Бахшҳо

Номаи хонанда: Дӯстону душманони Зайд Саидов

Рӯзи 19 октябр аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари Ҳизби Тоҷикистони нав, панҷ моҳ гузашт. Дар тӯли ин муддат даҳҳо номаи хонандагон ба дасти мо расид, ки баъзеи онро нашр кардем. Ҳоло боз як номаи хонандаро, ки дастраси мо шудааст, дар ихтиёри Шумо мегузорем.

“Аз боздошти соҳибкори дар гузашта муваффақ ва аз роҳбарони Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов расо 5 моҳ сипарӣ шуд. Баъди эълони ташаббуси таъсиси ҳизб ғайричашмдошт зиндонияш карданд.

Пас аз фаҳмиши нодурусти амалкарди ӯ аз ҷониби мақомот, ӯ воқеан гумон дошт, ки ба ҷонаш сӯиқасд сурат мегирад, аммо зиндонӣ шудан барояш ҳеч қобили тасаввур ҳам набуд. Зеро ӯ, ки табиатан рост меандешид ва рост амал менамуд, тасаввур ҳам карда наметавонист, ки чӣ гуна беасос ӯро зиндонӣ кардан имкон дорад!? Аз ин рӯ, нисбати тақдири худ сӯиқасдро наздиктар мешумурд, вале масъулин аз рӯйи «ақлу инсоф» кор гирифтанд ва ӯ зинда монд - ҳамагӣ равонаи зиндон шуд.

Кулли мушкили Зайд дар он аст, ки ӯ дунёро сирф аз зовияи биниши содда ва аммо қонунманди худ менигарад. Ҳадди ақал то замони зиндонӣ шуданаш чунин боварҳо дошт. Акнун имрӯз ӯ ҷафои садоқат ва эътимод ба боварҳояшро мекашад. Бояд гуфт, агар ӯро қаблан барои зиндонӣ гардиданаш мутақоид сохтан имконпазир буд, вале эҳтимоли хиёнати дӯстонашро ӯ ҳеч гоҳ тасаввур ҳам намекард.

Зайд зинҳор вориди зиндон намешуд, агар аз миёни афроде, ки ӯро солиёни зиёд ҳамроҳӣ мекарданд, ҳадди ақал 100 дӯсти ҷонфидо пайдо мебуд; 100 нафар ҷавонмард, 100 нафар равашанзамирони устувор ва собитқадам. Аз миёни онҳое, ки имрӯз нестанд ва гӯиё умуман набуданд, ё шояд мурдаанд…!? Аммо ин афроди бешафоат, чун имрӯз, дар гузашта низ ҳеч гоҳ ба дарди касе марҳам набуданд, балки баръакс, ҳамеша чун нонхӯракон аз дигарон истифода мекарданд.

Ҳамагон бояд бидонанд, ки имрӯз дар зиндон будани Зайд маҳз натиҷаи хиёнати ба ном дӯстонаш аст, ки ҳамеша ба эшон эҳтиром ва эътимод дошт. Бароям хеле нанговар аст, ки чӣ гуна метавон бо касе дар рӯзи шодӣ дӯст буд, аммо дар мусибат канорагирӣ кард. Ман ин манзараро ҳеч намефаҳмам; барои ин воқеиятро дарк кардан ва ба он муросо намудан, шояд ҳатман хоин бояд буд!?

Зайд барои ормонаш мавриди тазъиқу фишор қарор дорад. Ормони ӯ ба ҳеч ваҷҳ ғаризаи нафсӣ набуд, зеро Худованд барояш тамоми неъматҳоро ато карда аст, то ӯ нӯши ҷон кунад ва парвои ҳеч ғарибу мискине надошта бошад, аммо ӯ бо дарки масъулияти сангин вориди роҳи пурхатар шуд.

Мусибати Зайд дар он аст, ки худ ҳамеша бо фақирону мискинон ҳамнишин буд ва дар ниҳоят дарду алами ин тоифаи нодор ӯро водор ба дарки масъулият кард. Агар ӯ миёни мардум намебуд, табиист, ки мисли дигарҳо аз мушкилоти ҷомеа воқиф намегашт ва дар натиҷа гирифтори дарди буҳронситезӣ ҳам намешуд.

