Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:07

ВИДЕО: “Мурам Шумоба...", "ваҚилони халқ", "давай дасвидания"

21 октябр 2013, 10:02

Навиштаҷоти аҷибу ғариб як ҷузъи зиндагии мо шудааст. Сари ҳар қадам ба навиштаҳое рӯбарӯ мешавем, ки ҳеч набошад ба лабон табассум медамад. Ба лаб табассум, ба бадан мурғак. Баъзан ин табассум аз гиря талхтар аст.


Барои мисол:

"Мағозаи варзишӣ. Бо сифати калон"
Сифати аълояшро медонем. Калонаш чӣ аст? Шояд дар ин мағоза танҳо либосҳо барои варзишгарони бузургҷусса фурӯхта мешавад?

"Илтимос аз тиреза нос туф накунед"
Аз дар туф кунед, майлаш. Фақат аз тиреза туф накунед, Кали Ҳалим дар поён семичка мефурӯшад. Мабодо дар сараш расад, дунё ба сарамон қиёмат мешавад.



"Гиречка"
Гиречкада, биё, бача, пиЮзда биё, нУхУд арзон шид, ктшкаи беҳтарин...

"Балони фуруши. БЕУ"
Шумо ҳайрон нашавед. БЕУ тамғаи мошин нест, номи балон ҳам. Маънӣ ин аст, балонҳоро бе ӯ, яъне бе духтари назди чархҳо истода мехаред.

"Мурам Шумоба, Закрывайте за собой дверь!!"
Дар мо мегӯянд, ё ба зорӣ ё ба зурӣ ё ба зар. Инҳо аз варианти аввал кор гирифтаанд. Фикр мекунам, нишонрас ҳам ҳаст. Зимнан, мо ҳам чанд пешниҳод дорем, умедворам мақбул бошад: “Хоки пот шавум, дара оҳиста пуш”, Холат мура, ҳаму дарака маҳкам кун”. “Ҷияни тағо, пӯшидани дар фаромуш нашава”...

"Маҷлиси ваҚилони халқ"
Мардум ҳамеша шикоят мекунанд, ки вакилони интихобкардаашон ваъдаҳои пешазинтихобот додаи худро иҷро намекунанд, дуруст ҳам мекунанд. Охир шумо ба вакил овоз додед, онҳо бошанд, ваҚиланд.

"Молҳо аз Аврупо Ксерокопия"
Боз мегӯянд, дар мо тоҷирони боинсоф намондаанд. Анна, мардак иқрор кардааст-ку. Молҳо нусхабардоришудаи Аврупо...

"Ламинация мобильных телефонов Саволхои бекора надихед"
Ба фикрам, кормандони ин нуқтаи хизматрасонӣ аз саволҳои беҷои мизоҷон ба дод омадаанд. Шояд аз онҳо мепурсанд, ки чаро Ойниҳол Бобоназарова имзои зарурӣ ҷамъ накард? Ё чаро номзади мақоми президентӣ мегӯяд, мақсади ман президент шудан нест? Ё шояд аз ӯ зиёд мепурсанд, ки як халта орд чанд сомонӣ аст? Ё президенти Уругвай чӣ ном дорад...

Ба мавзӯи навиштаҷот ҳатман бармегардем. Аммо ҳоло: "Давай дасвидания!"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Редактор

  • 21 октябр 2013 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худи журналистони Озодагон бесаводи тапа таеранд. Бахусус дониши забони русиашон мелангад. Просто вактам нест, вагарна "ляп"-хои шуморо чамъ карда, як клип карда рохи мекунам. Чахонбиниатон суст, хонумон ва чанобон. Китоб хондан даркор. Дар чое хондам - лакировка, манзураш рокировка буд. Яъне журналист аз истилох дар шохмот - рокировка бехабар аст. Ин истилох дар сиёсат хам маъмул аст ва барои донистанаш хам шохмотбоз будан шарт нест. Факат бисертар хонед. Хай аку аз хами "сериякопия"- ку андак фарк мекунед! Бахшиш. Барои хамин хам журналистони русзабон забондарози мекунанд, ки муваффактаранд. Шояд дуруст хам гуянд. Боки муваффак бошед!
Посух додан
  • Jamik

  • 21 октябр 2013 11:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Diga kor nadori ozodagon? Yagon chizi shavqovartar nabud? az in erod girida
Посух додан
  • ы

  • 21 октябр 2013 11:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба лаб табассум, ба бадан мурғак, табассум аз гиря талхтар.
Посух додан
  • Дигар

  • 21 октябр 2013 11:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо мурочиати "дабраволсо" фейсбука клф кадем))))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
" Озодагон" мавчуъ чолиб, ман худ низ ба навиштачотхо ахамият медихам, АММО шумо худатон махфуми навиштачотхоро нафахмидед ва нодуруст шарх додаед. Масалан:
1 "Молхои варзиши бо сифати калон"- на ончунин аст ки шумо шархаш додаед, балки магоза гуфтанист " большой выбор качества"
2 "БЕУ"- ин калимаи маъмулист. аммо шархи шумо нодуруст аст, чунки хато навишта шудааст, мебоист Б/У - бошад "бывший в употребление" (собик истифодашуда).
3" Молхо аз аврупо. ксерокопия" - яъне дар ин магоза ксерокопия барои нусхабардори низ мавчуд аст, на онке шумо шархаш додед))..


