Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Дидори Қувватов бо фарзандонаш баъд аз раҳоӣ аз боздоштгоҳи Дубай

18 октябр 2013, 18:26

Усмоналии панҷсола, писари дувуми Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки ахиран аз боздоштгоҳе дар Дубай раҳо гардид, бо падараш дидор кардааст. Усмоналӣ, ки бо кумаки модараш аз Интернет истифода мекунад, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, тӯли ин муддат ҳамеша орзуи озодии падарашро дошт ва ҳатто барои раҳоии ӯ аз зиндон пари паррандаҳоро ҷамъоварӣ менамуд.

“Ман падарамро дар озодӣ дидаму хушҳол шудам. Рости гап, ӯро сахт пазмон шуда будам”,-гуфт Усмоналии панҷсола дар сӯҳбат бо мо. Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Қувватов, низ дидори бархе аз аъзои хонавода бо роҳбари “Гурӯҳи 24”-ро тасдиқ кард, вале аз ифшои сана ва макони дидор худдорӣ намуд. Вай гуфт, ҳоло Қувватов дар талоши дарёфти паноҳандагӣ дар яке аз кишварҳои дунёст, ки наметавонад ҷои будубошашро ошкор намояд.

“Дар сурати дарёфти паноҳандагӣ ҳатман ҳамаро огоҳ карда, баёнияҳо пахш хоҳад кард”,-афзуд ӯ. Бо ин ҳол, аксҳои зиёде аз дидори Қувватов бо фарзандонаш дастраси расонаҳо шуда, чандеи онҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ ҷо гирифтаанд. Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” моҳи декабри соли гузашта дар фурудгоҳи Дубай, ҳангоми сафараш ба Аврупо, боздошт ва то охири моҳи сентябр дар зиндон нигаҳдорӣ мешуд. Мақомоти Дубай гуфтанд, боздошти оқои Қувватов бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Умаралӣ Қувватов тобистони соли 2012 дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро - бар ӯҳда дошт.

Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, аз боздошт раҳо гардид. Вале мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, қазияи Умаралӣ Қувватов ниҳоӣ нашуда, додгоҳи Дубай низ дар ин бора ба онҳо чизе нагуфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дустат

  • 19 октябр 2013 16:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои фарзанд дар орзуи рахоиат пари парандахоро накандан, карор шиштан лозим Кувватик. Дар ту на як намудай, на саводай, на обруай. Номата бин гурухи 24 яъне - авбош. Баъд кудакора истифода карда мардума зик кардани мешавен. Занхоро гирён карда назди хар кас мефиристен ки халос кунанд шумора.
Камбудиат хамин ки тайёрхур ва муфт ёфтан мехохи, ки ХУДО аз ин хел зарпечакшаклони тараканмичоз безорай. Кор кардан даркор брат.
Вактушда ин гапора гуфта будем, нафахмиди. Аку мегарди, Бенладенвори дуругу рост, хубата релама карда.
Посух додан
  • Кодир

  • 21 октябр 2013 09:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
КУвватали барои фарзандро ба сери дидан бояд тинчу мисли одами вокеи кору зиндаги кунад. Ки аст КУвватали? Барои ин миллат чи кардааст? Магар авбош бояд дар мадди назари мардум бошаду дар бораи нигаронии у аз писараш дар сайт макола нависанд? Барои ба ин мартаба ноил шудан бояд у сазовор бошад, вале афсус ки чунин ашхос ба гайр аз дизкамфорт дигар чизе ба инсонхо намедиханд.
Посух додан
  • кулоби

  • 21 октябр 2013 20:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустат,
Чунон гап мезани гуе тамоми балоро ба сари халки точик Умарали оварда бошад е сари давлатда Умарали боша ки мардум хама аз Точикистон баромада рафта истодаанд. Ту хам аз Умарали ягон пул карздори чи бало ки ин кадар бадаш мебини.Лекин мефорат намефорат такдири одам дар дасти одам нест дар дасти хаму ЗОТИ ПОК АЛЛОХ аст чизе хохад хамонро мекунад. Ба суханхои худату занакхои лаби ов У ЗОТ гуш намекуна хубаш рав тахорат куну гуноххои худатро назди АЛЛОХ тоза кун.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!