Ӯ на танҳо миёни мардум буд, балки чашми бино, гӯши шунаво, забони гӯё ва дили пӯё дошт. Зайд имрӯз сазои ҳаминро мебинад. Аммо барои касоне, ки ба дарки умқи масъала расидаанд, пайдост, ки ин мушкил чандон мусибати Зайд ҳам нест, балки пеш аз ҳама мусибати мост, ки хиёнат кардаем, аз бародару дӯсти содиқ ва нексиришти худ ҳимоят нанамудаем. Ин мусибати мост, ки парда аз рӯйи садоқату ҳуввиятамон бардошта шуда. Хасу хошок будани мо барои халқи олам хувайдо гардида. Магар мо шарманда нестем?!

Ба Худо қасам, агар ба ҷойи Зайд ҳар балое ба сари 10-ҳо балки 100-ҳо фарзандони дигари ин миллат, ки ном ба ном маълуманд, меомад, ӯ хомӯш наменишаст, балки ҷавонмардона барои ҳимояи мову Шумо садо баланд мекард.

Ман хеле рӯшан тасаввур мекунам, ки аз ҳама туҳматҳо дида, шояд хиёнати дӯстон барои Зайд дардноктар уфтод. Зеро ӯ бо тамоми вуҷудаш инсон, махсусан ашхоси нексириштро дӯст медошт, вале бо он ки худ дили поку беолоиш дорад, дар шинохти дигарон сахтгирӣ намекард. Ин аст, ки тоифае аз буздилони беномус ва номуносиб тасодуфан бо ӯ ифтихори ҳамнишиниро соҳиб гардида буданд.

Ман чунин андеша дорам, ки бояд ин ҳодиса иттифоқ меафтод! Шояд худи Зайд ҳам ба дарки ин масъала расида бошад, ки маҳз ба туфайли ҳамин имтиҳони тақдир ӯ аз «дӯстон»-и номуносиб халосӣ ёфтааст. Барои бардоштани парда аз рӯйи ин ҳақиқат, шояд Худованд лозим донист, ки бандаи накӯноми ӯ ба чунин ҳол гирифтор шавад, то аз ин тоифаи номӯҳтарам эмин бимонад. Умед аст, ки бо хости Худо ва расидани вақт Зайд ба озодӣ мебарояд ва агар як рӯз ҳам ҷудо аз афроди манфиатҷӯ ва дурӯя нафаси озодӣ кашад, беҳтар аз он аст, ки як умр бе шинохт дар иҳотаи чунин афрод бошад. Ҳоло агарчи ӯ дар маҳбаси торик, тани танҳо, дур аз ҳама пайвандонаш қарор дорад, аммо боз ҳам ин манзара беҳтар аз он ҳолатест, ки ӯ ҳамеша дар ҳалқаи афроди номуносиб ба сар мебурд.

Аммо Зайд имрӯз танҳо нест! Агар ӯ қаблан рӯйи дидаи як зумра афроди ношоиста ва носанҷида буд, имрӯз меҳру муҳаббати Зайд дар дили садҳо нафар ашхоси беғараз ва гавҳаршинос ҷой гирифтааст. Инсонҳое, ки Зайдро зинҳор аз наздик намешинохтанд, инак ӯро маҳз барои ормонҳои миллияш самимона ва содиқона дӯст доштаанд. Яъне ба ҷойи иттифоқи вуҷудӣ иттиҳоди қалбӣ ҳосил гардидааст.

Дар ин 5 моҳи маҳрумиятҳо, ки Зайд пушти сар мекунад, банда вобаста ба шахсияти ӯ шоҳиди манзараҳои гуногуни ҳаётӣ будам, ки бароям хеле таъсирбахшанд. Ҳодисае буд вобаста ба як ҳамсабақи Зайд, ки тасодуфан бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем. Шамсиддин Абдуллоев - муаллими оддӣ аз ноҳияи Восеъст, ки тобистони имсол дар шаҳри Душанбе бо ӯ вохӯрдам. Бо худ чанд нусхае аз рӯзномаҳои давриро дар ихтиёр дошт, ки иттифоқан аксҳои Зайд низ намудор буданд. Ҳисси кунҷкобиям боло гирифта, аз ӯ суол кардам, ки нисбат ба қазияи Зайд чӣ назар дорад, аммо ғайриинтизор дар ҷавоб хеле қиссаи тӯлонӣ ва ҷолибе шунидам.

