Бахшҳо

Оё қонуни масъулияти падару модар баробар татбиқ мешавад?

Бисёриҳо ба ин назаранд, ки қонуни масъулияти волидон барои таълиму тарбияи фарзанд нисбат ба ҳама аҳли ҷомеа, дорову нодор, баробар татбиқ намешавад. Махсусан, ин мавзӯъ дар пайи садамаи маргбори писари 16-солаи раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон доғ гардид. “Озодагон” аз масъулону ҷомеашиносон пурсид, “то куҷо қонуни масъулияти падару модар баробар татбиқ мешавад?”

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ, вакили парлумон:
“Ин қонун пешбинӣ кардааст, ки дар сурати вайрон шудани қонун аз тарафи ноболиғ падару модараш масъулият дорад. Агар аз тарафи дигар нигоҳ кунем, масъулияти бештар дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон дарҷ шудааст. Дар он ҷо барои вайрон кардани ӯҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардида, ки шахси ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳдодашуда метавонад ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷарима шавад.”

Ҳуриннисо ҒАФФОРЗОДА, раиси созмони "Оштии миллӣ":
“Аз нигоҳи банда, новобаста аз он ки писари кӣ ин корро анҷом додааст, бояд бо сахттарин лиҳози қонунӣ муҷозот шавад. Ҳол он ки фарзандони аксар роҳбарони давлатӣ аз худ рафтаанд. Чунки эҳсоси бемасъулиятии падару модарон баръало мушоҳида мешавад. Хуб мешуд, ҷаноби Ҳукумов аз вазифаи худ истеъфо диҳад. Дар ҳоле ки фарзандони миллати тоҷик дар қаторҳои пур аз чирку куҳна ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, қути лоямуте барои хонаводаҳои хеш пайдо мекунанд, як ҷавони 16-сола аз куҷо ба гаронтарин мошин дастрасӣ дорад? Ин маблағ аз куҷо аст?! Пас, қонун танҳо барои одамони оддӣ аст?! Ман эътмоди комил дорам, ки органҳои дахлдор дар доираи салоҳияти худ дафтари аъмоли ин хонаводаро боз мекунанд, то инки барои дигарон ибрат гардад. Аз фурсат истифода бурда, бар хонадони ҳалокшудагон ҳамдардии худро изҳор мекунам.”

Алӣ МАСТОВ, таҳлилгари масоили сиёсӣ:
“Умуман ҳар қонуне дар кишвари мо, махсусан Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва ё «Дар бораи масъулияти падару модарон» интихобан татбиқ мегардад, яъне вобаста ба ҷойгоҳи афроди қонуншикан. Охирин чунин як ҳолати ҳузнангез бо иштироки фаъоли ҲНИТ рух дод, ки барои аз имом талаб кардани саривақт оғоз намудани намози Ид аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳабс гирифта шуда қариб ки 15 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум гардад. Ин ҳам дар ҳоле ки садамаи пурсарусадо бо иштироки фарзанди мансабдори воломақом Амонулло Ҳукумов 3 кушта ба ҷо овардааст ва ҳеч кас талош надорад, то гумонбари ин фоҷеаро боздошт намояд. Ҳама мусибати мо на дар адами қонунҳо, балки дар сифати иҷроиши онҳост.”

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, раиси созмони ҷамъиятии "Перспектива+":

“Дар ин қонун масъулият бар дӯши волидайн аст. Новобаста аз он ки ноболиғ писари кист, тибқи ин қонун падару модараш ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи падариву модарӣ бояд масъул бошанд. Вақте ину он ноболиғро дар ҷое, ки мумкин нест мебинанду ҷарима мебанданд, ҳатто агар ҷиноят ҳам накарда бошад, дар ин маврид ҳам модоме, ки ӯ ноболиғ аст бояд падару модараш ҷавобгар бошанд.

Иршод СУЛАЙМОНӢ, устоди ДМТ:
“Фикр мекунам, на танҳо нисбат ба ин амал Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, балки бояд дигар меъёрҳои қонуни ҷиноии кишвар ҳам татбиқ шавад. Агар не, обрӯи ҳукумати Тоҷикистон боз ҳам мерезад ва эътимод ба он то ҳатто дар дохили кишвар боз камтар мегардад.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)