Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:33

Фасод дар Тоҷикистон бойиси нигаронии масъулини кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ гаштааст

30 июл 2011, 05:51

Коррупсия иллати дар ҷамъият пайдо гардидани ноадолатӣ ва маҳдуд шудани ҳуқуқҳои инсон, изтироби ҷиддӣ, пастшавии обрӯву нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ гардидааст, мегӯяд Шӯҳрат Раҳматбоев.


Муовини райиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ин ҳарфҳоро зимни як ҳамойиши вижа дар ҳузури иштирокчиёни он иброз дошт. Номбурда қайд кард, ки мутаасифона коррупсия чун пештара барои фаъолияти мӯътадили тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ садди роҳ гардида, барои навсозиҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани самаранокии  иқтисодиёти миллӣ монеаъ эҷод мекунад.  --- «Мо кормандони кумита ҳамчун шахсоне, ки бевосита дар бахши хусусигардонӣ фаъолият дорем умуман гуфтан лозим аст, ки коррупсия яке аз омилҳое мебошад, ки манфӣ арзёбӣ мегардад ва барои ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ ва умуман рушди иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад». Дар ин ҳамоиш аз ҷониби Файзалӣ Қосимов, сарнозири раёсати агентии мубориза бо коррупсия  гуфта шуд, ки дар кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ягон ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст, ба ҷуз аз як аризаи даъвогие, ки он ҳам ҳалли худро ёфтааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!