Бахшҳо

Қиссаи ишқбозии Саид Шарифов, муҳоҷири тоҷик, дар дискфурӯшиҳо

Дар нуқтаҳои дискфурӯшии Тоҷикистон навори қиссаи ишқбозии Саид Шарифов, муҳоҷири тоҷик дар Русия бо як зани мутааҳҳил (шавҳардор) ба фурӯш баромадааст.

Қиссаҳо аз саргузашти ин муҳоҷири тоҷик шоми 9 октябр дар барномаи “Пусть говорят” тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия ба намоиш гузошта шуда буд. Дар он аз робитаи пинҳонии Шарифов бо Елена Кострикин, зани рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса мешавад.

НАҚЛИ ҲАМСАРИ САИД

Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад.

Номи муҳоҷири тоҷик замоне сархати ин барномаи русӣ қарор гирифтааст, ки Михаил, шавҳари Елена ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, иддао мекунад, ӯ падари фарзандаш намебошад. Дар ҳоле ки ин зани рус иддаои шавҳарашро рад карда, ӯро қонеъ карданӣ мешавад, ки ӯ падари фарзандаш ҳаст. Масъулони барномаи “Пусть говорят” ин қазияро мавриди пажуҳиш қарор дода, бо гузаронидани се ташхиси тиббии ДНК муайян менамоянд, ки воқеан Михаил падари фарзанди Елена нест. Бар асоси ташхисҳои тиббии мазкур, Саид Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 42 болост, падари ин тифл мебошад.

Мӯҳр
Чи бесаводе инро сабт ва ба фуруш гузоштааст. Пуст гаварят ))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))) махви бесаводи. Барои як бурида нон инсон ба чи корхои зиште кодир аст.

Бадбахтона мо, тоҷикҳо ба шармандагӣ иммунитет (одат) ҳосил кардаем. Аз ҳукумат то мардуми қаторӣ. Ба студияи ТВи рус рафта, худро ба намойиш гузоштани он марди пӯки камақл худ як шармандагӣ аст. Шармандагии дуввум аз ҷониби аҳли хонаводааш сурат гирифта, ки амали он мардро такрор кардаанд. Шармандагии сеюм, дискҳои он барномаро таксир карда, ба фурӯш баровардан аст. Имрӯз ман аз назди бозори Шоҳмансур мегузаштам, дискфурӯше он дискро бо садои баланд монда буд. Танҳо ду се нафар ба он нигоҳ мекарданд. Ба бади ҳама задааст. Баъзеҳо бо нафрат рӯ ҷинҷ карда, мегузаштанд. Шармандагии чорум, пеши роҳи он дискфурӯшонро нагирифтани мақомоти андоз ё каси дигар аст. Шармандагӣ, шармандагӣ, шармандагӣ..... Оё миллати тоҷик барои ҳамин ба дунё омадааст, ки худро аз ҷиҳати манфӣ нишон диҳад? Ҳамин аст, ки моро касе эҳтиром намекунад???????????

САИДЧОН АФСУС 100 АФСУС БО ИН МОДАРИ ТУ КИ ИН ХЕЛ ХУДО ЗАДАРО САГ БАЧАРО ХАЙВОНРО КАЛОН КАРД ШИРИ СИНА ДОД ТУ ОКИБ МОДАР ХАСТИ ТУ АЗ РАХМАТИ ХУДО ДУР ХАСТИ ТУ 10 СОЛ БОЗ МЕШАВАД КИ ЗАНУ ФАРЗАНДХОЯТРО ХАБАР НАМЕГИРИ БАРОИ ЯК ЗАНИ КОФИР КИ НОМИ У ЗАН НЕСТ ОНХО ТУРО 10 СОЛ БОЗ НОДИДА РОХИ ТУРО ИНТИЗОР ШУДАН ВАКТЕКИ ТУРО ДИДАН БОЗ БА ОГУШ ГИРИФТАН АГАР ХАМИН ЗАНИ УРУСИ ХАИВОНАТ ДАР ЧОИ ЗАНИ ХУДАТ МЕШУД ТУРО ДАР ХАМОН ЗАЛ МЕКУШТ ОН ПИСАРЕКИ ИН ЗОИДААСТ ИН ПИСАРИ ТУ НЕСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)