Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:20

Баҳси марзии Душанбею Бишкек тақрибан ниҳоӣ шуд

19 октябр 2013, 16:34

Қирғизистон мегӯяд, Душанбею Бишкек дар мавриди аломатгузории хатти марзҳои худ дар сатҳи муовинони сарвазири ду кишвар ба тавофуқ расидаанд.

Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон дар ин бора ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Бешимов гуфтааст, гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла, тавофуқ оид ба аломатгузории хатти марз ва бархе аз имзои аснод самаранок анҷом ёфтанд.

Муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон афзудааст, ки инчунин миёни ин ду кишвар лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон чандин маротиба ба баррасӣ гирифта шуд. Ӯ таъкид кардааст, ки ин лоиҳа бисёр муҳим буда, аз ҷониби кишварҳои туркзабон ҷонибдории худро ёфтааст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо чанд гектар замини точикоя фурухтед?, то ин рохи охан бунед шавад! Ба фикрам ин ранги хати барки Ботканд - Конибодом, ки баъди гирифтани замин киргизо бо бахонаи дигар шудани презденту раисашон ба кор сар надоданд! Ба кариби замини Ворух тамом мешад, Баъд чи????

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!