Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:39

Видео: Легионери эронӣ дар сархати нишонзанҳои қаҳрамонии Тоҷикистон

21 октябр 2013, 17:24

Ибодуллоҳи ТОҲИР

Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Мусобиқоти қаҳрамонии имсолаи футболи Тоҷикистон 11 гол задааст ва дар сархати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот қарор дорад.

Ин легионери эронӣ ду голи охири худро дар бозии даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар дидор бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба ҳадаф расонидааст.



Ҳусейни Сӯҳробӣ чор моҳ қабл аз тими “Хайр”-и Ваҳдат ба дастаи “Истиқлол” гузашта буд. Вай дар давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, ки дар ҳайати дастаи “Хайр” бозӣ мекард, 7 гол зада буд. Ӯ то замони ба дастаи “Хайр” гузаштанаш дар тими “Нафти Теҳрон”-и Эрон бозӣ мекард.

Ҳусейни Сӯҳробӣ 26 сол дошта, қадаш 1-метру 85 сантиметр, вазнаш 82 кило мебошад. Ӯ аксарияти голҳои задаашро бо сар вориди дарвоза кардааст. Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот пас аз Ҳусейни Сӯҳробӣ ҳамдастааш- Дилшод Восиев бо - 7 тӯб дар зинаи дуюм аст. Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов (“Истиқлол”) ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) - 5-тӯбӣ задаанд.

Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе бо Ҳусейни Сӯҳробӣ то охири мавсим шартнома бастааст ва тамдиди ин қарордод боз барои се соли дигар дар назар дошта шудааст.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанберо соли 2007 Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон, президенти феълии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъсис дода буд. Дастаи "Истиқлол" ду сол пайи ҳам (2010 ва 2011) қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуда буд, вале соли гузашта дар бозии ниҳоии Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон аз тими "Равшан"-и Кӯлоб шикаст хӯрда, натавонист, ки барои бори сеюм унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистонро соҳиб шавад. Аммо барои тими “Равшан” барои аввалин бор буд, ки унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Дар Мусобиқоти қаҳрамонии имсола бошад дастаи “Истиқлол” ҳам дар бозии хонагӣ ва ҳам дар бозии ҷавобӣ аз тими “Равшан” бо ҳисоби якхелаи 1:0 шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ дар ҷадвали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон “Равшан” аз 11 пирӯзӣ ва як мусовӣ 34 имтиёз ба даст оварда, дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол”-и Душанбе, ки то имрӯз 13 бозӣ кардааст дар ду дидор шикаст хӯрда, дар 11 дидор пирӯз шудааст ва бо 33 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 123

  • 21 октябр 2013 20:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кадар бозингари хуб афсус ки дар ин даста мухлиси зиёд надорад зеби ин бозингар Равшани Кулоб аст

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!