣ хост.

Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 10 октябр ҷараён гирифт, гуфт, “Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина дар бораи бозгашти Бозор Собир ба Ватан, ки дар он ҷо дар бораи зиёиён низ гап меравад, зарари маънавӣ дидаанд.”

Оқои Устобоев дар идома афзуд, аммо панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагон, мехоҳанд, хонум Тутубалина фақат аз онҳо маъзаратхоҳӣ кунад. Вай аз ҷумла гуфт, “норизоиятии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ аз он аст, ки Олга Тутубалина дар як матлаби худ зиёиёни тоҷикро таҳқир намудааст”. Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурда ва таъкид карда буд, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Саид

  • 18 октябр 2013 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб гайрат кардаст хонуми судя Сурайё Ҷобирова!
Посух додан
  • Сунбула

  • 18 октябр 2013 16:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Русия хар руз точикора мекушанд, дар инчо як руса конунй суд карда наметонан. Вой бар холи мо!
Посух додан
  • Чавзо

  • 18 октябр 2013 20:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сунбула,
! Ин як урус аз хазорон точики мисли ту беномус точиктар аст. Агар Тутубалина борин точик дар мамлакат зиёд мебуд ягон точика дар Русия касе намекушт, чунки точик дар мамлакати худаш чои кор медошту ба даргохи дигаро намерафт. Ту кури ки айба аз чои дига мекови.
Посух додан
  • Гурухи Б

  • 19 октябр 2013 16:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба СУНБУЛА ё КАЧДУМА
Вай як руси простой нест. Сар карда аз нест кардани бобои Сангак ва Файзали тамоми шикасту рехти Точикистон дар гардани ТУТУбалина хаст. Инро шумо дертар мефахмед. Айби мо ин аст, ки сари ту кор намекунад.
Чарима шавад. Агар ин олимон натавонанд, шумо интизор бошед, ки боз мо чи хел даъвои конкрети мекунем ва то зиндони шуданаша мусоидат мекунем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавзо,
Чони гапа гуфти бародар! Ин духтар танхо бо рус буданаш айбдор асту халос. Корхое, ки у дар хакки халки точик мекунад мардхои мард, чун Сунбула дар умри сарашон карда наметавонанд ва шучоати чиро карданро надоранд. Зиёиёини бехуни точик даъвоя ба суд пешниход карда акнун хунари онро ру ба ру дастгири карданро надоранд. Сунбула мумкин хешованди онхо бошад?
Посух додан
  • эъчодкор

  • 24 феврал 2014 15:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи шикоятгаро халли корро дар талаби чубронпули мебинанд?
Вой бар холи зиёи буданатон!
О шумо дар хакикат зиёи бошед танхо талаби маъзаратхохи кунед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!