Бахшҳо
21 окт 2013 16:58Тоҷикистон / Акс / Видео

“Муллои ҷодугар”: Он зан маро маҷбур кард (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷик, ки давоми як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, имрӯз, 21-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ худро қисман айбдор донистааст. Ӯ дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муттаҳам мешавад.

Дар ин бора ба “Озодагон” Исмоил Давлатов, додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисикунандаи мурофиаи Иброҳимов хабар дода афзуд, айбдоршаванда худро қисман айбдор донист. Иброҳимов гуфтааст, он наворе, ки ахиран дар расонаҳо пахш гардидааст, он хонум ӯро маҷбур кардааст, ки ба амалҳои шаҳвонӣ даст занад. Додраси парванда гуфт, дар мурофиа ба сифати ҷабрдида як зан ва се шоҳид иштирок доштанд.

Давлатов таъкид намуд, ки эълони ҳукми додгоҳ нисбати Иброҳимов то рӯзи чоршанбеи 23-юми октябр ба таъхир андохта шуд.

Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонӣ, ки тайи як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дорад. Масъулони додгоҳи Сино дар суҳбат бо “Озодагон” паси дарҳои баста сурат гирифтани ин парвандаро ба он рабт доданд, ки гӯиё ҷабрдида намехостааст, ном ва симояш ошкор шавад. Ҳатто маъмурони пулис, ки дар саҳни ҳавлии Додгоҳи ноҳияи Сино буданд, нагузоштанд, хабарнигорон худи Асадулло Иброҳимовро низ аксбардорӣ кунанд.



Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист. Аммо наздикони Асадулло Иброҳимов, ӯро бегуноҳ медонанд ва баръакс худи он хонумонро муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
Аскар
Кормандони Озодагон, хохишмандам инро рухони унвон надихед. У чодугаре беш нест.

сафар
кандата зан домулло домулогиам зеби ту дора зеро домуллохо агар чи накунанд хам туматашон мекунанд як мулло як ифлоси кард ин худозадахо ба сахми хама мерасонанд ки ин муллора бинеда,аммо як бор ба кучахо назар намекунанд ошкор мансабдорон чихо мекунанд вале хама хомуш чаро?намедонам

Аҳмад
Ин ҷодугар ягон тағаи калон дорад ки тоҳол дар озодист ягон муллои ҳақиқи мешуд ва бетаға дар роҳ онро то суд нобурда гов суд мекардан ва ками кам то 5 сол зиндон мекардан ин ҷодугарро бояд зиндон кунан то ин ки мардуми мусалмон ором зиндаги кунан

Озодагон шарм намедорен чунин навори бемаъниро мемонед.

са ид
ин муло нест ин як фосики хаст ира чояш дар зиндон

Шахрванд
боз чи хел бегунох будаст чизе, ки аён аст ошкоро хамаи хамин корхоро мекунад, боз шайтони лаъин мегуяд ин зан маро мачбур кард ту агар аз ислом хабардор мебуди ба ин амал даст намезади вой бар холи ту....

Зан
Шахрванд,
Ман фикр мекунам ки худи зан гунахгор аст.Агар зан нахохад касе наметавонад ба у даст дароз кунад.Агар вай чодугар ба васвасаи шайтон даромада бошад пас зан ба васвасаи ки даромад.Магар он корхое ки ба у кард наметавонисти ки нагузора .Сад дар сад метавонист.Худаш хост ки ба у чунин рафторро раво бинад









\\

Воизон ки-н чилва дар мехробу минбар мекунанд.
Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд,
Мушкиле дорам зи донишманди мачлис боз пурс.
Тавба фармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

кимматгул
Зан,
Шумо дуруст кайд кардед.Дар хакикат ин зан худаш айдор мебошад. Номи хамаи занхора бадном кард.Бояд уро низ чазо диханд.

Хакикатпараст
Ин гуна муллохои чодугарро ба чавобгарии сахти чинояти бояд кашид ва мурофиаи судии онхоро дар телевизион нишон бояд дод.
Занхое, ки ба назди ин гуна муллохо рафтаанд, онхоро низ аз чавобгари озод набояд кард. Ба таври маъмури аз онхо чарима бояд ситонд.

Эй ноинсоф шарм дор, ки номи домуллогира дори. Бо як амаи ношоистааст номи тамом домуллохора паст зади. хайфи ту.

zanhoe ki baroi jodugari peshi muloho meravand in toifa zanhovu duxtarho xudashon roziand ba in xel korho.

Магар суди ЧТ ба ихел шахси ифлос чора наандешида бошада? Ихел муллора хукми парон додан даркор! Ин мулло муллои чодугар не ин мулло муллои худо зада мебошад. Магар ин мулло зан надорад чи хаминхел кори харомро кардас? Зан дошта бошад чаро зани худро фикр накард?

Фармасеп
Хардуяш гунахгор

nekem iram fikr kun en duwmanoi islomam bisera ma fikr mekunum aebi dukhtaray ykumush zanu mard ykjo shavand 3-ymi ino shaeton meshava

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)