бовар дорам, ки чопаш мекунед, зеро "Дустон оинаи якдигаранд"
Посух додан
  • жириновский

  • 21 октябр 2013 13:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистони азизам журналист вучуд надорад инхо хамашон ровияанд..
Посух додан
  • ozodagon

  • 21 октябр 2013 19:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон аз хохиш мекунем ки як озмун расмхо ташкил ташкил кунед дар хар кучое ки хато навишта шудааст ба Шумо фиристанд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Журналистон мафхумро дуруст фахмда ва дарк хам кардаанд. Факат бо сабки хамон нигоштахо ва нигорандахои БОСАВОД ба таври хазлу шухи прикол кардаанд.
Шндай-ме?

Китобро аз Ту редактор бештар мехонанд. Ляпхоят аз худат. Ман як мухлиси ин агентии хабари меьошам.
Дар Озодагон хеч вакт лакировка нанавиштаанд ва хам наменависанд. Забондарози накун, ки яке безабон боз намони
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавоб ба Сайф,
аввал ин ки ту аз номи Озодагон " гап назан, ин байни ману "Озодагон" аст., нахуди пеши кошук..!!!! аз тарсата номта нанавиштиву.........
Посух додан
  • Бай-бай

  • 22 октябр 2013 14:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хахаха хари амакам хандид ва аз хандаи у худам хандидам. Тавбае шумо чанд сол аст, ки дар ин бора харф мезанед? Лекин ин гуна матолиби шухиомезро меписандам. Озодагон ба ту ташаккур мухлиси туам. Максади гуфтахоям ин ки хамин гуна матолибро дар мавзуъхои тоза нависед мавзуи забонзада интихоб кардаед. Ба хар хол ташаккур ба шумо каме хам бошад вактам хуш шуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайф,

ОЗОДАГОН, ин бародар худро аз шумо донотар пиндошта, менависад: "Б/У - бывший в употреблении, яъне, СОБИҚ ИСТИФОДАШУДА". Калимаи "собиқ" зарфи замони гузашта аст. "Истифодашуда" ҳам феъли замони гузашта аст. Як навъ хандаовар мебошад. Бо забони тоҷикӣ Б/У ро ин тавр навистан мумкин аст: "ИСТИФОДА ШУДААСТ (И/Ш)", ёинки, "ДАР ИСТИФОДА БУД" (ДИБ)"

Редактор,
Ин бародар менависад: "Озодагон бесаводи тапа таеранд (ҷумла 2 хато дорад!). Бахусус дониши забони русиашон мелангад" (яъне, суст аст. 1 хатои услубӣ!) Калимаи "лангидан" дар забони тоҷикӣ бо маънои маҷозӣ истифода намешавад. Таҳтуллафзи русӣ "ХРОМАЕТ" инҷо ба кор намеояд. Барои нашр кардани ҳафтаномаи тоҷикӣ забони русӣ ҳаргиз даркор нест. Ин ҳам хизмати рус ва забонаш аст, ки забони мо то ба ин дараҷа зарар дид. Мо аз бародарони эронӣ ва афғонҳои 40 сол боз ҷангзада бо он фарқ мекунем, ки онҳо ҳеҷ вақт забони модариашонро ва миллати хешро аз аҷнабиён кам намедонанд ва пеш аз овехтани лавҳаҳои мисли дар боло зикршуда, матнро чанд маротиба таҳрир мекунанд. Надонанд, мепурсанд.
Ва дар охир, савол ба "Редактор". Ту ягон маротиба аз журналистони русу русзабони Тоҷикистон пурсидӣ, ки "дониши забони тоҷикиашон то чӣ андоза аст?" Медонӣ, ки ба "0" баробар аст. Пас, чаро тоҷикон бояд "дониши забони русӣ" дошта бошанд? Агарчи дониши забони хориҷӣ даркор аст, бояд забони англисро омӯхт, ки забони Hi Tech ва тамоми дунё аст. Забони русӣ бояд дар ватани худаш қадр биҷӯяд!
Посух додан
  • Мубориз

  • 22 октябр 2013 18:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
гап нест, ОЗОДАГОН

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!