Маълум мешавад, ки ӯ аз ҳамсабақони Зайд буда, ба таври параллелӣ дар факултаи физикаву математика таҳсил мекардаасту Зайд дар факултаи иқтисодии он замон Донишгоҳи давлатӣ. Ба гуфтаи ин муаллим, Зайд аз аввалин рӯзҳои донишҷӯӣ бо сару либос ва ҳаққониву ҳушёрияш аз дигарон фарқ мекардааст. Ҳатто Зайди чӯпонбача (падараш чорводор буд) то ҳадде олуфтаву зебо мегаштааст, ки то ҳол муаллими восеъгӣ гумон дорад падари Зайд кадом як раисе буд.

Хуллас, вақте онҳо дар курси 5-ум мехондаанд, ҳамсӯҳбати мо хонадор мешавад. Пеш аз тӯй, ки ӯ мехост аз маркази савдои «Садбарг» сару либоси тӯёнаи худ ва ҳамсарашро харидорӣ кунад, маблағаш намерасад ва дар ин ҳолат Зайди олуфтаву чаққон пайдо мегардад ва нисфи маблағи харидкардаашро аз номи худ ҳамчун ҳадя пардохт менамояд (дар ҳоле ки тавре худи муллим Абдуллоев иқрор шуд, онҳо ҳамагӣ ҳамкурси паралелӣ буданду аз наздик дӯстӣ надоштанд). Баъди бо шиддати хеле баланд қиссакарданҳо, ҳамкурси Зайд ба ин ҷо расид, ки вақте соли 1999 фармони таъин шудани ҳамсабақашро ба вазифаи баланд шунид, хеле хушҳол гардид ва тайи чанд сол мунтазам аз ҳоли ӯ хабардор мешуд, дар робита ба ҳалли баъзе проблемаҳояш машваратҳо низ мегирифт. Аммо тавре муаллим Абдуллоев иқрор мешавад, тайи чанд соли ахир ӯ Зайдро аз наздик надида буд, зеро тибқи маслиҳати баъзе ҳамшаҳриҳояш, ин муаллими содда бояд ор хӯрад, ки чӣ гуна ҳамчун як кӯлобӣ, ки қудрат дар дасти онҳост, пеши бегонае барои ҳалли мушкилаш меравад? Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳифзи номуси маҳаллӣ ӯ маҷбур шуда, ки дигар назди ҳамксабақаш наояд…

Ҳодисаи дигар вобаста ба як шахсияти барӯманди кишвар аст, ки дар саргаҳи равшанфикрони муосири кишвар қарор дорад. Ин устоди соҳибном, ки вобаста ба бисёре аз масоили муҳими рӯз мунтазам изҳори назар мекунад, вақте дар хусуси Зайд аз ӯ пурсида шуд, посухи хеле аҷибе дод: «Имрӯз дар дохили кишвар чӣ коре мекунед бо якдигар кардан гиред, хархаша мекунед ё ҳар балои дигар… Ман барои миллат, барои таърихи он, барои нишон додани он дар чашми оламиён талош дорам. Тамом вассалом».

Хуллас дар ин муддат бардоштҳову мулоҳизаҳо вобаста ба тақдири Зайд хеле гуногун буданд. Аммо хулосаи кулл чунин аст: то оташе ба хонаи мо нарасад, аз хатари он ташвиш надорем.

Ифтихор КАРИМОВ,
шаҳри Душанбе"

Аз идора: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
БАРАКАЛЛОХ,
ХАЙР БАР ЗИДДИ СУХАНИ РОСТ ЧИ МЕГУИ ЧИЗЕ , КИ ГУЗАШТ ХАМИН БУД...

