Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:01

Куштори муҳоҷири 46-солаи тоҷик дар Қазоқистон

18 октябр 2013, 17:31

Дар вилояти Алма-Атои Қазоқистон як муҳоҷири 46-солаи тоҷик аз сӯи шаҳрванди муқимӣ ба қатл расонида шудааст.

Ба иттилои расонаи қазоқии “Tengrinews.kz ”, рӯзи 17-уми октябр дар шаҳри Капчагаи вилояти Алма-Ато муҳоҷири латукӯбшудаи тоҷикеро пайдо кардаанд, ки бино ба сабаби ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанаш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Капчага кор мекард, чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса бо яке аз муштариёни ин қаҳвахона таниши забонӣ доштааст.

Мақомоти пулиси маҳаллӣ, баъд аз гузаронидани корҳои тафтишотӣ муайян кардаанд, ки муҳоҷири тоҷик аз сӯи ин шаҳрванди 43-солаи муқимӣ мавриди зарбу шата қарор гирифтааст: “Ҳоло шахси гумонбар дар боздошгоҳ буда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Дар мавриди ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон чизе оварда нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кадар миллати точик паст шудааст ки саг сохиб дораду точик не касеро мехоханд мекушанд равон7 мекунанд хукумати точикистон бошад парво надорад зеро мо дар ватанамон кадр надорем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аслиддин,
Бародари азиз хозир на Точикистон сохиб дораду на президент вакте дорад, ки дар бораи мухочирони кушта шуда фикр кунад хайр дар вакташ хам фикри мухочиронро намекард, вакти интихобот аст хамаи макомотро вазифадор кардааст, ки коре кунед, ки ба ХНИТ ва ХСДТ касе овоз дода натавонад, пас аз кучо фикри мухочиронро мекунанд...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Одинахои бечора дар тамоми курраи замин сарсону саргардон инчо хама дар гами сармоя. Айни бехуда асар нанавиштааст е шояд хамин тавр будему мемонем а.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!