Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Вазир ба ихтиёриёни фаъоли милитсия хона ваъда кард

18 октябр 2013, 16:03

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки барои ҷалби бештари ихтиёриён ба милитсия озмуни «Корманди беҳтарини ғайриштатии милитсия» ташкил карда шавад.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, Рамазон Раҳимов ин нуктаро имрӯз, 18 уми октябр, зимни Анҷумани ҷумҳуриявии «Кормандони ғайриштатии милитсия» ва «Дружиначиёни ихтиёрӣ» иброз дошта, таъкид намудааст, ки ба ғолибони озмун хона тақдим хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ Рамазон Раҳимов дар ин анҷуман, ба як қатор кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ «Сипоснома» ва тӯҳфаҳои арзишнок, аз ҷумла соати дастӣ ва телефони мобилӣ тақдим намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маълум мешавад, ки хонаро юба бехтарин БУЗ медиханд. Касе ки аз хама бисёр фурухту хабаркаши кард, сохиби хона мешавад. Ин фалокат, фочиа ва ДАХШАТИ САРОСАР МИЛЛИСТ!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!