АФКОРИ НОБУ МАНТИКИ. ОФАРИН. БАНДА НИЗ БО ШУМО ХАМФИКРАМ. ЧОЛИБТАР АЗ ХАМА ОН АСТ КИ ЗУМРАЕ МИСЛИ ХАМСАБАКИ ЗАЙД МАНФИАТХОИ КАВМИШОН БОЛОТАР АСТ АЗ ОН КИ ИНСОНДУСТИ...

Donish
Behtarin sukhanho dar haqi Zaid hamai in sukhanho kam astanu ziyod ne
Khudovand Zaidro ba ozodi rasona omin

Мачнун
Ин Зайд аз сад дуст дида зани бисёр гирифтааст. Молу мулки чамъиятро обулой карда будааст. Барои хамин аз пушташ фарзандонаш мехезанду халос. Ифтихор фикр мекунй, Зайд гунох надорад? Бидуни обу лойи маблагхо ин кадар бой шудан осон нест. Мегуйи , ки ба камбагалон кумак мекард. Кани хамон камбагалон, ки як бор садо баланд кунанд. Зайд, ки худаш камбизоат гузаштагй дар фикри камбагалон харгиз набуд. Баъзе авлодонашро серу пур карду халос. Норозихо низ зиёданд аз чумлаи хешу табор...

САЛОМАТ БОШИЙ ДАСТАТ ДАРДА НАБИНА БОИН СУХАНОНИ ХАКАТ АГАР АЗ ХУКУМАТ ДОРОН 5 НАФАР МИСЛИ ЗАЙД САИДОВ МЕБУД ТОЧИКИСТОН АЗ ТОРИКИСТОН МЕБАРОМАД ОБОДИЙ ЗАЙД САИДОВ ДАР ДУШАНБЕ КАРД ИН ФАХРИ МИЛАТИ ТОЧИКАСТ АЗ ХАМА БАЛАНД ТАРИРИН ХОНАРО ДАРМАРКАЗ КИ СОХТ ЗАЙД

Мачнун,
Бародар гапхои бисёр навишаи ва локин бе маъни....
Мо миллати англис ё амрикои нестем, ки новогодний чудесаро бовар кунем.

Аввало, мехоҳам ба Маҷнун ном махлук, ки инҷо ибрози назар намудаааст ҷавоб диҳам:
Маҷнун- аз лақаби (ман фикр намекунам ки номатон бошад) доштаатон маълум аст, ки Шумо кистед ва фикрҳои нисбати Ҷаноби дар ҳақиқат Олӣ мӯҳтарам Зайд Саидов гуфтаатон аз ҳарза беш нест! Чунки Шумо дуруст лақаб гирфтаед, агар маънияшро надонад пас мегуям маънии Маҷнун ин девона мебошад! Аз девона ҳеҷ кас хафа намешавад.

Дуюм, мехостам фикри худро баён намоям:
Қанд занед Ифтихор! Ҳазор аҳсан!
мехостам ҲСДТ ва ҲНИТ ибрози ақида мекарданд, чунки яке а аввалинҳо Раҳматулло Зоиров (РЗ) буд, ки ба Ҷаноби дар ҳақиқат Олӣ мӯҳтарам Зайд Саидов (ЗС) маслиҳат дод, ки ба ватан натарсида баргардад. Ӯ омад, аммо танҳо монд! Е бо ин роҳ РЗ ва дигарҳо рақиби худро мехостан аз роҳашон бардоранд!??? Агар ин хел набошад бигузор РЗ ҷавоб диҳад ва дар ҳимояи ЗС иштирок варзанд.
ҲНИС барои чи хомушаст дар ин масъала? Ё Муҳидин Кабири ҳам дар симои ЗС рақиби худро медид?
Мехоҳам бигуям, ки ЗС бо хусусиятҳо ва касбияти худ рақиб нахоҳад дошт! Аммо он чоплусоне ки дар оғози гуруҳи ташабускор буданду пас фирор намуданд, бояд бидонанд, ки дер ё зуд дар назди миллат, давлат, ЗС ва виҷдону имони худ (аммо ман фикр мекунам ки онҳо кучову имону виҷдон кучо) ва ХУДО ҷавоб хоҳанд дод! Худо ҷазояшонро иншоолоҳ медиҳад!
ОЗОДИ БА ЗАЙД САИД! ОЗОДИ! ОЗОДИ!
МАРДУМ, ҲАР КАСЕ КИ БА ЗС ВА МАРДУМ ОЗОДИ МЕХОҲАД, НАТАРСИДА БО ҲАМ МУТАҲИД ШАВЕД! ЗАНҶИРИ ҒУЛОМИРО БИШКАНЕД! ОЗОДӢ! ОЗОДӢ! ОЗОДӢ БА ЗС БА МИЛЛАТ!
НЕСТ БОД ЧОПЛУСОН! НЕСТ БОД БАДХОҲОНИ МИИЛАТ! НЕСТ БОД БАДХОҲОНИ ЗАЙД САИД!
МУТАҲИД ШАВЕД ! БАРХЕЗЕД БА ДИФОИ ЗАЙД САИД!

