Бахшҳо

Миллионери тоҷик: “Вақте дар Ватан қадр надорем, чаро аз бегонагон менолем?”

Саттор Саидов, маъруф ба “Стас”, миллионери тоҷик, ки тайи тақрибан 13 соли охир дар Русия кору зиндагӣ мекунад, гуфта, ки аз муҳаббати зиёдаш нисбат ба ватан мехоҳад, дар Испания як “Тоҷикистони хурд” бунёд намояд. Вай дар ин бора дар сӯҳбаташ бо хабарнигори маҷаллаи “Элита” хабар додааст.

Оқои Саидов гуфтааст, “дар яке аз минтақаҳои Испания, ки аз нигоҳи шарту шароити иқлимӣ ба Тоҷикистон монандӣ дорад, иҷоза гирифтам, то як деҳаи сирф тоҷикӣ бунёд намоям. Ин деҳа ҳамчун маҳҳалаи сайёҳӣ бунёд ёфта, дар он аслан ҳамватанони мо зиндагӣ хоҳанд кард, ки бо хоҷагии деҳқонӣ машғул мешаванд.”

Ин миллионери тоҷик, ки 37 сол дорад, зодаи шаҳри Душанбе буда, ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад. Ӯ соли 2000, баъд аз хатми Донишгоҳи политехникии пойтахт, маҷбур мешавад, ба хотири дарёфти қути пайвандонаш кишварро ба нияти кор дар Русия тарк кунад. Саттор Саидов аз тақрибан ду миллион муҳоҷири дигари тоҷик ба он фарқ мекунад, ки дар самти фаъолияти интихобкардаш зуд муваффақ шуда, дар як замони кӯтоҳ тавонистааст, чаҳор ширкатро дар қаламрави Русия соҳиб шавад, ки ҳудуди 700 нафар дар онҳо бо ҷои кор таъминанд. Яке аз ширкатҳои маъруфи Саидов, корхонаи “Созвездие”, марбут ба хадамоти коммуналӣ ба шумор меравад, ки аз он дар қатори ширкатҳои сегонаи бузургтарини коммуналии шаҳри Санкт-Петербург ном гирифта мешавад. Худи Саидов, ки дар суҳбат бо маҷаллаи “Элита” дар ин бора ибрози назар кардааст, мегӯяд, “албатта, соли аввали муҳоҷират бароям осон набуд, бахусус замоне ки бо яке аз ҳамтанони хеш қаҳвахонаеро таъсис додаму баъд аз чанд муддат, читавре мегӯянд, “кидат” шудам.”

Миллионери тоҷик: “Вақте дар Ватан қадр надорем, чаро аз бегонагон менолем?”Вале ба гуфтаи Саидов, даст надодан ба ноумедӣ ва талошҳои бардавомаш ба ӯ имкон додаанд, ки дубора дар як замони кутоҳ қомати хешро болотар бардорад. Ӯ мегӯяд, ин чаҳор ширкатро дар натиҷаи талошу заҳматҳои ҳалол ба даст овардааст: “Агар Рокфеллер гӯяд, ки ӯ метавонад дар бораи тамоми моликияташ ба ҷуз як миллиони аввал ҳисобот диҳад, пас ман метавонам, бо ифтихор ва камоли итминон гӯям, ки омодаам, барои ҳамаи дороиям ҳисобот диҳам.”

Дар мавриди аз байн рафтани қадру манзалати тоҷик дар хориҷ аз Тоҷикистон, ӯ бар ин аст, ки ҳалли ин мушкилотро бояд дар дохили ватани худ ҷуст: “Замони дар Душанбе ҳузур доштанам, маро ниёзе пеш омад, то ба чанд муассисаву корхонаи давлатӣ сар бизанам ва дар ин муддат мушоҳида кардам, ки чи тавр афроди мансабдор бо мардуми одӣ бархӯрди зишту муносибати баде доранд ва ба хулосае расидам, ки агар мо дар дохили ватан-хонаи худ ба ҳамдигар чунин эҳтиром қоил бошем, пас, чи тавр метавонем, беҳтар аз онро аз бегонагон, бахусус дар хориҷ аз Тоҷикистон талаб кунем.”

Саттор Саидов мегӯяд, омодааст, тамоми сармояи худро ба ватанаш бахшад. Аммо вай мегӯяд, танҳо ба шарте ин корро анҷом медиҳад, ки мутмаин бошад, то заррае ин амалаш вазъиятро дар Тоҷикистон тағйир медиҳад.

Миллионери тоҷик мегӯяд, ҳарчанд тӯли 13 сол мешавад, берун аз Тоҷикистон ба сар мебараду бо зани рус оиладор аст, барои ӯ фарҳанг ва русуми миллии тоҷикон мақоми хосса дорад. Ӯ дар ин бора мисолеро зикр менамояд, “рӯзе духтарчаи 8-солаам-Тахмина омаду ба ман гуфт, мехоҳам, мисли дугонаҳоям, ки дар гарданашон нишони салиб овезон аст, расми моҳи нимаро овезон карда, вориди масҷид шавам...”

