Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:42

Вазорат дар бораи боздошти тоҷири тоҷик барои оятҳои Қуръон дар Узбакистон

19 октябр 2013, 11:02

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, аз боздошти тоҷири тоҷик, Зубайд Мирзораҳимов, дар Узбакистон, ки барои пайдо кардани оятҳои Қуръон дар телефони мобилияш сурат гирифтааст, огоҳанд ва онро пайгирӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти узбак охири моҳи сентябр, ҳангоми ҳаракат ба самти Кореяи Ҷанубӣ боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор дорад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки пайгир ва дар талоши ҳалли ин қазия аст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳам мақомоти узбак шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дарёфти матолиби динӣ боздошт карда буданд. Аз ҷумла Шуҳрат Шодиев, рӯзноманигори тоҷик, чанд соли қабл барои дарёфти як фиттаю китобҳои хусусияти динидошта боздошт шуда, чанд муддат дар боздоштгоҳи Узбакистон ба сар бурд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • muslim

  • 19 октябр 2013 11:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
man nafahmidam oyati Quran dar telefon doshtan 4i magar jinoyat ast?
Посух додан
  • Ahmad

  • 19 октябр 2013 13:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷyра тy аз дунё бехабари дар Yзбекистони ҳамсоя бадтарин зулм болои мусалмонҳо мешавад. Давлати Исломкарими диктатор чи балоҳои болои мардyми мусалмон ва миллати Точик барои боқи мондан дар қудрат ва барои саркyбии миллати Тоҷик раво мебинад. Ба мусалмонҳо иҷоза нест бидини иҷозаи давлат озодона ибодат кунанд ва ба Точикони Yзбекистон ифтитоҳи макотибро ба забони Тоҷики намедиҳанд ва миллати онҳоро ба зур Yзбек менависанд.
Посух додан
  • tojik

  • 20 октябр 2013 10:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
tojikistoni mo alhamdulliloh az inho behtarin ast.shukri xudoi pok.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!