Кароматулло
мехостам донам,ки аз он хамсабаконе ки 9 майи хамин сол дар бустонсарои Зайд буданд аз холу ахволи фарзандони вай пурсон шуданд? Rustamov[/b],

аз хамсабакони Зайд ки рузи 9май дар бустонсарой буданд пурсиданиям,ки кадомашон аз ахволи фарзандон ва пайвандонаш бохабар мебошанд.

фирдавс
Гап нест Ифтихор

Сохибкор
ташаккур ба муалифи ин макола, вокиан дарди дили одамони окилро гуфти. касе ки Зайд Саидро мешиносад медонад ки у ба хеч вачх гунагор нест. афсус ин марди шарифро ин беномусон мехоханд бе обру кунанд, вале ин аблахон намедонанд ки кадру манзалатро Аллох Таоло медихад ва хеч касе наметавонад бе хости у коре кунад.
ба дустони нонии Зайд Саид гуфтаниам ки Шумо рузе мешавад ки аз шарма наметавонед ба руи ин абармарб нигох кунед. ва аз хама мухим рузе мешавад Шумо низ аз ин навъ имтихонот хохед гузашт ва онгах хохед фахмид ки бе тарафии Шумо дар ин руз чи балое ба саратон хохад овард.
аз Аллох Таоло ба Зайд Саид сабри чам л хохонам

Iftikhor, tashakkur, haqiqatro navishti. Ba fikri shumo chi boyad kard ki Zayd Saidov ba ozodi baroyad?
Man khudam ZS-ro nameshinosam va namedonam vay chi kor kardaast, chi qadar mablag dorad va chi qadar zan dorad va in mablagro az kujo ovardaast, lekin gap dar in jo dar borai voloiyati qonun dar har davru zamon, huquqi inson va arzishyoi insoni meravad. Mumkin ZS dar guzashta dar vaqti dar qudrat budanash yagon qonunvaironkuni kardast, ammo in masalai digar ast va man dar borai in yagon malumot ham nadoram va harf ham namezanam.
Ba fikri man, avval, ZS ba ozodi namebaroyad to on ruze ki in hukumat hukmron ast, chunki baroi hukumatdoron az khudi president sar karda to raishoi nohiyaho az duzdivu goratgariho memonand va dar gami mardumi bechora nestand. Duvumash in, ki agarchi tojik ham bosham va har yak tojik boyad haqiqatro biguyad, tafakkur va fahmishi mo bisyor past ast ki sabab shudast ki dar in holati past qaror dorem. vale az yak taraf in aybi mardum nest ba fikri man, chunki hukumati felii Tojikiston mardumro ba in holat ovardast (bo istifoda az zurovari az tarafi maqomoti daxldor va pulic. misoli odi dar mavzui pesh az intikhoboti ki mardumro ba har guna tarsonda majbur kardand ki ba nomzadi rahbari kununi ovoz dihand). Sevum dar shroiti hozirai Tojikiston agar ovoz baland kuni, giriftori taqdiri ZS meshavi va yagon kas ba holi shumo namerasad (chi xele ki shumo dar maqolai xudaton qaid karded ki dustoni jonii ZS dustoni noni shudand). Ba fikram mumkin boshad ki bazei onho az in qaziyai ZS anduhgin shudand, lekin medonand ki onho ham zindoni meshanvand.
Man fikri shaxsii khudro doram, lekin mekhoham fikri digaronro bifahmam....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)