Бахшҳо

Кабирӣ: "Аз дасти нозирони байналмиллалӣ кори зиёде намеояд"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфтааст, агар қонунгузории кишвар ва иродаи сиёсатмадорон барои гузаронидани интихоботи шаффоф ва демократӣ мусоид набошад, аз дасти нозирони байналмиллалӣ кори зиёде намеояд.

Ин нуктаро ӯ зимни дидор бо Бадеску Параскива, раҳбари ҳайати нозирони Дафтари институти демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ОБСЕ) дар интихоботи президентии Тоҷикистон, баён кардааст. Масъулони ҲНИТ мегӯянд, дар ин мулоқот масоили марбут ба раванди ҷамъоварии имзо, аз гузоштани имзо маҳрум шудани муҳоҷирони корӣ, наҳваи ширкати Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва авзои кишвар дар пешорӯи интихобот ба баррасӣ гирифта шудааст.

"Муҳиддин Кабирӣ нақши нозирони байналмилалиро дар назорати раванди интихобот муҳим дониста, ҳамзамон қайд кард, ки агар қонунгузории кишвар ва иродаи сиёсатмадорон барои гузаронидани интихоботи шаффоф ва демократӣ мусоид набошад, аз дасти нозирони байналмиллалӣ кори зиёде намеояд”,-гуфт манбаъ.

Дар зимн, хонум Бадеску раиси ҲНИТ-ро оид ба масъулияти ҳайати нозирони байналмиллалӣ ва равиши корашон дар ҷараён гузошта, ишора кардааст, ки ҳадафи онҳо равандро дақиқ назорат намудан ва гузориши бетарафона омода кардан мебошад. Сардори нозирони САҲА афзуда, ки онҳо ҳаққи дахолат ба сиёсатҳои дохилиро надошта, танҳо тавсияҳои худро ироа мекунанд.
Мӯҳр
Салим
Хамаи дунё медонад,ки дар Точикистон 20сол аст,ки ягон маротиба интихоботхои шаффофу демократи нагузаштааст,вале сад афсус,ки хеч пешае карда наметавонанд.

Бародар Салим бидон, ки ТАМОМИ ДУНЁ ХАМИН ТАВР АСТ. То чахон бокист, Бедил кори Олам КАЧРАВИСТ.

муаллим
созмони аврупо дар фикри манофеъ ва барномахои худ аст ,парвойе аз интихоботи мо надорад.хукумати феъли аз ухдаи хамкори бо ин созмон хуб баромада.

Ватандуст
Дар асл нозирони байналмилали бояд ба кори дохилии ин ё он давлат дахолати зиёд хам накунанд. Зеро, ки интихоби Президенти мамлакат ин пеш аз хама кори дохилии кишвар ва халки он аст. Мардуми шарифи Точикистон дар асоси интихоботи шаффоф ва демократи самимона Президенти худро интихоб намуданд ва аз даргохи ОЛЛОХ ба Президенти тозаинтихоб саломати ва барори кор хохонам.

Точик
Ватандор ман хам дар хамин акидам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)