Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:53

ҲНИТ эълон кард, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намекунад

21 октябр 2013, 10:57

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ба қароре омадаанд, ки аз ширкат дар интихоботи президентии 6 ноябр худдорӣ мекунанд.

Ин тасмимро Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамроҳ бо номзад Ойниҳол Бобоназарова, ки ба хотири ҷамъ наовардани имзоҳои зарурӣ дар муҳлати муқарраршуда аз ширкат дар интихобот маҳрум гардид, рӯзи 21-уми октябр зимни як ҷаласа эълон карданд. Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва хонум Бобоназарова гуфта шудааст, ки бо сабаби сабти ном нашудани номзадии дувумӣ аз ширкат дар интихобот худдорӣ менамоянд.
Масъулони ҲНИТ дар шарҳи ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, иштирок накардани ҲНИТ дар интихобот маънои бойкот ё худ таҳрими онро надорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо ирсоли як нома, аз раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, хоста буд сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро аз нав дида бароянд. Вале Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба ин дархости Муҳиддин Кабирӣ ҷавоби рад дод.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Комиссияи марказии интихобот шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кардааст, ки яке аз онҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунист. Ҳоло ин номзадҳо ва афроди боътимодашон машғули тарғибу таблиғи барномаҳои қаблазинтихоботии худанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фира

  • 21 октябр 2013 11:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хай боз чи корхам мекарданд ,гайр аз хамин суханро гуфтан дигар илоч надоштанд
Посух додан
  • Cokit

  • 21 октябр 2013 11:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Масъулони ҲНИТ дар шарҳи ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, иштирок накардани ҲНИТ дар интихобот маънои бойкот ё худ таҳрими онро надорад".
Пас ин чи аст?
Посух додан
  • А

  • 21 октябр 2013 11:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хнит бойкот эьлон накунад ин маьнои онро дорад,ки онхо хам дар катори дигар хизбхо (кисаги)хастанд.
Посух додан
  • устувор

  • 21 октябр 2013 11:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хохиш мекунам касе хамин маънои дар интихобот бойкот ё ки тахрим карданро васеъ фахмонад
Посух додан
  • Сайрам

  • 21 октябр 2013 12:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Cokit, Яъне Кабириву Ойнихол дар интихобот иштирок намекунанд. Хай чй? Бе онхо хам 99 фоизи мардум иштирок мекунад.
Посух додан
  • Адл аз Душанбе

  • 21 октябр 2013 13:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кирдори онхо нишон медихад, ки онхо бо мардуми Точикистон хамрайъ нестанд. Хоханд нахоханд мардуми Точикистон рохи ояндаи худ ва пешвои худро дар ин рох интихоб мекунад. Инхо аспхои аз гала чудошуда мебошанд. Як руз не як руз туъмаи гург ё хирсе шуда, бо хамин аз хаёт бенасиб мешаванд. Сари мор, ки дард кард сари рох мебарояд. Инхо хам ба хамон мор монанд мебошанд. Рузи 6 ноябр мардум ба мисли гала онхоро пахш карда, ... намуда, гузашта меравад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман-Абдурахмон Мухаммад,узви ХНИТ бо ахли оила интихоботро бойкот эълон мекунам.Аз бародарони дигар даъват менамоям,ки пайрави кунанд.ИН интихобот не "мазхака" аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kasoneki bo intihobot raftaniyan bo qadri vaqti hud namerasand???oyo nadidaand,ki dar intihobothoi peshtara yagon kasi digar ba gayraz janobi ovmi intihob nashudaast,yane in intihobot befoida ast!!!
Посух додан
  • хуча

  • 21 октябр 2013 22:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бе ХНИТ интихобот мегузарад ва хеч ниёзе ба иштироки ин хизб нест
Посух додан
  • .

  • 22 октябр 2013 07:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Урааааа бойкот.
Посух додан
  • tojik

  • 22 октябр 2013 11:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ishtirok namekunem neeee.moro kabul nakardan gued.shumo ba kiham darkored?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!