Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:04

Боз як муаллим бо ҷурми порахӯрӣ боздошт гардид

30 июл 2011, 05:34

Омӯзгори донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимии шаҳри Хуҷанд аснои гирифтнаи пора ба маблағи 2 ҳазору 300 доллари ИМА дастгир карда шуд.


Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Манбаъ афзуд, муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии донишкадаи политехникии донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимии шаҳри Хуҷанд А.А. бо роҳи сӯйиситифодаи боварӣ бо мақсади тасарруфи амволи ғайр, барои мусоидат намудан ба дохилшавии шаҳрванд О.М ба шӯъбаи рӯзонаи гуруҳи буҷавии донишкадаи мазкур маблағи пулӣ ба миқдори 2 ҳазору 300 доллари ИМА талаб намудааст.
А. А. ҳангоми гирифтани маблағи 2000 доллари ИМА аз ҷониби кормандони раёсати агентии мубориза бо коррупсияи вилоят дастгир карда шуд.
« Нисбати А.А парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в, г» (қаллобӣ)-и КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад»- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!