Саттор Саидов, яке аз миллионерҳои тоҷик дар Русия, бо Михаил Прохоров, сарватманди шинохтаи рус ҳамнишинӣ дошта, аз дӯстони наздики писари хурдии Муаммар Қаззофӣ будааст. Вай мегӯяд, аз муҳббати зиёде, ки ба Қаззофӣ дошт, то ҳол болои яке аз мошинҳояшро акси ӯ зеб медиҳад.
Мӯҳр
Дипломи беарзиш
“Замони дар Душанбе ҳузур доштанам, маро ниёзе пеш омад, то ба чанд муассисаву корхонаи давлатӣ сар бизанам ва дар ин муддат мушоҳида кардам, ки чи тавр афроди мансабдор бо мардуми одӣ бархӯрди зишту муносибати баде доранд ва ба хулосае расидам, ки агар мо дар дохили ватан-хонаи худ ба ҳамдигар чунин эҳтиром қоил бошем, пас, чи тавр метавонем, беҳтар аз онро аз бегонагон, бахусус дар хориҷ аз Тоҷикистон талаб кунем.”
Сад дар сад рози хастам. Инро ман хам тачриба кардаам. Барои дарёфти кор ба идорае рави, ба ту чунон бо назари нафрат менигаранд, ки гуё барои кабзи чонашон омада боши. Чун огах шаванд, ки географияат мутобик нест, 4 тарафт кибла мегуянд. Бисёр даво-дав кардаам, билохира ноумед шудам, аммо як чизро барои худ кашф кардам, ки чи афроди бесалохияту махалчие сари кор хастанд. Аз инчост, ки 1-и точик 2 намешавад!

Огои Саидов ба шумо аз ин хам баланд муваффакиятро дар сохаи тичорат таманно мекунам. Бо шумо сухбат оростанием. Мо аз мачаллаи Лотус. Мачалла, мачаллаи сайёхи. Сурогаи шумо?

Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Хар-ончи кард ба Ман,он ошно кард...

муслима питер
Бародар Саттор Худованд Шуморо сарбаланд намояд ва аз Шумо зиед хохиш дорам ба точикистон ба хотири тичорат хеч вакт набияед чун ки шояд мисли Зайд Саидов шавед яъне ватани мо точирони аслро намепарварад танхо дуздону фасодхоро дар бари худ чой медихад боки саломат бошед.....

Садриддин
БА ШУМО БАРОРУ ТАВФИК МЕХОХАМ

Мухаммад
Адресота те бародар морам мерем катит Испания ))

ҳамватан
Цитата: Нилуфар
Бародар

Бародар адреста нате ки парвандаҳои қалобӣ, молиётӣ, дуздӣ, таҳти назари девонаона будан, таҷовуз ба зани 70 сола ки соли 2009 14 сола будааст ва... омода аст фақат ҷои ном ва фмилия холӣ аст!!!!!!!!!!!!!!!!
рашке ки доран ин аст ки ҳама чиз ва ҳама қудрату шуҳратро бояд фақат як хонавода дошта бошад! як тоҷики мувафақ ва сармоядорро ҳеҷгоҳ таҳамул намекуанд

хамватан
салом алайкум!

Бародархои гамхори зиёд дорем дар хорича аммо афсус ки дар зери бори нангу номуси зиндаги мемурем барои талоши як бурида нон мисли саг ки сохибаша барои як бурида нон сохиби мекунад лекин мо инсон хастем як бор ба дунё меоему бояд нишоне аз чавонмаарди дошта бошем факат охирин силох мондаст ки хаминам ДУО хаст шабу руз дуо кунед ки Аллох начит дихад мову Шумора аз варта Омин Омин!

Салом бародари азиз бисер хушхолам як точик тавонистаст худро дар он чомеьа муарифи кунад ва бо боварии тамом аз худ дифо мекунад,боз хурсандиовар аст ки хатмкунандаи институти техники хасти,ман хам чанд сол дар ин даргох бо нарзиев бахтиер дарс гуфтем холо дар такупуи овардани охан барои сохту соз хастем ва мехохем кори худро рохандози кунем,

кулоби
Хамин Зайд Саидро хукумат ба чи хол овард ки Точикистонро орзу мекуни ??? Хамун русхо аз бисьере хукуматдорони мо мусулмонтаранд.

Шафран
Худованд ба Шумо баракати аз ин хам зиёдро ато гардонад

Худованд ба Шумо баракати аз ин хам зиёдро ато гардонад

ИН ОДАМ КАТИ МО КОР КАРДЕМ ИН ОДАМКАТИ БИСЕР КОР КАРДАН ДУШВОР АСТ. МАОША ПАНЧ МОХ ДА ЯК БОР МЕГИРИ А РУСО ХАР МОХ МЕГИРАН ПЕШ АЗ ХАМИН ОДАМ ЯК РУС ДИРЕКТОРИ ЖКХ БУД ХАР МОХ САРИ ВАКТ МАОША МЕГИРФТЕМ САТОР ОМАД ТАМОМ КОР МУРД

Шер
Огои Саидов хешу таборатро нигохубин намо бас аст. Пул дори, мол дори, Португалия месози ба мо чи?
Чунин миллионерхо хазорон нафар. Аз шумо аз падару модар ва ватанатон дида арусхоятон болотар аст. Ба хамонхо тилову хона харед кифоя.
Вохима кадред ноки.

Dev
Bravo barodar ! Halolat bod !Az sidki dil muvaffakiyatu burdborihoi zijod mehoham !

Ватан чое, ки озораш набошад,
Касеро бар касе кораш набошад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)